Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё аз дасти падар ба писар гузаштани ҳукумат дуруст аст? ВИДЕО


Дар акс: Шокирҷон Ҳакимов, Мирзонабии Холиқзод ва Саидҷаъфар Усмонзода
Дар акс: Шокирҷон Ҳакимов, Мирзонабии Холиқзод ва Саидҷаъфар Усмонзода

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар аввали моҳи апрел Илҳом Алиев, раҳбари Озарбойҷонро мизбонӣ кард, ки ҳукуматро аз падараш мерос гирифтааст. Қарор буд, Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон ҳам дар ин моҳ ба Душанбе сафар кунад, аммо ба сабаби даргузашти модарбузургаш ба таъхир уфтод. Ӯ низ чанде пеш ба курсии президентии падараш нишаст. Ҳоло Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон, ки амалан шахси дувуми кишвар аст, аз ҷониби баъзе расона ва шореҳон вориси курсии падар шумурда мешавад. Оё ин як амали қонунӣ ва демократӣ аст ва чӣ пайомад дошта метавонад?

Суҳбати барномаи “Гапи Озод” дар ҳамин бора аст. Меҳмонони мо: Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби демократ ва Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатшинос ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон.

АЗ ҶУМҲУРӢ БА НИЗОМИ ПОДШОҲӢ?

Радиои Озодӣ: Гузаштани ҳокимият аз падар ба писар сулоласозӣ ё низоми подшоҳӣ нест?

Саидҷаъфар Усмонзода: “Бубинед, қонунгузории Тоҷикистон барои ҳар фард, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ҳуқуқ додааст, ки дар интихобот номзад пешниҳод кунанд. Ҳанӯз аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, шахсан президент ва ё ҳукумат ягон иқдоме ё эълоне нест, ки барои президентӣ номзадии Рустами Эмомалӣ пешниҳод мешавад. Агар ҲХДТ номзадии Рустами Эмомалиро пешниҳод ҳам кунад, қонунгузорӣ ягон маҳдудият ҷорӣ накардааст. Чун қонунгузорӣ мухолиф нест, албатта, мардум ҳақ доранд, пешгӯӣ кунанд, таҳлил кунанд. Мутобиқи қонунҳои Тоҷикистон ягон маҳдудият нест. Агар гап сари шахсият равад, ин суоли алоҳида аст, ки метавонем баҳс кунем.”

Радиои Озодӣ: Шокирҷон Ҳакимов, назари шумо дар бораи ин шеваи давлатдорӣ ва давлатсозӣ чист?

Фоҷиаи миллат аст, агар дар атрофи як нафар ё як хонавода гап занем. Гуё ки фақат ин хонавода ва ин нафар, ки духтар ё фарзанди фалонӣ аст, имкони бештари раиси ҷумҳур шуданро дораду дигарон не.
Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов: “Бояд таъкид намуд, ки шакли идораи давлати Тоҷикистон ҷумҳурӣ аст, на монархияи мутлақ ва на монархияи маҳдуд. Яке аз стратегияҳои давлатдорие, ки тарзу усули ҷумҳуриро эътироф намудааст, бо дарназардошти раъй ва иродаи мардум дар замони муқарраршуда баргузор намудани интихобот мебошад. Интихобот ҳамзамон бояд мутобиқ ба санадҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ бошад, одилона ва ҷойгиршавии нерӯҳои сиёсиро дар кишвар ифода кунад. Афкори ҷамъиятиро низ. Аммо бархилофи фалсафаи шакли идораи ҷумҳурӣ боиси таассуф аст, ки баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ ва дигар давлатҳое, ки низоми сиёсии номукаммал доранд, ё режими сиёсиашон авторитарӣ, тоталитарӣ ё худкома, бо истифода аз усулҳои ғайримашруъ ба фарзандону наздиконашон ё ба онҳое, ки робитаи коррупсионӣ доранд, шароити мусоидро ҷиҳати ишғоли вазифа, мансаби президентӣ ба вуҷуд оварда, ба ҳамин васила иштироки шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат фавқулода маҳдуд мекунанд, ки пайомадҳои манфӣ доштааст.”

Радиои Озодӣ: Муҳтарам Ҳакимов, ҳамчун қонуншинос бигӯед, ки оё қонунҳои Тоҷикистон ба ин сенария иҷозат медиҳанд, ки ину он дар бораи меросу вориси Эмомалӣ Раҳмон баҳс кунанд?

Шокирҷон Ҳакимов: “Вақте сухан дар бораи қонун меравад, аз лиҳози назарияи ҳуқуқ қонунҳои ҳуқуқӣ ва ғайриҳуқуқӣ ҳаст. Аммо ба таҷрибаи кишварҳои худкома мутаваҷҷеҳ шавед, чун бештар ё аксари мутлақи порлумон ба намояндагӣ аз як ҳизб тариқи мувофиқа бо мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ интихоб мешавад, ифодакунанда ва инъикосгари иродаи сиёсии нафаре мебошад, ки дар қудрат мақоми аввалро дорад. Аз ин рӯ, чунин қонунҳо моҳиятан ба конститутсионализм ва парламентаризм ва дар усул ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳдудият оварда, фаъолияти низоми илму маорифро низ маҳдуд мекунад. Ба тамоми риштаҳои муносибатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъсири манфӣ мерасонад... Аз ин рӯ, чунин низомҳо номукаммал буда, чун қоида дар инҷо коррупсия ва тарзу усули феодалӣ ё асримиёнагӣ ба фарҳанги сиёсӣ табдил шудааст ва ҷалби сармояи хориҷиро низ халалдор мекунад.”

ДЕМОКРАТИЯИ “ХУДӢ” ВА “БЕГОНА”

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Саидҷаъфар Усмонзода, бовар доред, ки агар роҳи интихобот пеш гирифта шавад, ҳамаи номзадҳо ҳуқуқ ва тавони баробар хоҳанд дошт?

Мо наметавонем, ба мисли фаронсавиҳо, англисҳо ва мардуми Олмон зиндагӣ кунем. Ин чизро омехта накунем. Ҳаваси зиёд кардан даркор нест.
Саидҷаъфар Усмонзода

Саидҷаъфар Усмонзода: “Аз паҳлӯҳои гуногун бояд нигоҳ кунем. Назаре, ки устод иброз карданд, назария аст. Мо дар давлате зиндагӣ мекунем, ки дуруст аст, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона аст, аммо мо мардуми мусулмон ҳастем. Ва он қадар соле нагузаштааст аз ҷанги шаҳрвандӣ, муносибатҳои байниқавмӣ, авлодӣ ва минтақавӣ. Мардуми Тоҷикистон дар давраи гузариш ба арзишҳои демократӣ қарор доранд. Давлат ва мардум дар давраи гузариш ҳастанд. Мардум дар давраи мутобиқшавӣ ба ин арзишҳо ҳастанд. Албатта, ҳар ҳизби ҳукмрон ва ҳар касе, ки сари қудрат омадааст, ҳақ дорад, ки бештар дар порлумон ва ҳукумат нуфуз гирад. Президент касе ки нашавад, ҳизби ӯ дар идораи давлат бештар иштирок мекунад. Дигар инки дар дунёи имрӯза мо бо арзишҳои Англия, Франсия ва Америка мо зиндагӣ карда наметавонем. Бояд ин китобҳоро каме як тараф монем. Бояд бо воқеиятҳо, имкониятҳои мавҷуд зиндагӣ кунем. Дуруст аст, ки ҳама ҳақ дорад, ҳизбҳои сиёсӣ, Рустами Эмомалӣ, ҷаноби президент. Дигар инки саломатии ҳоло ҷаноби президент хуб аст, то соли 2027 интихоб шудааст, бояд президент бошад. Ҳоло барвақт аст, ки дар ин бора гап занем. Давлат дар як зинаи рушд аст, иҷрои вазифаҳои худаш ҳаст. Суботу оромӣ таъмин аст. Камбудӣ дар ҳама ҷо ҳаст, мебинем, зина ба зина ислоҳ мешавад. Давлати мо ҳамин қадар иқтидор дорад. Дар як мавқеи ҷуғрофӣ, зери фишорҳои сиёсӣ аст. Аз ин зиёдашро дида наметавонам. Баъзе аз талабу ҳавасҳои зиёде, ки мекунем нисбат ба дигаргун кардани сохти давлатдорӣ, ҳоло барвақт аст. Мо дар як вазъияте ҳастем, ки метавонем бисёр чизҳоро аз даст бидиҳем. Бояд эҳтиёт кунем.”

Радиои Озодӣ: Оё ин поймол шудани ҳуқуқи дигарон нест? Конститутсияи Тоҷикистон ҳамаро дорои ҳаққу ҳуқуқи баробар медонад? Чаро масалан фарзанди шумо ё ҳар каси дигаре, ки заковату истеъдоди раҳбариро дошта бошад, натавонад, раиси ҷумҳур шавад?

Саидҷаъфар Усмонзода: “Биёед, ба Рустами Эмомалӣ муқоиса кунем. Шумо шахсан ӯро надидед, лаёқату сифатҳои инсонӣ ва роҳбарии ӯро намедонед. На фарзанди шумо ва на фарзанди ман ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллиро идора карда наметавонад. Идораи шаҳр ҳам осон нест. Ҳар кас инро карда наметавонад. Дар ҷомаеи мо исломгароӣ бисёр боло рафтааст. Маҳалпарастӣ, қавмпарастӣ ва минтақҷудоӣ решакан нест. Барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ бояд ҳизбе ё гуруҳе бошад, ки давлатро идора кунад. Манфиатҳои миллиро пеш аз ҳама болотар гузорад.”

Радиои Озодӣ: Шокирҷон Ҳакимов, агар содда бингарем, аз дасти як узви хонавода ба дасти узви дигари хонавода гузаштани ҳукумати як кишвари 10 миллионнафарӣ мисли хусусӣ кардани ҳукумат ва ё он кишвар ба назар мерасад? Оё ин ба суйи тараққиёт мебарад кишварро ё баръакс?

Шокирҷон Ҳакимов: “Дар 30 соли истиқлол як таҷрибаи хеле бад шудааст ва ба анъана ва одати муошират ва муносибат табдил ёфтааст, ки хуб нест. Барои як замони маҳдуд як нафарро мегирем, дар чанд мансаб таъин мекунем ва ба таври сунъӣ аз ӯ одами боистеъдод, кадри болаёқат, донимшанд ва босалоиҳят месозем. Ин нодуруст аст. Ман даҳҳо нафарро номбар карда метавонам, ки натанҳо дар мақоми Рустами Эмомалӣ, инчунин, вазирҳо, раисони вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва низоми Академияи илмҳо бештару беҳтар ва ба манфиати миллат хидмат карда метавонанд. Падида ва зуҳуроти номатлуб ба мисли коррупсия ва авлодбозӣ ва қавмгароӣ монеъ шудааст. Ва вазифаи онҳое, ки огоҳу бедоранд, кам бошанд ҳам, бояд миллатро аз паси худ ба ормонҳои миллӣ дар доираи Конститутсия расонанд. Ба онҳо бояд мутаваҷҷеҳ шавем. Ин аввал аст. Дувум, тавре ки илм ва таҷрибаи сиёсӣ исбот мекунад, вақте узви як хонавода вориси раҳбар мешавад, чунин давлатҳоро номбар кардан мумкин аст, ки ҳеч вақт муваффақ набудааст. На дар иқтисод ва на дар сиёсат ва илм низ пешравӣ надорад. Чун сиёсати кадрӣ ғалат аст, шахспарастӣ вуҷуд дорад, мегӯем, ки ҷомеа тайёр нест. Ман дар ягон санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конститутсия ибораи давраи гузаришро нахондам. Яъне трансформатсия. Ман дар ҳеч ҷо надидам, ки демократия маҳдуд бошад ё ғарбиву шарқӣ. Қонунҳои мо воқеияти Тоҷикистонро ифода мекунанд. Фақат иродаи сиёсӣ лозим аст, ки он тадриҷан амалӣ шавад. Гап дар бораи шахсияти Рустами Эмомалӣ намеравад. Сухан дар бораи усул ва муносибат ба кадрҳо меравад.”

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Саидфаъфар Усмонзода, шумо ба ин ҳарфҳо чӣ посух доред?

Саидҷаъфар Усмонзода: “Ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки ибрози назар кунад. Устод гуфтанд, ки демократия ғарбиву дигар намешавад. Ахлоқи зиндагии мо исломӣ аст, тарзи кори мо, зиндагии мо, фикрронӣ ва корбарии мо тағйир меёбад. Мо наметавонем, ба мисли фаронсавиҳо, англисҳо ва мардуми Олмон зиндагӣ кунем. Ин чизро омехта накунем. Ҳаваси зиёд кардан даркор нест. Ба мисли кӯдак инро меқапем, онро меқапем. Мегӯем, самолетро деҳ, меронам. Намешавад. Протсес даркор аст. Мо роҳу равиши давлатдориро интихоб кардем, вале ҷомеаи мо ҳанӯз омода нест. Ҷомеаи мо пурра аз арзишҳои демократӣ пуштибонӣ мекунад? Не. Дар ин ҷо мушкилот ҳаст. Қавмгароӣ мегӯянд, қавмгароӣ дар ҳама ҷо ҳаст. Идораи давлат онро зина ба зина ҷобаҷо мекунад. Дар тамоми вазоратҳо ҳама фарзандони президент аст? Не, охир, аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва дар тамоми сатҳ пур аст. Мо дар порлумон ҳастем, меоянд, мебинем. Мо намебинем, ки аксарият аз Данғараву Фархор бошад. Баръакс, як бор гиред, ба даст ҳисоб кунед. Ин хел баҳо додан нодуруст аст. Мардум нодуруст мефаҳмад. Баъзеҳо ба сабаби камии маош Тоҷикистонро тарк мекунанд. Ҳақ доранд. Буҷаи мо ҳамин қадар имкон дорад. Бо ҳамин маош бояд зиндагӣ кунем. Мо давлат сохта истодаем, аз сифр.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Оё аз дасти падар ба писар гузаштани ҳукумат дуруст аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:39:24 0:00

“БО ГАЛСТУК ВА ШЛЯПА ҲУКУМАТ ХУБ НАМЕШАВАД”

Радиои Озодӣ: Вале бояд инро ҳам бигӯем, ки расми аз дасти падар ба писар гузаштани ҳукумат дар дигар кишварҳои ҷаҳон дида шудааст, дар 9 кишвари Африқо ин корро кардаанд, дар Куриёи Ҷанубӣ ҳам ва ҳатто дар Амрико, ки албатта онҷо аз роҳи интихоботи озоду демократӣ сурат гирифтааст. Аммо дар бораи кишварҳое, ки расму русуми демократӣ надоранд, инро мегӯянд, ки ҳокимон фақат барои ҳифзу сарвату моликияте, ки ба даст овардаанд, қудратро ба як фарди наздик ё аз аҳли оила медиҳанд. Назари шумо дар ин бора чист?

Шокирҷон Ҳакимов: “Ман намехоҳам, ки бо хислат ва ё характеристикаи ҷомеаи исломӣ доштани давлатдории Тоҷикистон усули идораро баррасӣ кунем. Нуқтаи назари ман ва заминааш Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ аст. Мардуми рӯшанфикру огоҳу бедори Тоҷикистон ҷонибдори шакли идораи ҷумҳурӣ ва нигоҳ доштани моҳияти асосҳои сохти конститутсионӣ, яъне демократия, дунвяият, иҷтимоӣ ва ягона ҳастанд. Дар ин хусус ягон шакку шубҳа набошад. Вале ман ва доираҳои муайяни шаҳрвандон, ки ҷуръати гуфтанро доранд, чунки масъулияти шаҳрвандӣ онҳоро водор мекунад, ҳассос ҳастанд. Фақат бо тактика ва баъзе масъалаҳое, ки ба воқеияти давлатдорӣ ҳамчун падида ва зуҳуроти номатлуб ташаккул меёбад ва дар зеҳни мардум ҷой мешавад, онро пешгирӣ кардан аст. Аз ин хотир, агар дар Конститутсия ва қонунгузорӣ меъёр ҳаст, аз нуқтаи назари фалсафаи ҳуқуқ ва риояи рӯҳияи қонун амалӣ шавад. Ягон баҳона боиси он нашавад, ки имконияти иштиркои озодро дар интихоботи одилона халалдор кунад. Ва ман ҳеч тасаввур намекунам, ки интеллектуалҳои Тоҷикистон кӯшиши барҳам додани Тоҷикистонро доранд. Ё онро ба Узбекистон пайваст карданӣ ва ё Шӯравиро барқарор карданӣ. Ё ягон давлати динӣ бунёд карданӣ бошанд. Ин ҳамааш манипулятсия аст. Ин асос надорад. Дувум. Дуруст аст, шаклан гуё намояндаҳо аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон дар зинаҳои гуногуни давлатдорӣ ҳастанд, вале на онҳое, ки шоиста, донишманд ҳастанду масъулият доранд ва ҷавонмард мебошанд. Онҳоеро, ки бо ҳам робитаи авлодӣ доранд, ё ҳамсабақ ҳастанд, ё қудо ҳастанд, ҷалб кардан, галстук бастан ва шляпа пӯшондан ҳайати ҳукумат хуб намешавад ва давлат обрӯ намегирад. Мавзуъ ин аст. Ҳар лаҳза мо бояд дар бораи демократия ва муаммоҳои демократия ва мушкилоту иллатҳои давлатсозӣ гап занем, то ки ислоҳ шавад. Ва масъулони марбутаи давлат гӯши шунаво дошта бошанд, то сифати зиндагии мардум беҳтар шавад, шиорпартоиҳо камтар. Заминааш интихоботи одилона аст. Вале мо ба таври сунъӣ шахсиятсозӣ мекунем, кадрҳоро месозем... Ва миёни чандин кадри бақувватро шикастем. Инро ҳама медонад.”

Радиои Озодӣ: Ба ин чӣ мегӯед, ки манзур аз нигаҳ доштани қудрат дар дасти як узви оила бо ҳадафи ҳифзи сарвату моликият ва имконоте аст, ки дар солҳои ҳукуматдорӣ ҷамъ овардаанд?

Шокирҷон Ҳакимов: “Ман комилан мувофиқам. Вақте мушоҳида мекунед, агар дилашон ба давлат сӯзад, онҳо бояд қонунҳои мукаммалро қабул кунанд, санадҳоеро қабул кунанд, ки заминаи рушди устувори давлатдорӣ бошад ва дар ташаккули афкори сиёсӣ афзалияту авлавияти стратегияи давлатдории демократии дунявиро ҷо кунад. Аммо вақте мебинем, ки мансаб ин асоси доротар шудан, суистифода аз имтиёзҳои давлат, заминагузорӣ барои ривоҷи муносибатҳои коррупсионӣ аст, бояд табдирҳо андешида шавад. Аммо ин гапҳо бояд дар сатҳҳои мақомоти давлатӣ, ҷамоатҳо, маҷлиси вакилони халқи вилояту шаҳру ноҳияҳо, порлумони кишвар гуфта шаванд, то ки эътирозҳо дар шакли гуногун ва дар кӯча гуфта нашавад. Ҳеч кас ҷонибдори муташанниҷ шудани авзои иҷтимоиву сиёсӣ нест. Ва ҳар касе чунин андеша дорад, хоин аст ва душмани миллат. Аммо ҳар рӯшанфикре, ки аз дарди дил ва рӯи хотири беҳтар шудани давлатдорӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани тарзи идораи он ва тағйири афкори байнулмилалӣ кӯшиш мекунанд, бояд эҳтиром қоил шавем, на инки онҳоро аз тамоми манбаъҳои зиндагияшон маҳрум кунем.”

“ТОҶИКИСТОНРО БОЯД ДИГАР КУНЕМ, ВАЛЕ...”

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Усмонзода шумо чӣ мегӯед?

Саидҷаъфар Усмонзода: “Чӣ гуна давлате, ки набошад ва агар нерӯи сиёсии бақувват набошад, ҷойгоҳ надошта бошад, наметавонад ба сари қудрат биояд. Ҳамоне меояд, ки дар рақобати сиёсӣ ва иқтисодӣ беҳтар аст, зӯртар аст. Бояд қоил шудан даркор. Ҳамкорӣ кардан даркор. Ҳар рӯз як камбудӣ кофтану ёфтан даркор нест. Ҳама камбудӣ дорад, шумо ҳам, ман ҳам. Вале механизми идоари давлат дар менталитети мардуми Осиёи Марказӣ характерҳои махсуси худро дорад, ки ба назар гирем. Бале, Тоҷикистонро бояд дигар кунем, вале дуртар бояд назар кунем. Шумо гуфтанӣ ҳастед, ки дар интихобот ба ҷуз ҷаноби Рустами Эмомалӣ касе иштирок намекунад? Дигар нафар аз Ҳизби халқӣ-демократӣ иштирок намекунад? Чаро фикр мекунед, ки ҲХДТ дар интихобот иштирок накунад? Кӣ ҳуқуқи ҷаноби Рустами Эмомалиро маҳдуд кардааст, ки дар интихобот ширкат наварзад? Ҳоло ӯ эълон накардааст. Ҳукумат нагуфтааст, президент нагуфтааст, касе пешниҳод накардааст. Дуруст аст, ки мегӯянд шахсиятҳои болаёқати зиёд ҳаст, вале мо дидем лаёқати баъзеҳоро диданд, минтақаро нигоҳ накарданд, монданд, вале маълум шуд, куллан ба хоинӣ даст мезананд. Истеъдоди илм дигар аст, пуштибонӣ аз манфиати миллӣ кори ҳар кас нест. Мо мағзи сари одамро рентген карда наметавонем, ки ӯ чӣ кор карда метавонад ва эҳтимол ба куҷо мебарад. Низоми имрӯза дар минтақа ва дунё Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст. Мо аз якҷо ба ҷое рафтем. Ҳаққи инсон муҳофизат карда мешавад. Тоҷикистон яке кишварҳои амн ҳам дар минтқаа ва ҳам дар дунё шинохта шудааст. На дар Олмон, на дар Арабистони Саудӣ ва Иморот надидам, ки бачаи синфи чор ё панҷ худаш танҳо соати даҳи шаб рафта хлеб ё ягон ширинӣ харад. Дар мо бисту чор соат духтарону бачаҳо мегарданд. Амният ҳаст, ин яке аз элементҳо аст. Камбудиҳо дар истеҳсолот, дар саноат, тарзи давлатдорӣ, дар идора, яъне иваз кардани кадрҳо шудан мегирад. Вале давлат ҳам ба фикру ақидаи мо гӯш медиҳад-ку. Баъзеҳоро танқид мекунем, истеъфояшонро талаб мекунем, ҳукумат ҳам гӯш медиҳад. Яъне, бояд аз рӯи ақлу савод, таҷриба ва имконият ва манфиатҳои миллӣ бояд пешниҳодҳои илман асоснокро ба ҳукумат кунем.”

Шокирҷон Ҳакимов: “Ду тезис ё нукта ҳаст. Аввалаш ин ки рақобат натанҳо дар муносибатҳои сиёсӣ, балки дар иқтисоду фарҳанг ва илм вуҷуд надорад. Дувум, агар вуҷуд медошт, новобаста аз ақидаи сиёсӣ, эътиқод ва мавқеи шаҳрвандӣ телевизион ва радиоҳои Тоҷикистон, ки ҳамаашон аз ҳисоби шаҳрвандон ва тариқи супурдани андоз нигоҳ дошта мешаванд, ба ингуна мавзуъҳо иҷозат медоданд. Ва рӯйхати онҳое намешуд, ки бархилофи Конститутсия чеҳраашон то замони интихобот набояд бошад, то ки шахсият нашаванд. Ин масъалаҳои иродаи сиёсӣ. Дигар. Ҳар нафаре, ки нияти роҳбар шудан дорад, дар ҳар сатҳе набошад, бояд холисона ва рӯи хотири манфиатҳои миллӣ ва дарназардошти воқеиятҳои муосир ва бархӯрд дар тамаддунҳо равад. Агар дар кирдору рафтораш зоҳиршавии аломатҳои ҷиноят бошад, аз маҳалгароӣ сар карда то коррупсия ва хоинӣ, бо риояи усули эҳтимолияти бегуноҳӣ мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва амният ба Суд муроҷиат кунанд ва суд баррасӣ кунад. Инки номзадҳои эҳтимолиро аллакай насанҷида, надида, ба онҳо вазифа бовар накарда душмани миллат ё маҳалгаро гуфтан ва тамға часпондан ғалат аст. Парламенти имрӯза наметавонад ифодагари ормонҳои тамоми қишри иҷтимоии Тоҷикистон бошад. Зеро ки натиҷаи интихоботи одилона нест. Интихоботҳо таҳти назорати Комиссияи марзказии интихобот, вале бо дастурҳои идораҳои дигар баргузор гардид. Ман ҳамчун номзад ва дигарҳо низ медонанд, ки бо ворид шудани панҷ-даҳ нафар рӯшанфикрҳои Тоҷикистон ба мисли Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Раҳматулло Зоиров ё дигарон фақат миллат обод мешавад. Ва бо шунидани эродҳо дар заминаи риояи одоби касбӣ қонунҳо боз ҳам мукаммалтар гаридда, устувор низ хоҳад шуд.”

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ТО КУҶО МАҲОРАТИ РАҲБАРӢ ДОРАД?

Радиои Озодӣ: Бигзарем ба шахсияту лоиқ будани меросбар. Инҷову онҷо мехонем, ки Рустами Эмомалӣ маҳорату истеъдоди кофӣ барои раҳбарӣ надорад, масалан аҳёнан суханрониаш дар назди мардум дида шудааст, ки инро барои ҳар раҳбаре фавқулода муҳим медонанд. Ҷаноби Шокирҷон Ҳакимов назари шуморо мехоҳем дар ин бора бидонем, ки то куҷо Рустами Эмомалӣ истеъдоду маҳорати раҳбариро дорост?

Шокирҷон Ҳакимов: “Ман кӯшиш мекунам, аниқу дақиқ гап занам. Ба шахсияту ҳувияти Рустами Эмомалӣ кор надорам. Вақте ки Рустами Эмомалӣ ва дигар кадрҳое, ки гуё нестдарҷаҳон ҳастанд, сатҳи дониш, маҳорати суханварӣ, қобилияти гуфтан, масъулиятшиносӣ, самимият дар муносибат бо мардум, заминаҳои дороияшон, тарзу услуби зиндагӣ, тарбияи фарзандҳояшонро бо худам ва худамбаринҳо қиёс мекунам, баъд баҳо медиҳам.”

Саидҷаъфар Усмонзода: “Сараввал. Ин шахсият дар оилаи президент калон шуд. Бубинед, дар онҷо маданияту ахлоқ ва тарзи оиладорӣ дигар аст, одӣ нест. Президент бо вазирон, мутахассисон гуфтушунид мекунад, гап мезанад. Дигар паҳлӯяш. Дар гумрук кор кард. Тамоми маблағҳое, ки дигар шахсони бонуфуз намесупориданд, ба тартиб даровард. Нуфузи Кумитаи кор бо ҷавононро дигар кард, хубтар кард. Дар ҳукумати шаҳр ҳам тағйироти зиёд ҳаст. Шумо шахсан Рустами Эмомалиро аз пеш надидед. Дар суҳбаташ набудед. Ман шахсан дар суҳбати ҳамин одам будам, бовар кунед, бисёр ҳалим, бисёр хоксор, бисёр батамкин аст. Нигоҳи баланд надорад. Гап намебурад, дод намезанад. Ягон виқор ё элементе надорад, ки шаъну шарафи одамро паст ё маҳдуд кунад. Дар ҳузури одам худашро бисёр озод ҳис мекунад. Бисёр нигоҳу суҳбати гарми одилона дорад. Ман ҳис накардам, ки ин одам бесавод аст. Ман аз дониши ҳамин шахсият эҳсос кардам, ки интеллекти баланд дорад. Агар Рустами Эмомалӣ президент шавад, як худаш танҳо давлатро идора намекунад. Мо вазир дорем, парламент дорем. Президент, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷабҳаҳои асосиро роҳбарӣ мекунад. Сохторҳои амниятӣ дорем. Ман барои ин гапам ҷавоб медиҳам. Аз наздик суҳбат кардам. Ин хел фарзанд, мутахассис, дар сатҳи идораи давлат бисёр кам аст. Бо чунин қудрат назарбаландӣ надорад.”

ПАЙОМАДИ “АГАР” ЧИСТ?

Радиои Озодӣ: Дар поёни барнома мехостем назари ҳардуи шуморо бидонем, ки то куҷо таҳвили қудрат ва ё гузаштани ҳукумат аз дасти падар ба писар, агар фарзӣ ҳам бошад, аз дасти Эмомалӣ Раҳмон ба дасти фарзандаш Рустами Эмомалӣ барои Тоҷикистон чӣ пайомадҳои ҷиддии сиёсӣ хоҳад дошт?

Саидҷаъфар Усмонзода: “Интиқоли қудрат аст ё агар касе аз ҳизбҳои сиёсӣ интихоб шавад, албатта, мардум интихоб мекунанд ва ҳолат муайян мекунад. Ё инки Рустами Эмомалӣ шавад, барои мо суботу оромӣ муҳим аст, ки интиқоли қудратро бояд оромона гузаронем. Табаддулот дар мо даркор нест. Дар ҷое, ки давлати Тоҷикистон ҷойгир шудааст, ягон хел ҳавасҳои аврупоиро санҷидан ё эксперимент карда наметавонем. Дар мо чунин имконият нест. Яке мехоҳад коммунистиро баргардонад, яке мегӯяд, давлати исломӣ бошад, яке мегӯяд, демократӣ бошад. Вале манфиатҳои миллӣ дар дӯши як давлат аст. Фақат сохтори ҳукумат як ҷинояткорро меёбад. Мулло намеёбад, коммунист намеёбад. Интиқоли қудрат хоҳ ба ҷаноби Рустами Эмомалӣ бошад, хоҳ аз ҳизби дигаре бояд ба таври муътадил анҷом шавад. Агар қудрат ба дасти Рустами Эмомалӣ ҳам интиқол ёбад, мо чизеро бой намедиҳем. Вале мехоҳем ё не, падар аз писар фарқият дорад.”

Шокирҷон Ҳакимов: “Ман ҳам ботаҳаммул ҳастам, дар оилаам ахлоқ, анъана ва урфу одатҳои миллӣ ва диниро риоя мекунам, чор фарзандам таҳсилоти олӣ доранд, яке доктори илм аст. Ман аз хоксории дурӯғини тоҷикӣ безор ҳастам. Аз ин хотир ошкоро суҳбат мекунам. Ба иззати нафси ҳеч кас расиданӣ нестам. Интихобот одилонаю озод бошад, кафолати амнияти номзад бошад, аз фардо эътиборан ба шахсиятҳои алоҳида ҳизбҳои сиёсӣ баҳсу мунозираро бо рияои одоби сиёсӣ диҳем, боварии комил дорам, ки бигзор Рустами Эмомалӣ интихоб шавад, шояд 51 фисад овоз гирад. Шояд 55. Лекин 98 ё 99 фоиз нагирад. Ва фоҷиаи миллат аст, агар дар атрофи як нафар ё як хонавода гап занем. Гуё ки фақат ин хонавода ва ин нафар, ки духтар ё фарзанди фалонӣ аст, имкони бештари раиси ҷумҳур шуданро дораду дигарон не.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG