Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба маршировка наомад." Ихроҷи 5 донишҷӯ аз як донишгоҳи Тоҷикистон

Таҷлил аз ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон
Таҷлил аз ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон

Дастикам панҷ донишҷӯро барои иштирок накардан дар роҳпаймоӣ ё маршировкаи бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки мақомот онро "чорабинии муҳими сиёсӣ" меноманд, аз Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хориҷ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки пештар намояндагони чанд донишгоҳ ва Вазорати маориф гуфта буданд, ки ширкат дар чунин маросим ихтиёрист, на маҷбурӣ.

Фармони раёсати Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар бораи ихроҷи камаш панҷ донишҷӯ ҳанӯз моҳи август содир шудааст. Радиои Озодӣ нусхаи онро 19-уми октябр тавассути манбаъҳояш дастрас кард.

Дар фармон сабаби расмии ихроҷи донишҷӯёнро “иштирок накардан дар чорабинии сиёсӣ” номидаанд.

Таҷлил аз ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон
Таҷлил аз ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон

Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмии мақомот то ин дам бенатиҷа буд. Як манбаъ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ки бо сабаби пеш наомадани мушкил дар кораш нахост номи ӯро зикр кунем, рӯзи 19-уми октябр хабарро тасдиқ кард.

Мусоҳиби мо гуфт, “инҳо фақат аз як факулта ҳастанд ва мумкин аст шумораи умумии донишҷӯёни ихроҷшуда зиёдтар бошад”, аммо дар ҳоли ҳозир тасдиқи онҳо дар даст нест.

Мақомот дар Тоҷикистон имсол ҳазорҳо ҷавонро барои иштирок дар роҳпаймоие, ки зери офтоби сӯзон гузашт, ҷалб карданд. Сураҷ Чоршанбезода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, моҳи июл теъдоди ширкатдорони маршировкаро дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон бештар аз 100 ҳазор нафар баршумурда буд.

Баъзе аз донишҷӯён, аз ҷумла аз Донишгоҳи омӯзгорӣ он замон шикоят карда буданд, ки онҳоро маҷбурӣ ба “маршировка” ҷалб мекунанд ва агар нараванд, аз донишгоҳ ронда мешаванд.

Навор дар Инстаграм:

Ҷалби ҳазорон нафар бавижа хонандагону донишҷӯён дар маршировка сабаби танқидҳои зиёд шуд. Вале раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шаби 9-уми сентябр ҳангоми таҷлил аз ҷашни 35-умин солгарди истиқлол дар Душанбе аз кори ҷавонон ситоиш кард ва баръакс тамошбинони маҳфилро танқид намуд, ки барои заҳматҳои кашидаи онҳо чандон кафкӯбии хубе накардаанд.

Ба иттилои ӯ, танҳо дар шаҳри Душанбе 11 ҳазор нафар барои таҷлил аз ҷашни истиқлол ним сол омодагӣ дидаанд.

Ҷалби ҳазорон нафар бавижа хонандагону донишҷӯён дар раҳпаймоиҳо сабаби танқидҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуда буд ва корбарон мегуфтанд, ки донишгоҳҳо ба ҷойи дарс додан ба донишҷӯён, онҳоро барои рақсу бозӣ мефиристанд.

Мунтақидони маршировка бовар доранд, ки чунин маъракаҳо дар Тоҷикистон аз даврони шӯравии собиқ ба мерос мондаанд ва бояд ҳарчи зудтар аз он даст кашид. Маъракаҳое, ки ба гуфтаи онҳо даврони шахспарастӣ, яккаҳокимиятӣ, саркӯб ва поймоли озодиҳои бунёдии одамонро ба ёд меоваранд.

Шивон Маллалли, гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид, соли 2022 истифода аз нерӯи кӯдакону ҷавонон ва занонро дар маъракаҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон танқид карда, як навъ “истисмор” номид.

Видеоро дар инҷо бинед:

Панҷ донишҷӯи тоҷикро барои "маршировка" аз донишгоҳ ихроҷ кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00
  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гӯшаҳо
​
XS
SM
MD
LG