Пайвандҳои дастрасӣ

Мадина Орифӣ ба ҳама "сипос" гуфт ва аз ҷаҳон рафт


Мадинаро наҷот медиҳем. Шумо ҳам ҳастед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Мадинаро наҷот медиҳем. Шумо ҳам ҳастед?

Ин матлаб панҷ рӯз пеш нашр шуда буд ва дар ин муддати кам чандин нафар ба имдоди ӯ шитофта буданд. Мадина шод буд, ки ба зудӣ маблағи табобатро пайдо хоҳад кард. Беш аз ӯ модараш шод буд, ки наберагонаш танҳо намемонанд. Шоми 19 апрел хабари бад расид, ки ӯ бо ҳамон орзу даргузаштааст. Дареғ!

Мақоларо дар бораи ӯ бознашр мекунем. Бо орзуи он ки дар чунин мавридҳо шитоб кунем ва аз кори хайр намонем, инсонеро наҷот бидиҳем, бетафовут набошем...

Мадина ҳар вақте дар бораи бемории худ ба нафаре қисса мекунад, ҳеҷ бовараш намеояд, ки қаҳрамони ин сарнавишти талх худи ӯст. Гоҳе бо чашмони хира ва камнур ба ойина менигарад ва чеҳраи ранҷур ва озурдаеро мебинад, ки чанде пеш тамоман чунин набуд. Хандаю шодӣ аз ин чеҳра кӯч бастаанд. Замоне хушбахт буду нақшаҳои зиёд дошт. Аммо чанд ҳодиса дар зиндагӣ ӯро ба бемории ҷиддие гирифтор кард. Ҳоло тамоми талошаш барои табобати бемории саратони мағзи сар аст ва ба кумак ниёз дорад.

Вақте бо худи Мадина худоҳофизӣ мекардем, зӯр зад лабханд занад, аммо натавонист. Шояд ин лабханд умеде буд, ки бо омадани мо ва суҳбатҳоямон дар дили ӯ шукуфт.

Мадина Орифӣ сокини 43-солаи шаҳри Душанбе асту дар хонаводаи зиёӣ бузург шудааст. Ӯ мегӯяд, замоне шавҳараш соҳибкор буд ва худаш ба ҳайси ёвари додрас дар Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон кор мекарду фарзандонро дар шароити хуб ба воя мерасонд. Аммо ду сол пеш бо қарзгирии шаваҳараш аз бонк, саргардониҳои ин хонаводаи ҷавон шуруъ шуд.

Қазҳои бонк оиларо хонабардӯш кард

Мадина мегӯяд, шавҳараш ба тиҷорати пахта машғул буд, вале аз соли 2017 сар карда дучори мушкил шуд ва аз "Фононбонк" барои ҳалли он маблағи калон қарз гирифт, вале қарзро дар вақти муайяншуда баргардонида натавонисту манзили худро ба ҷои қарз ба бонк дод.

Мадинаро наҷот медиҳем. Шумо ҳам ҳастед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Баъди аз даст додани манзили худ Мадина бо ду фарзандаш ба хонаи модар омад. Аммо вақте мушкили шавҳараш ҳал нашуд, аз модари Мадина хостанд манзили мӯро дар бонки “Роҳнамо” ба гарав гузошт аз ин ташкилоти молӣ қарз бигиранд. Модари Мадина ҳам ба хотири бадбахт нашудани духтараш ҳуҷҷатҳои хонаи худро ба домодаш дод ва гуфт, то замони пайдо кардани қарзи бонк, онро низ ба гарав гузорад. Ҳамин тавр манзили Мадинаву модари ӯ аз даст рафт ва як хонаводаи иборат аз шаш нафар, ки мобарбузурги 85-сола доштанд, дар ба дар ва саргардон шуд.

Матлуба Мирзоева, модари Мадина мегуяд, "қарзи шаҳвари Мадина аз садҳо ҳазор зиёд буд, ман аслан намедонам чаро қарздор шуд ғайр аз ин ки медонистам ба тиҷорати пахта машғул буд. Фикр кардам манзили моро ба гарав меугузорад ва метавонад аз бонки "Роҳнамо" қарз гирифта, мушкилашро ҳал мекунад. Вале вақте фаҳмидам, ки хонаи маро ҳам ба қарзаш додааст ба додситонӣ шикоят кардам, аммо алакай дер шуда буд, чун аллакай ба Русия гурехтаасту аз ӯ ҳеҷ хабаре нест".

Матлуба Мирзоева, модари Мадина.
Матлуба Мирзоева, модари Мадина.

Ба болои ин ҳама шавҳар талоқи Мадинаро ҳам дод ва ӯро бо ду фарзанд танҳо гузошту ба Русия рафт. Фишорҳои зиндагиву ҳарфҳои талхи атрофиён як садамаи сахти равонӣ буд ва ниҳоят ӯро аз пой афтонд. Мисли гуле пажмурд, дар худ печид, афсурда ва ноумед шуд. Мадина мегуяд шавҳараш дар боре ҳам ӯро напурсидааст ки дар чи рӯзе қарор дорад ва тавассути нафаре ба ӯ расонидааст, ки "ӯ ба бемории ҳамсараш ҳеҷ рабте надорад".

Вақте ки инсон танҳо мемонад...

Мадина Орифӣ мегуяд, бо ин, ки шавҳараш ӯро дар зиндагӣ танҳо гузошт, то замони гирифтор шудан ба ин беморӣ дар Додгоҳи конситутсионӣ кор мекард. Ин модари ҷавон мегуяд, як субҳ дар се моҳи пеш, дақиқтараш 10 январи соли 2019 дигар натавонист аз ҷой бархезад ва якбора ба кома ё беҳушӣ афтод. Бо талоши табибон баъди ду руз ба худ омад, аммо дасту пояш фалаҷ гашта буд ва биноияшро аз даст дода. Аз ин хотир наметавонад кор кунад.

Ташхиси табибон вуҷуди омоси сарро дар Мадина муайян кард. Табибон дар Тоҷикистон машварат доданд, ки муолиҷаи баъдиро дар клиникае ба роҳ монанд, ки тавони анҷоми чунин муолиҷаҳоро дошта бошанд. Ба гуфтаи Мадина Орифӣ, онҳо бо табибони Ҳинд, машварат кардаанд ва тасмими ниҳоӣ ин шудааст, ки ҷарроҳӣ ва муолиҷаи баъдиро дар Ҳиндустон ба роҳ монанд. Аммои барои ин 7 ҳазор доллар зарур будааст. Маблағе, ки ба гуфтаи Мадинаву модараш дар ҳеҷ сурат наметавонад пайдо кунанд, зеро онҳо ҳатто манзили зист надоранд. Ҳарчанд ба Мадинаву модараш ҳамкоронашон каму беш маблағе кумак карданд, аммо ин ҳама танҳо барои харидани доруҳои ӯ, ки аз Қазоқистон ворид мешавад, сарф шудааст.

Матлуба Мирзоева, модари Мадина, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва риштаи журналистика дарс мегуяд. Ҳоло бо хонаводааш дар хобгоҳи ин донишгоҳ зиндагӣ мекунад ва маошаш ба зиндагии худу фарзандон базӯр мерасад. Ӯ мегӯяд, ба кумаки афроди хайрхоҳ ниёз доранд. "Агар нафаре ҳам пайдо шавад, ки барои ду сол ба ман ин миқдор маблағро қарз диҳад, ман метавонам онро баргардонам. Аммо фақат мехоҳам фурсат аз даст наравад, зеро духтарам ҷавон аст ва ду писар дорад, ки намехоҳанд бекас монанд".

Матлуба Мирзоева мегуяд, ҳоло аз тангдастӣ модари 85-солааш, ки собиқаи 50-солаи омузгориро дорад, дар хонаи пиронсолон ба сар мебарад Воқеияте, ки ҳаргиз дар гушаи хаёлашон намегунҷид ва тасаввурашро карда наметавонистанд. "Вақте бехона шудему дар хобгоҳ зиндагӣ кардем, модарам гуфтанд, ки дигар намехоҳанд барои мо сарборӣ шаванд. Ҳоло фақат ман танҳо кор мекунам, таъмини зиндагии ду духтар ва ду набераам ба уҳдаи ман аст. Ба ҳама маълум аст, ки омузгор чӣ маоше мегираду чӣ зиндагие дорад".

Ин устоди донишгоҳ бо вуҷуди он, ки тамоми умри худро барои таълиму тарбия сарф кардааст, дар чунин ҳолат аз ҳеч гуна амнияти иҷтимоӣ бархурдор нест. Матлуба Мирзоева мегуяд, ҳамеша шиоре садо медиҳад, ки Тоҷикистон як давлати иҷтимоист, вале дар ин рӯзи сахт ва ночорӣ касе ба додаш намерасад. Чун медонад, ки барои ҳар кор бояд маблағ дошт.

Матлуба Мирзоева мегӯяд, дар ин рузҳои сахт ҳамкоронаш "қудрат ба тавоноӣ" кумак карданд, аммо чанде аз шогирдон барояш на кумак, балки фақат машварат доданд, то модар Мадинаро ба ҳайси маъюб сабти ном кунад ва нафақа бигирад. Маслиҳате, ки дили модарро реш кард ва дарро ба руи ин гуруҳи шогирдон пушиду ба роҳаш идома дод.

Шояд роҳи наҷоте ҳаст?

Матлуба Мирзоева мегуяд, хонаводаи онҳо танҳо умедворанд, ки дар ин рӯзи мушкил афроди саховатпеша дар канорашон хоҳанд буд ва дасти имдоди худро дароз хоҳанд кард. Ҳоло барои ҷамъоварии маблағи афроди хайрхоҳ ба номи Мадина сурат-ҳисоби вижаи бонкӣ боз шудааст. Чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талош доранд, ба ин хонадон мадад расонанд. Аҳли хонавода ҳатто намедонанд, оё фонду хазина ё созмонҳои шаҳрвандие вуҷуд доранд, ки тавонанд, дар ин шароит ба табобати Мадина мадад расонанд?

Мадина мегуяд, бимаи саломатӣ надорад, аммо модараш ба чанд созмону бунёдҳои хайрия муроҷиат кард, аммо яке гуфт, ҳоло "лоиҳаи кумак"-ашон ба охир расидаву дуюми ваъда кард, баъди анҷоми сохтмони бинову майдоначаи бозӣ ба кудакон, барои ӯ кумак хоҳад кард.

Вақте бо худи Мадина худоҳофизӣ мекардем, зӯр зад лабханд занад, аммо натавонист. Шояд ин лабханд умеде буд, ки бо омадани мо ва суҳбатҳоямон дар дили ӯ шукуфт. Аз наздаш мерафтем ва фикр мекардем, мардуми мо бораҳму шафқатанд ва онҳоянд, ки наздикон, ҳамсоя ё ҳар касеро дар ҳолати вазнин танҳо намегузоранд. Мардум қувваи бузург аст.

Хайр кардани чанд сомонӣ ба як шахс осеби молие намерасонад, вале агар ҳазор нафар ҳам ба Мадина дасти ёрӣ дароз кунанд, ҳазор сомонӣ мешавад ва ҳар хайрхоҳ дилшод хоҳад буд, ки ба дигаре кумак кардааст, ҳаёти касеро наҷот додааст. Мо саҳми худро гузоштем. Оё шумо, хонандаи азиз, метавонед ба ин оила мадад расонед?

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Гузоришҳои видеоӣ

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
XS
SM
MD
LG