Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Писарамро "облава" карданд". ВИДЕО


Ҳадятулло Носиров
Ҳадятулло Носиров

Як сокини шаҳри Душанбе иддао кард, ки писарашро аз роҳи "облава" ё зӯран ба артиш бурдаанд. Дилором Шарофова гуфт, писараш Ҳадятулло Носиров сарпарасти хона буд ва расман то соли 2022 аз хидмат озод буд.

  • "Чаҳордаҳ сол пеш ҳамсарам маро бо ду духтар ва ду писар тарк кард. Писари дувумам хурд аст. Мақомот гуфта буданд, ки ӯ бояд калон шавад ва сарпарастии оиларо ба дӯш гирад. Баъд Ҳадятулло метавонист ба артиш равад", - гуфт ӯ рӯзи 6-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Бояд дид, ки падарашон дар назди хонадон чӣ масъулият дорад. Масъала бояд таҳқиқ шавад

Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷалби Ҳадятулло Носировро ба сарбозӣ тасдиқ карданд. Маҳмадуллоҳ Зоҳирдзода, сардори комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Носировро на аз тариқи "облава", балки "бар асоси даъват ва сӯҳбат" ба хидмат фиристодаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Шикояти як зан дар Душанбе: Писарамро "облава" карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

"Ноновари хонаро бурданд"

Мавсими даъвати баҳории ҷавонони аз 18 то 27-солаи тоҷик барои хидмат дар артиш рӯзи якуми апрел оғоз шуд ва то охири моҳи май идома мекунад. Дилором Шарофова мегӯяд, писарашро рӯзи севуми апрел аз кӯча ба комиссариати ҳарбӣ ва аз онҷо ба қисми низомӣ бурдаанд. Ӯ гуфт, як дафъа бо писараш дар комиссариати ҳарбӣ дидор кард, аммо ҳоло намедонад, ки дар кадом қисми низомист.

Шарофова мегӯяд, маъюби гуруҳи дуюм ва гирифтори маризии диққи нафас аст. Духтари 21-солааш бемории рӯҳӣ буда, писари хурдиаш 14-сола аст. Ҳадятулло дар бозори "Султони Кабир" устои чӯбу тахта ва ягона ноновари хонавода будааст, ки акнун бояд ду сол хидмати сарбозӣ кунад.

"Ҳамагӣ 108 сомонӣ нафақа дорам. Ҳоло, ки ӯро бурдаанд, намедонем чӣ кор кунем. Писари хурдиямро ба "селофанфурӯшӣ" барорам, аз мактаб мемонад", - гуфт Дилором Шарофова.

Дилором Шарофова
Дилором Шарофова

"Аз рӯи қонун ҳақ доштем, ки ӯро ба хидмат ҷалб кунем"

Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз Маҳмадуллоҳ Зоҳирдзода, сардори комиссариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсии пойтахт пурсиданд, ки то куҷо бо вазъи оилавии Ҳадятулло Носиров ошно ҳастанд. Зоҳирзода гуфт, санади ҷалб нашудани Ҳадятулло ба артиш дар соли 2015 дода шуда буд, аммо дар он, ба қавли ӯ, як хилофкориро ошкор намудаанд.

"Он замон гуфта буданд, ки ӯ як додар ва хоҳари ноболиғ дорад. Агар дар оила ду ноболиғ бошад ва онҳо аз падар маҳрум ҳастанд, фарзанди калонӣ сарпараст ҳисоб шуда, аз хидмат озод мешавад. Дертар маълум кардем, ки яке аз ин кӯдакон на хоҳари ӯ, балки духтари хоҳари калониаш будааст. Он вақт дар оила як додари ноболиғаш мемонад ва мо ҳақ дорем Ҳадятуллоро ба хидмат ҷалб намоем", - шарҳ дод ӯ

"Масъала ба таҳқиқ ниёз дорад"

Дилрабо Самадова, ҳуқуқдони тоҷик, низ гуфт, дар сурати як ноболиғ будан дар хонавода, воқеан, комиссариати ҳарбӣ ҳаққи ҷалби ҷавонро ба артиш дорад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар дар ин хонадон ғайри Ҳадятулло ду фарзанди ноболиғ мешуд, бар асоси қонун имкони ба таъхир гузоштани хидмати ӯ вуҷуд дошт.

"Ба ҷуз ин, бояд дид, ки падарашон дар назди хонадон чӣ масъулият дорад. Масъала ба таҳқиқ ниёз дорад", - афзуд ӯ.

Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

Хидмат дар артиш яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон аст. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, мушкилоте ба мисли зӯргӯӣ ва камбуди ғизо бисёре аз ҷавононро аз хидмат дилсард мекунад.

Барои баъзе таҳсил дар донишгоҳ ва ё муҳоҷирати корӣ роҳи раҳоӣ аз хидмат дар артиш шудааст. Дар чунин шароит, нақшаи даъват ба артиш на ҳамеша сари вақт иҷро мешавад ва ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, мақомот аз ҷалби маҷбурӣ ё "облава" кор мегиранд.

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, баъди зиёд расонаӣ шудани мушкили "облава" дар чанд соли охир, мақомот назорат аз риояи ҳуқуқи ҷавононро сахттар кардаанд, вале боз ҳам дар ҳар мавсим матбуот дар бораи ду ё се шикояти волидон хабар медиҳад.

XS
SM
MD
LG