Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барои худ, оила ва қудрат". Чаро Тоҷикистону ҳамсояҳояш Конститутсияро зуд-зуд дигар мекунанд?


Аз чап ба рост: Содир Ҷабборов (Жапаров), Қосимҷомарт Тоқаев, Шавкат Мирзиёев, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон
Аз чап ба рост: Содир Ҷабборов (Жапаров), Қосимҷомарт Тоқаев, Шавкат Мирзиёев, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсияи кишварҳои Осиёи Марказиро вобаста ба синну сол ё ивазшавии президентҳо зуд-зуд ислоҳ карда, аммо инро чун анъана ба "талаботи замону ҷомеа" пайванд медиҳанд. Биёед, бубинем, ки дар минтақа конститутсияҳоро чӣ гуна ба вазъи сиёсӣ ё хостҳои шахсӣ мувофиқ мекунанд.

Қазоқистон рӯзи 5-уми июни имсол барои тағйири Қонуни асосии худ раъйпурсии умумимиллӣ (референдум) баргузор кард. Дар ин бора панҷуми май фармони президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ба имзо расида буд. Тоқаев гуфт, ҳадафи ислоҳоти конститутсионии ӯ гузаштан аз як низоми "абарпрезидентӣ" ба низоми ҷумҳурии президентии дорои порлумони бонуфузу ҳукумати масъул аст.

ЧИРО "ИСЛОҲ" МЕКУНАНД?

Гуруҳи корӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Қазоқистон дар аввал гуфт, ки мақоми "асосгузори Қазоқистони мустақил", ки дар банди 91-уми Қонуни асосии он кишвар дарҷ шудааст, бетағйир мемонад. Ҳамин тариқ аъзои гуруҳ ба "нақши таърихӣ"-и президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев таваҷҷуҳ карданд.

Дертар баъзе аз аъзои он ба Шӯрои конститутсионӣ дубора пешниҳод карданд, ки "нақши таърихӣ"-и раисҷумҳури собиқ дар Қонуни асосии он кишвар дарҷ нашавад. Ба гуфтаи онҳо, "нақши таърихии Назарбоев барои ҳамаи мардуми Қазоқистон маълум аст ва ба сабт шудани он дар Конститутсияи нав ниёзе нест”.

Ислоҳи Констиутсияи Қазоқистон пас аз нооромиҳои моҳи январи соли равон роҳандозӣ мешавад, ки дар онҳо беш аз 230 кушта шуданд.

Қарор аст, ба 33 банди Конститутсияи Қазоқистон 56 тағйиру илова ворид карда шавад. Ҳамчунин бар асоси ин иловаҳо, 20 қонун дар Қазоқистон тағйир хоҳад ёфт. Тағйироти омодакардаи гуруҳи корӣ барқарорсозии додгоҳи конститутсиониро, ки соли 1995 барҳам дода шуда буд, пешбинӣ карда, узви сиёсӣ будани президентро манъ ва наздикону пайвандони ӯро аз ишғоли мансабҳои баланди сиёсӣ маҳрум мекунад. Ҳамчунин тағйирот дар ҳайату фаъолияти порлумон, низоми интихобот, сабтиноми аҳзоби сиёсии нав, манъи ҳукми қатл ва ҳуқуқ ба моликияти заминро талаб менамояд.

Бори дувум аст, ки Конститутсияи Қазоқистон дар давраи президентии Қосимҷомарт Тоқаев "ислоҳ" мешавад. Бори аввал моҳи марти соли 2019, замоне ки Нурсултон Назарбоев пеш аз анҷоми ваколатҳояш курсии раисҷумҳурии Қазоқистонро тарк кард, бо пешниҳоди Тоқаев, пойтахти он кишвар аз Остона ба Нурсултон табдили ном кард ва тағйироти дахлдор низ ба Қонуни асосӣ ворид гашт.

Қазоқистон Конститутсияи худро 28-уми январи соли 1993, баъди эълони истиқлолаш қабул кардааст. Ба қавли коршиносон, ҳарчанд он демократитар буд, дар солҳои 1995, 1998, 2007, 2011, 2017 ва 2019 тағйир дода шуд.

ҚИРҒИЗИСТОН

Охирин раъйпурсии умумӣ барои тағйири Конститутсия дар Осиёи Марказӣ як сол пеш дар Қирғизистон баргузор шуд. Тибқи натиҷаҳои расмии он, Қирғизистон аз низоми порлумонӣ ба низоми президентӣ гузашт.

Тарҳи нави Конститутсияи Қирғизистон, ки ба тавсеаи салоҳиятҳои раисиҷумҳур нигаронида шудааст, дар ҷомеа баҳсҳои тундеро ба миён овард. Бархеҳо онро "Хонститутсия" номиданд. Коршиносон дертар гуфтанд, таҳкими салоҳияти президенти Қирғизистон дар Конститутсия метавонад боиси ғасби қудрат дар оянда шавад.

Гуфта мешавад, дар Қирғизистон баъд аз тасвиби Конститутсияи нав раванди сиёсӣ нотамом монда, маҳдудияти озодии баён ва фишор болои мухолифон афзоиш ёфтааст.

ТОҶИКИСТОН

Қабл аз он, дар соли 2016, Конситутсияи Тоҷикистон иваз шуда буд. Дар он раъйпурсӣ дар Тоҷикистон синни номзад ба мақоми президентӣ аз 35 ба 30 поин оварда шуда, раисҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи иштирок дар интихоботҳои президентиро бидуни маҳдудият ба даст овард.

Писари ӯ Рустами Эмомалӣ, ки баъдан раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон шуд, соли 2017 ба синни 30 қадам гузошт. Коршиносон ин ислоҳоти конститутсиониро нишонаи омода кардани ворис дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Тағйирот ҳамчунин мафҳуми "ҳизби дорои хосияти динӣ"-ро аз Конститутсия берун намуд.

Қонуни асосии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994, ду сол пас аз эълони истиқлол, аммо ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози гуфтушуниди сулҳ қабул шуда, се дафъа "ислоҳ" шудааст.

УЗБЕКИСТОН

Баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон Конститутсияи он кишвар низ тағйир ёфт. Соли 2017 “бо мақсади таҷдиди сохтори судӣ” ва соли 2019 “бо баҳонаи демократисозии ҳукумат ва масъулиятҳои он” ба Қонуни асосии Узбекистон тағйирот ворид гашт.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев пас аз дубора интихоб шуданаш дар соли 2021 гуфт, “кишвар ба як ислоҳоти конститутсионии дигар ниёз дорад”. Конститутсияи кунунии ин кишвари сераҳолитарини пасошӯравӣ иҷозат намедиҳад, ки як шахс беш аз ду давра президент интихоб шавад.

Бояд гуфт, пас аз сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев матни Конститутсияи Узбекистон аз сомонаи расмии президенти он кишвар ҳазф карда шудааст.

ТУРКМАНИСТОН

Туркманистон 18-уми майи имсол Рӯзи Конститутсияи худро ҷашн мегирад. Тағйироте, ки соли 2020 ба Конститутсияи Туркманистон ворид карда шуд, нақши на раисҷумҳури кунунии ин кишвар, балки раисҷумҳури ҳамакнун собиқро муайян карда буд.

Бар асоси ин тағйирот, порлумони Туркманистон аз соли 2021 ба низоми дупалатаӣ гузашт. Собиқ “ниҳоди олии намояндагӣ – “Халқ маслаҳат” ба палатаи болоии порлумони Туркманистон табдил дода шуд ва тибқи қонунҳои Туркманистон, собиқ президентҳо узви якумрии палатаи болоии порлумон боқӣ хоҳанд монд.

Сардор Бердимуҳаммадов, писари раисҷумҳури пешини Туркманистон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов баъд аз ду соли тағйири Қонуни асосии он кишвар сари қудрат омад. Бердимуҳаммадови калонӣ, ки курсии раёсатҷумҳуриро барои писараш ба мерос гузошт, дар ҳоли ҳозир раиси “Халқ маслаҳат” мебошад.

ҚАЗОҚИСТОН

Зауреш Батталова
Зауреш Батталова

Раиси Бунёди рушди парламентаризм дар Қазоқистон, собиқ узви Сенат ва фаъоли ҷамъиятӣ Зауреш Батталова мегӯяд, ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия бидуни баҳси муфассал дар ҷомеа низ шитобкорӣ хоҳад буд.

"Конститутсияи Қазоқистонро соли 2007 ҳамагӣ дар 17 дақиқа “ислоҳ” карда буданд. Сипас бар асоси ин тағйирот, дар кишвар интихоботи порлумонӣ баргузор шуд ва танҳо як ҳизб соҳиби ҳамаи курсиҳои порлумони нав шуд. Аҳзоби боқӣ раъйи заруриро барои ворид шудан ба порлумон ба даст наоварданд. Ҳоло низ нишонаҳои шитобкориро мебинем. Ислоҳотро моҳи март эълон карда буданд ва дар моҳи июн мехоҳанд, раъйпурсӣ баргузор кунанд. Ин боиси коста шудани боварии мардум ба мақомот хоҳад шуд," - изҳор дошт Батталова ба Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи вай, барои ҷомеа қабули Конститутсияе, ки танҳо пешниҳодҳои як нафар – президентро дар бар мегирад, мушкил хоҳад буд. "Кӯрпаи даридаро чӣ гунае, ки бидӯзед, курпаи дарида мемонад. Аз ин рӯ, барои анҷоми ислоҳоти куллӣ қабули Сарқонуни нав зарур буд. Ҳоло танҳо як сабаби шитобкориро метавон дид. Ин омодагӣ ба интихоботи президентӣ баъд аз ду сол аст," - афзудааст Батталова.

Тибқи Конститутсияи Қазоқистон, ба ҷуз раисҷумҳури аввал ҳеч кас наметавонад беш аз ду давраи панҷсола президент интихоб шавад.

“ҲИФЗИ ҚУДРАТИ ЯК ШАХС”

Евгений Жовтис, раиси Бюрои байнулмилалии ҳуқуқи башар ва волоияти қонуни Қазоқистон мегӯяд, “ман дар ёд надорам, ки вакилон як лоиҳаи қонунро беш аз як соат баррасӣ карда бошанд. Тағйирот ба қонунҳо инҷо (Қазоқистон) зуд қабул мешаванд ва ман то ҳол як муҳокимаи умумимиллиеро надидаам”. Ба гуфтаи Жовтис, Конститутсияи Қазоқистон вобаста ба вазъи сиёсӣ тағйир меёбад.

Зауреш Батталова бовар дорад, ки вазъ дар Қазоқистон ба вазъи кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ монандӣ дорад: "Президент иваз шуд, Конститутсия ҳам дигар мешавад. Дар натиҷа мо мебинем, ки ислоҳоти конститутсионӣ дар Осиёи Марказӣ ба тавсеаи салоҳиятҳои як нафар нигаронида мешаванд. Ваколатҳои порлумонро бештар карда, онро ба ниҳоде табдил додан лозим буд, ки орзую умеди интихобкунандагонро бароварда месохт. Дар ҳақиқат онҳое низ хастанд, ки роҳи подшоҳиро пеш гирифтаанд. Барои намуна, Туркманистон."

Раиси Бунёди рушди парламентаризм дар Қазоқистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳатто Қирғизистон, ки ягона давлати демократӣ дар минтақа маҳсуб мешавад, соли гузашта Конститутсияеро қабул кард, ки ба ҳадафҳои як нафар мутобиқ карда шудааст.

"ҲАР КАСЕ БА ҚУДРАТ РАСАД..."

Аркадий Дубнов
Аркадий Дубнов

Сиёсатшинос ва коршиноси рус дар умури Осиёи Марказӣ Аркадий Дубнов мегӯяд, "ислоҳоти конститутсионӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вижагиҳои фурсатталабонаи режими ҳоким, ҳифзи режими ҳоким ва ё машруият бахшидан ба режими дигаре, ки ҷойгузини режими пешин мешавад, мувофиқат хоҳад кард”.

"Ҳар дафъае як гуруҳ сари қудрат биёяд, бо ҳар роҳе мекӯшад, то “кодекси нави қонунҳо”-и худро тартиб диҳад. Ин қабил гуруҳҳо бар инанд, ки Конститутсия ҳуқуқи онҳоро барои ҳукмронӣ дар ин ё он кишвар абадан тасдиқ кардааст. Баъзан мақомот ба хотири демократӣ нишон додан ба назари ҷомеа истинод оварда, зери чатри раъйпурсии умумӣ “пинҳон” мешаванд. Ин дар беҳтарин ҳолат аст. Дар бадтарин ҳолат, онро ба зиммаи порлумон вомегузоранд," -- гуфт Аркадий Дубнов ба Радиои Озодӣ.

Ба назари сиёсатшинос, порлумонҳо дар Осиёи Марказӣ ба таври демократӣ интихоб намешаванд ва ниҳодҳои коро ва баобрӯ нестанд.

Нахустин раъйпурсӣ (ба истиснои ҳамапурсӣ дар бораи ҳайати ояндаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки 17-уми марти соли 1991, чанд моҳ пеш аз фурӯпошии иттиҳод баргузор шуда буд) дар Осиёи Марказӣ моҳи январи соли 1994 дар Туркманистон баргузор гашт. Он замон раъйдиҳандагон ба тарафдории тамдиди давраи раёсати ҷумҳурии Сафармурод Ниёзов, президенти пешини Туркманистон то соли 2002 раъй дода буданд.

Аз он замон то кунун дар Осиёи Марказӣ дар умум 17 раъйпурсӣ (референдум) баргузор шудааст.

XS
SM
MD
LG