Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушҳолии корбарони тоҷик аз истеъфои Нурсултон Назарбоев


Аксар корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ аз фосилаи ду ҳазор километр истеъфои Нурсултон Назарбоевро бо хушҳолӣ қабул кардаанд. Нурсултон Назарбоев, ки наздики 30 сол сари қудрат буд, рӯзи 19-уми март тариқи телевизиони давлатӣ истеъфояшро эълон кард.

  • Дар саҳифаи “Инстаграм”-и Радиои Озодӣ беш аз сад нафар дар зери матлабҳои марбут ба истеъфои Назарбоев ибрози назар карда, беш аз даҳ ҳазор нафар онро писандидаанд. Баъзеҳо ин амали ӯро “азхудгузаштагӣ” ва баъзеи дигар “идораи қудрат бо шеваи нав” арзёбӣ кардаанд, вале ба ҳар ҳол, аксар гуфтаанд, “истеъфои ӯ як ҳодисаи нодир буд”.
На танҳо мардуми минтақа ташнаи тағйирот ва ислоҳотанд, балки абарқудратҳо низ аз он истиқбол мекунанд.

Нафаре бо номи Солеҳ, бо истифодаи рамзҳои шодӣ навиштааст, “хеле олӣ, ӯ раҳбарони дигарро ба чолиш кашид”. Рамзиёр гуфтааст, “ин рафтори Назарбоев қаҳрамонӣ буд ва бе сиёҳ шудан аз вазифа рафт.”

Корбаре бо номи "Рӯҳ" гуфтааст, “бисёр таъриф накунед, ки ҳоло маълум нест, ки чӣ мешавад”. Манзури ӯ, эҳтимол ҷойгузин шудани Дариға Назарбоева аст, ки рӯзе пас аз рафтани падараш раиси Сенат шуд ва бар асоси Конститутсия баъди президент нафари дуюм дар сиёсати Қазоқистон шуд.

Аммо барои Шукрия ин ҳама муҳим набудааст ва ӯ гуфтааст, “офарин, ки бе хунрезӣ ва ошуб аз қудрат канор рафт.”

“Зофа”-ро хурсандии корбарони дигар зоҳиран ҳайрон кардааст. Ӯ навиштааст: “Хурсанд нашавед. Вай одам беақл нест. Ӯ падари миллат интихоб шудааст ва бе розигиаш касе коре карда наметавонад”.

Интизори рафтани дигар раҳбарони дарозумр

Мансур, як корбари дигар низ ба ин амали Назарбоев бо шак нигаристааст. Ба навиштаи ӯ, “Назарбоев бисёр моҳирона рафтор кард ва бо ин васила хонаводаашро ҳифз кард”. Ин корбари саҳифаи Инстаграм гуфтааст, ҳатман президенти ҳамакнун собиқ бо ҳифзи манфиатҳояш курисро тарк кардааст.

Назарбоев аз аввалин раҳбарони дарозумри кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки ихтиёрӣ аз қудрат канор рафт.

Ҳаёт, истифодабарандаи дигари саҳифаи Инстаграм навиштааст, “бесаброна интизори рафтани дигар раҳбарони дарозумр ҳастем”.

Нафаре бо номи “Сервис” навиштааст, “вақте як президент дар қудрат муддати тӯлонӣ меистад, хаёл мекунӣ давлат аз ҷояш намеҷунбад, ҳаёт дигаргун намешавад”.

Бо вуҷуди онки ҳанӯз ояндаи сиёсии Қазоқистон маълум нест, ба ҳар шакле аксаран корбарон истеъфои Назарбоевро кори дуруст номидаанд.

Фазои баста ва мардуми ташнаи тағйирот

Абдуазими Абдуваҳҳоб
Абдуазими Абдуваҳҳоб

Абдуазими Абдуваҳҳоб, рӯзноманигори тоҷик, рӯзи 20-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин вокунишҳои гарми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро як амри табиӣ донист. Ӯ гуфт, “истиқболи гарми ҷавонон аз истеъфои Назарбоев баёнгари он аст, ки мардум аз ҳукумати тӯлонии раҳбарони минтақа дилгиранд”.

Ба гуфтаи ӯ, “фазои баста ва сензураи шадид иҷозат намедиҳад, ки ҷавонон эътирозашонро бармало кунанд, ин аст, ки аз ҳар дигаргунӣ бо гармӣ истиқбол мекунанд”.

Рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ҳангоми ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон низ ҷавонон айни чунин рӯҳияро доштанд. “На танҳо мардуми минтақа ташнаи тағйирот ва ислоҳотанд, балки абарқудратҳо низ аз он истиқбол мекунанд. Дар як соли охир ба 5-6 кишвари абарқудрати ҷаҳониву минтақавӣ рафтани Мирзиёев низ баромада аз истиқболи кишварҳо аз ислоҳот аст. Яъне, кишварҳои абарқудрат низ интизори тағйирот дар минтақа хастанд”, - афзуд ӯ.

Истеъфо ба хотири “ғасби ҳокимият”?

Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён
Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён

Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгари тоҷик ва корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, мардум хуб медонанд, ки Нурсултон Назарбоев комилан аз саҳнаи сиёсат нарафтааст, вале “тавсиф аз амали ӯ як навъ эътироз аст”. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, “вокунишҳо ба истеъфои Назарбоев гуногун, вале дар умум мусбат буданд”.

Дӯстмуҳаммадиён рӯзи 20-уми март дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Рафтори Назарбоевро мавриди хандахариш қарор медоданд. Ин моҳиятан истеъфо ба хотири ғасби ҳокимият буд, ан чизе бештар. Як мақоли мардумӣ ҳаст, ки “духтарам ба ту мегӯям, келин шунав”. Мардум ба ҳамин васила эътироз мекунанд ва бо хурсандӣ аз вазъи Қазоқистон хостори тағйири вазъ дар Тоҷикистон ҳастанд. Мардум аз раҳбарии дарозмуддат воқеан хаста шудаанд”, - гуфт Сайидмуҳиддини Дӯстмуҳаммадиён.

Дар Қазоқистон муддатҳо пеш овозаҳое паҳн шуда буд, ки Нурсултон Назарбоев аз раҳбарии ин кишвари ғанӣ аз нафт канор меравад. Назарбоев баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 ба ин сӯ раҳбарии Қазоқистонро ба ӯҳда дошт.

Ҳоло раиси порлумон Қосимҷомарт Тоқаеви 65-сола муваққатан масъулияти раҳбарии кишварро ба ӯҳда гирифт. Интихоботи президентӣ дар Қазоқистон баҳори соли оянда баргузор хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG