Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба тағйирот дар Русия. "Путин аз Тоҷикистон ибрат гирифт"? САДО


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Рӯзи 10-уми март палатаҳои поёнӣ ва болоии порлумони Русия тарҳи тағйиру иловаҳоро ба Қонуни асосии он кишвар қабул карданд, ки ба Владимир Путин иҷоза медиҳад, дар соли 2024 бори панҷум номзад ба мансаби президентӣ шавад. Овоздиҳӣ дар Думаи Давлатӣ субҳ ва дар Шӯрои Федератсия баъд аз зуҳр барпо шуд. Дар ҳарду ҷаласа тарҳи тағйиру иловаҳоро бо аксари овозҳо қабул карданд.

Дар сурати дар интихоботи соли 2024 пирӯз омадани Путин, ӯ метавонад то соли 2036 дар қудрат монад.

Қонунгузорони Русия
Қонунгузорони Русия

Тағйирот бояд аз ҷониби Додгоҳи конститутсионӣ тасдиқ шавад ва мавриди пуштибонии нисфе аз раъйдиҳандагон қарор гирад. Референдум ё раъйпурсӣ барои қабули тағйирот ба Қонуни асосии Русия 22-юми апрел баргузор хоҳад шуд.

"Путин аз Тоҷикистон ибрат гирифт"?

Дурнамои дароз кардани қудрати Путин дар Русия аз мавзӯи мавриди таваҷҷӯҳи зиёди матбуот ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст. Ҷонибдорони тағйирот мегӯянд, "муайян будани ояндаи кишвар ва самтгириҳои сиёсии Русия, як раҳбари қавӣ дар муқобили Ғарб будани Путин" мавриди пуштибонии онҳо мебошад.

Баробар бо садои мунтақидону тарафдорон, бархе ошкоро афсурдагиву ноумедии худро аз ояндаи Русия баён мекунанд. Таҳлилгари масоили минтақавӣ Аркадий Дубнов ба дархости Радиои Озодӣ дар бораи вокунишаш ба ин тасмимҳо кӯтоҳ гуфт: "Бад аст, хеле бад".

Вокунишҳо ба тамдиди қудрати Путин дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00
Линки мустақим

Бархе аз таҳлилгарони масоили минтақавӣ ва Тоҷикистон мегӯянд, тағйирот дар саҳнаи сиёсии Русия агар такрори таҷрибаи Тоҷикистон бошад, аз сӯи дигар, барои кишварҳои шарики Русия дар минтақа ҳам паём медиҳад.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, "таҷрибаи Тоҷикистон ба Путин ва раҳбарони Русия таъсир гузошт". Дар Тоҷикистон соли 2016 дар пайи референдум Қонуни асосӣ тағйир ёфт ва ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ҳозира, ҳақ дод, ки бе навбат дар интихоботҳои президентӣ номзад шавад.

Аз Муллоҷонов пурсидем, чӣ тавр мешавад дар қарни 21 дар кишваре, ки гӯиё як пояш дар Аврупо аст, бо Конститутсия чунин рафтор кард?

Ӯ гуфт, "ин иштибоҳ аст, вақте мегӯянд, ки Русия демократӣ аст ваё назар ба кишварҳои дигари Шӯравӣ бештар демократӣ аст. Ҳатто дар ҳамон давраи Елтсин, ки бештар демократӣ мегӯянд, бозӣ буд. Вале чизе дигар нашуд. Ҳоло ҷараёни асосӣ ба сӯи дигар - ба сӯи кишвари автократӣ ва коҳиши нишондодҳои демократӣ аст".

"Ҷанозаи охирин умедҳо барои демократӣ шудани Русия"

Як узви ҳизби "Яблоко" мегӯяд, "мағзи Шуморо бояд иваз кард, на Конститутсияро". Маскав, 11-уми марти 2020
Як узви ҳизби "Яблоко" мегӯяд, "мағзи Шуморо бояд иваз кард, на Конститутсияро". Маскав, 11-уми марти 2020

Ин андешаро таҳлилгари дигари тоҷик Абдумалик Қодиров ҳам баён кард. Ӯ дар бораи тарзи дароз кардани қудрати Путин бо тағйири Конститутсия гуфт, "ин таҷрибаи мо аст. Дар ин роҳ мо ба қавле trend-maker шудем. Мутаассифона, ин таҷрибаи на он қадар хубест, ки дигарон аз мо меомӯзанд".

Абдумалик Қодиров мегӯяд, таҳаввулоти мазкур "ҷанозаи охирин умедҳо барои демократӣ шудани Русия аст". Ба бовари ӯ, нирӯҳои демократӣ дар Русия ҳатман ба зидди ин таҳаввулот эътироз мекунанд, вале бо назардошти таҷрибаи саркӯбҳои гузашта, "ин ҳама эътирозҳо ба шакли бераҳмона пахш хоҳанд шуд".

"Дарс"-и бади тағйироти конститутсионии Русия, ба андешаи Қодиров ин аст, ки дигар кишварҳои рӯ ба Русия ҳам бо баҳонаи "субот" дар ҷомеа аз ин роҳ ҳаракат хоҳанд кард ва озодиҳо бештар пахш карда мешаванд.

"Элитаҳои Осиёи Марказӣ оҳи сабук кашиданд"

Шореҳи масоили иқтисодӣ Нур Сафаров мегӯяд, кишварҳои Осиёи Марказиро бо Русия пеш аз ҳама манфиатҳои сиёсиву низомӣ мепайвандад, чун ин кишварҳо харидори ҳамешагии силоҳҳои Русия буда, дар тамоми масоили стратегияи низомӣ бо Кремл машварат ва гуфтугӯ мекунанд. Сафаров гуфт, Тоҷикистон бо Русия дар масъалаи муҳоҷирати кор ва харидани маҳсулоти нафтӣ ҳам ҳамкории хуб доранд, низоми моливу интернеташ ҳам тавассути Русия амал мекунад.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Вале аз назари идеологӣ, мегӯяд ӯ, "Путин, ки 20 соли пеш сари қудрат омад, як инсони ақидатӣ аст ва бозгардони нуфузи сиёсии Русия ҳадди ақал ба фазои Осиёи Марказӣ ва дар беҳтарин ҳолат, дар қаламравҳои Иттиҳоди Шӯравии орзуи ӯ мебошад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо вуҷуди мустақилияти нисбии худ, ҳамеша дар байни Ғарбу Чину Русия дар ҳоли мувозинат ҳастанд ва элитаҳои ин кишварҳо худро дар ин модели муносибатҳо бо Путину атрофиёнаш хуб ҳис мекунанд. Аз ҳамин хотир, элитаҳо аз як тараф оҳи сабук кашиданд, ки баъд аз соли 2024 зарурати барқарор кардани муносибатҳои нав бо президенти ояндаи ин кишвар вуҷуд надорад, вале аз сӯи дигар шояд аз Путин паёмҳои нави идеологӣ ҳам дарёфт кунанд".

Лилит Геворгян, корманди созмони таҳқиқотии Global Insight дар шаҳри Лондон бовар дорад, овоздиҳӣ ё референдуми тағйири Конститутсияи Русия дар фазои ноозоду саркӯб ва бе алтернатива барпо хоҳад шуд, чунки, ба гуфтаи ӯ, дар давоми 20 соли гузашта ҳеч раъйпурсӣ дар ин кишвар мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ нагузаштааст.

Мусоҳибони дигари Радиои Озодӣ ҳам мегӯянд, ки натиҷаҳои референдуми моҳи апрели Русия пешгӯишаванда аст. Вале ин ҳама таҳаввулот ва "хатоҳои зиёде, ки пайваста такрор мешаванд", ба қавли Парвиз Муллоҷонов, боис ба як "таркиши сиёсӣ мешавад, чунки худи ҳукумати Путин аз воқеият дур шуда истодааст. Онҳо дигар воқеиятро мисли пештара ҳис карда наметавонанд. Ин толеи ҳар як ҳукумат, ҳар як раҳбарият аст, ки зиёда аз даҳ сол дар сари қудрат аст. Ин вижагии онҳо аст".

Муллоҷонов мегӯяд, дарсади мардуми норозӣ аз сиёсати Путин то рафт афзоиш меёбад ва ҳоло бештари ин қишр – синфи миёнаву соҳибкорон, рӯшанфикрон ва сокинони шаҳрҳои калон ҳастанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (18)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG