Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи эълоннашудаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон ду ҳафта боз нерӯи барқро бе эълони қаблӣ аз нимашаб хомӯш мекунанд. Бисёре аз сокинон мегӯянд, ҳоло ҳам рӯзона ва ҳам шабона барқ надоранд ва мақомот шарҳ намедиҳанд, ки сабаби маҳрум кардани онҳо аз барқ чист.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои огоҳӣ аз вазъ ба чанд деҳаи гирду атрофи Душанбе рафтанд ва сабаби қатъи барқро аз намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" ҳам пурсиданд.

Масуълони ширкати "Барқи тоҷик" ҷорӣ шудани маҳдудияти нерӯи барқ дар манотиқи кишварро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ин маҳдудият муваққатӣ аст.

Рӯзи 13-уми март дар маҳаллаҳои атрофи Душанбе барқ набуд, чароғакҳо дар роҳҳои бузург кор намекарданд ва нозирони БДА барои танзими роҳ ба кӯча баромада буданд.

Икромҷон Ҷӯраев, сокини ноҳияиРӯдакӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки беш аз даҳ рӯз боз бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд. "Соати шаши субҳ барқ меояд ва ҳаштуним хомӯш мешавад. Соати панҷи бегоҳӣ барқ медиҳанд ва нимашаб боз қатъ мекунанд. Дар ин миён "трансформатор"-и деҳа аз кор монд ва ҳоло онро таъмир мекунем",-нақл кард ӯ рӯзи чоршанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Икромҷон Ҷӯраев дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё масъулони идораи "Барқи тоҷик" сабаби қатъи интиқоли рӯшноиро ба онҳо шарҳ додаанд, ё не, гуфт, аслан гап намезананд.

Лимит нест, вале таъмини нерӯи барқ маҳдуд аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Ба ин монанд сокинони дигар низ намедонанд, ки сабаби маҳдудияти интиқоли барқ ба манзилҳояшон дар фасли баҳор чӣ аст. Зеро, ба қавли онҳо, замони ҷорӣ будани лимит дар солҳои гузашта, ҳадди ақал дар моҳи март, ки ҳаво нисбатан гарм мешуд, маҳдудияти нерӯи бақрро мебардоштанд. Аммо охири соли гузашта, ки чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" ба кор даромад ва умеди сокинон ба дарёфти барқи бештар ва муназзам зиёд шуд, ҳоло дар айёми баҳор маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз сокинон гуфтаанд, бино ба шунидаи онҳо, мақомот барои ифтитоҳи чархаи дувуми нерӯгоҳи "Роғун" омодагӣ доранд ва барои ҳамин оби бештар ҷамъ меоранд. Умарҷон Усмонов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, "агар сабаби қатъи интиқоли нерӯи барқ ба "Роғун" вобаста бошад, омодаем онро таҳаммул кунем. Зеро, умедворем, ки минбаъд аз бебарқӣ комилан наҷот меёбем".

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик"
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик"

Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" ҷорӣ шудани маҳдудияти нерӯи барқро дар манотиқи кишвар тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ин маҳдудият муваққатӣ аст ва ба захира кардани об барои "Роғун" ҳеҷ рабт надорад. Дар ширкати "Барқи тоҷик" таъкид мекунад, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар рӯзҳои наздиктар, эҳтимол бо ҷашни Наврӯз, "пурра лағв хоҳад шуд".

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 13-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "қатъи интиқоли нерӯи барқ ба ҷамъ кардани об барои Роғун ҳеч робита надорад. Инро мо пештар ҳам гуфта будем. Вақте ки аз як давраи душвори зимистон берун баромадем, барои давом додани фаъолият, бояд таҷҳизотро аз таъмири профилактикӣ гузаронем. Ин қоида ҳар сол ҳаст".

Ҳарчанд соли гузашта мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" аз захираи кофии об дар обанборҳои нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон хабар дода буданд, коршиносон мегӯянд, дар ним соли ахир мизони боришот дар кишвар андак буд ва миқдори зарурии об ба обанборҳо ворид нашудааст ва эҳтимол мушкил аз онҷо сарчашма мегирад.

Зимнан, моҳи ноябри соли 2018 Тоҷикистон чархаи нахустини нерӯгоҳи "Роғун"-ро фаъол сохт ва дар маҷмӯъ соли гузашта нерӯгоҳҳои кишвар 19 миллиарду 742 миллион киловатт соат нерӯи барқ тавлид кардаанд. Ин рақам нисбат ба як соли қабл як миллиарду 628 миллион соат киловатт соат нерӯи барқ бештар аст.

Ҳамзамон соли гузашта Тоҷикистон ба Узбекистону Афғонистон ва Қирғизистон 2 миллиарду 406 миллион киловатт соат нерӯи барқ содирот кардааст.

XS
SM
MD
LG