Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯҳистони Бадахшон бори нахуст дар тарҳи Осиё-360°


Дар таҳияи филми "Кӯҳистониёни Помир" наворбардор Рустам Мавлонов, рассом Станислав Козляковский, продюсерон Кенан Алиев ва Сергей Трофимов саҳм гирифтаанд.

Дар бораи Помир филмҳои зиёде гирифтаанд. Вале ҳамкорони мо дар шабакаи телевизионии "Настоящее Время" бори аввал дар таърих бо истифода аз таҷҳизоти 360°, ки манзараҳоро давродавр бо фарогирии 360 дараҷаи доира ба навор мегирад, дар бораи табиат ва мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мустанадеро омода карданд.

Муаллифи филмнома ва коргардони филм Адилет Бектурсунов мегӯяд, ҳарчанд худаш фарзанди кӯҳистон аст ва дар минтақаи Иссиқкӯли Қирғизистон ба воя расидааст, манзараҳои Помир, зиндагӣ ва расму ойини мардуми Бадахшон ӯро шефтаи хеш гардонд.

Дар таҳияи филми "Кӯҳистониёни Помир" ҳамчунин наворбардор Рустам Мавлонов, рассом Станислав Козляковский, продюсерон Кенан Алиев ва Сергей Трофимов саҳм гирифтаанд.

Ҳарчанд ҳадаф аз тарҳи Осиё-360° асосан нишон додани зебоиҳои нотакрори кишварҳои Осиёи Марказист, дар ин филм ҳамчунин аз таърихи гузашта, урфу одат, меъморӣ ва фолклори сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шеваи чашмнавозе ҳикоят мешавад.

Филми навро метавон дар ин ҷо дид:

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG