Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як сол даҳҳо ороишгоҳро ҷарима бастанд. ВИДЕО


Дар як сол ахир дар Тоҷикистон даҳҳо ороишгари мую рӯй барои риоя накардани қоидаҳои беҳдорӣ муҷозот шудаанд.

Кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, маҳалли кори онҳо ба яке аз серсанҷиштарин нуқтаҳои хизматрасонӣ табдил ёфтааст ва рӯзе нест, ки ягон ниҳоди тафтишотӣ дари онҳоро накӯбад.

"Барои муҷозот баҳона меёбанд"

Ороишгарон мегӯянд, гурӯҳҳои санҷишӣ шурӯъ аз зарфҳои партоб то масоҳати ҷойгиршавии ин нуқтаҳоро тафтиш ва "баҳона"- е барои ҷарима кардан пайдо мекунанд. Вале ниҳодҳои тафтишгар ба ин боваранд, ки хатари сироятёбӣ дар ин маконҳо зиёд аст ва бояд таҳти назорати шадид бошанд.

Cоли гузашта президент ба мақомот пешниҳод кард, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошҳое, ки боиси ба бемории сироятӣ печидани сокинон мешаванд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

Маҳали кори Аниса Абдуллоева, ороишгари яке аз кошонаҳои ҳусн дар маркази Душанбе чанд рӯз баста ва ӯ ҳам аз даромад маҳрум буд. Мақомот барои надоштани қуттиҳои алоҳидаи партоб ва ҷудо набудани утоқи ороишгарони нохун, ба дари ин ороишгоҳ муҳр зада, чанд корманди онро ҷарима карданд. Ба гуфтаи Аниса, дар пайи як санҷиши қаблӣ онҳо эродҳои мақомотро эътироф ва ислоҳ карда буданд, аммо боз ҳам онҳо барои ҷазову ҷарима бастан далеле пайдо кардаанд.

"Аввал омада гуфтанд, шумо дастгоҳи стерилизатор надоред. Мо харидем, ҳамаи камбудиро ислоҳ кардем. Баъд боз омаданду дари коргоҳро бастанд. Гуфтанд, қутиҳои партоби мӯйҳо бояд алоҳида бошанд. 3 рӯз нагузоштанд, ки мо ба ҷойи кор наздик шавем. Вақте ба дар қуфл зада шуд, мо чӣ тавр метавонем онро ислоҳ кунем?"

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли гузашта 100 корманди кошонаи ҳусну сартарошхонаҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ин афрод аксаран ба далели надоштани варақаҳои санитарӣ ва ҳам нагузаштан аз муоинаи тиббӣ ҷарима шудаанд. Кори ороишгарону кошонаҳои ҳусн дар Тоҷикистон пас аз як интиқоди президент дар соли гузашта зери заррабин қарор гирифт. Эмомалӣ Раҳмон аз риоя нашудани меъёрҳои санитариву бехатарии тиббӣ дар баъзе аз нуқтаҳои дандонпизишкӣ, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо интиқод карда буд.

Ҳоло мақомот бо ташкили "рейд"-ҳо кор ва вазъи санитарии ин нуқтаҳоро месанҷанд. Мақомот мегӯяд, дар бархе аз ин нуқтаҳо оддитарин қоидаҳо риоя намекунанд, ки ин метавонад боис ба гирифторшавии сокинон ба бемориҳои гепотит ва СПИД шавад.

Дар як сол даҳҳо ороишгоҳро дар Тоҷикистон бастанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:10 0:00

Ба иттилои Хадамоти назорати давлатии санитари эпидемиологӣ феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 400 сартарошхона ва беш аз 300 кошонаи ҳусн расман фаъолият доранд. Ин муассисаҳо аз маконҳои сермуштарӣ ба ҳисоб мераванд ва дар давоми рӯз аз хадамоти ҳар яке аз онҳо даҳҳо нафар истифода мекунад.

Муштариён "сахтгирӣ"-и мақомотро муҳим медонанд

Сахтгирӣ дар кори ороишгарон ва кошонаҳои ҳусни занонаву мардонаро, аксари онҳое, ки аз ин хизматрасониҳо зиёд истифода мебаранд муҳим мехонанд. Зарина, як сокини Душанбе, ки барои оро додани мую рӯй ва нохунҳои худ, зуд зуд аз кори ороишгарон истифода мебарад, мегӯяд, барои эҳтиёт ӯ ба ин нуқтаҳо бо дастгоҳҳои шахси худаш меравад. Ба бехатарии дастгоҳи ороишгарон, ки барои чандин нафар истифода мешавад, бовар надорад.

"Баъзе аз ин нуқтаҳо дар воқеъ бехатар нестанд. Чанд бор вақте нохунамро оро медодам, кори нозук ки ҳаст, хун омад ва ман тарсидам. Ҳоло дигар худам тамоми лавозимоти даркории ороиширо дорам ва агар ороишгоҳ ҳам равам, танҳо аз он истифода мекунам".

Ҳоло ба гуфтаи кормандони кошонаҳои ҳусн, ҳудудан 10 ниҳод онҳоро назорату тафтиш мекунанд. Муҳимтаринаш ҳам ниҳодҳои беҳдорӣ будааст, ки акнун аз ороишгарон талаб мекунанд, ки маълумоти аввалияи тиббиро аз худ намоянд ва қоидаҳои беҳдориро ҷиддан риоя кунанд. Кормандони кошонаҳои ҳусн мегӯянд, зидди ин санҷишҳо нестанд ва талош мекунанд, ки тозагиву бехатариро риоя кунанд, аммо бархӯрди якҷониба ба кори худ ва бо баҳонаҳои ночиз, ҷаримаву муҷозот карданро ҳам қабул надоранд.

"Аз роҳи беҳтаре истифода баранд, на фишору ҷазо"

Шабнам Навбухорова, масъули оришгоҳи ба номи "Замира Баротова" дар Душанбе мегӯяд, гурӯҳҳои санҷишӣ, ки аз чанд нафар мард иборатанд, бехабар дар лаҳзаҳои корӣ, вориди ороишгоҳ шуда, мизоҷонро нороҳат мекунанд ва ба кори ороишгарон халал мерасонанд.

Шабнам Навбухорова.
Шабнам Навбухорова.

"Онҳо пеш аз омадан моро огоҳ намекарданд. Якбора даромада ҷевонҳоро кушода, тафтиш мекунанд. Барои ороишгарон дар ин ҳолат кор кардан мушкил буд. Онҳо мегуфтанд, чаро дастгоҳи муйхушккунак дар дохили ҷевон аст. Ё чаро даруни ҷевон пур аз дастгоҳ аст. Мо мефаҳмонем, ки ин ҳама барои кори мо муҳим аст. Дар берун мо ягон асбоби зиёдатӣ надорем. Бархе аз ин тафтишгарон ҳатто худро дар дафтари мо ба қайд гузоштан намехоҳанд".

Ба гуфтаи Шабнам Навбухорова, агар ҳадафи мақомот аз санҷишу рейдҳо беҳтару бехатар кардани кори кошонаҳои ҳусн аст, бояд аз роҳи беҳтаре истифода кунанд на фишору ҷазо. Ин мусоҳиби мо мегӯяд, ҳамин санҷишҳо ҳам боис шуд чанд ороишгар тарки ин кор кунад.

Дар зимн, соли гузашта президенти кишвар ба мақомот пешниҳод кард, духтурони дандон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошҳое, ки боиси ба бемории сироятӣ печидани сокинон мешаванд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

Ба иттилои Додситони кул, дар як соли ахир, барои ба бемориҳои сироятӣ махсусан вируси норасоии масъунияти бадан гирифтор кардани сокинон, алайҳи 27 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 277 нафари дигар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG