Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиш ё кору тиҷорат? Интихоби мушкили муҳоҷирон дар Русия


Акс аз бойгонӣ

Даъват аз муҳоҷирони ҷавони тоҷик барои хидмат дар ватан, онҳоеро, ки соҳиби шаҳрвандии Тоҷикистону Русия ҳастанд, дар ростои тасмими душвор қарор додааст.

Ватан барои мо имконият диҳад, ки кору зиндагӣ ва хидмат кунем. Агар зиндагии мо хуб бошад, чаро ба ватан хидмат накунем? Бо шиками гурусна ба ватан хидмат карда мешавад?

Агар баргарданд, ду сол бояд кору тиҷорати худро гузошта, хидмати сарбозӣ кунанд. Агар барнагарданд, пайвандонашон, ба гуфтаи онҳо, зери фишори мақомот ҳастанд.

Наимҷон Раҳимов, сокини 27-солаи ҷамоати Ворухи Исфара, ки соҳиби душаҳрвандист, гуфт, мақомот ба падараш фишор овардаанд, то писаронашро аз муҳоҷират баргардонад ва ба артиш фиристад.

Наимҷон мегӯяд, бо панҷ бародараш шаҳрвандии Тоҷикистону Русия доранд ва чанд сол боз, ба хотири пардохти қарзҳои оила дар муҳоҷиратанд.

"Бародарамро фиристодем"

Пас аз фишорҳои зиёд болои хонавода ва тақозои падар, бародарон тасмим гирифтаанд, ки Рӯҳуллоҳ Раҳимов, бародари 25-солаи худро ба Тоҷикистон гусел кунанд.

“Ҳатто мӯҳлат надоданд ва мо фавран бародарамро ба Тоҷикистон фиристодем. Бародарам бемор буд ва ҳоло дар шифохона аст. Гуфтанд, ки пас аз даҳ рӯз ӯро ба артиш мебаранд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ин ҷавон мегӯяд, агар бародарон ба сафи артиш ҷалб шаванд, қарзи ба гуфтаи ӯ, калони хонавода, нопардохта мемонад ва зиндагиашон мушкилтар мешавад.

Дар сурати фишорҳо ва ҳатмӣ будани хидмати ҳарбӣ Наимҷон мегӯяд, маҷбуранд, ба Артиши Русия раванд, чун онҷо хидмат як сол аст ва дар оянда ҳам имтиёзҳои зиёде пешбинӣ мекунад. “Ватан барои мо имконият диҳад, ки кору зиндагӣ ва хидмат кунем. Агар зиндагии мо хуб бошад, чаро ба ватан хидмат накунем? Бо шиками гурусна ба ватан хидмат карда мешавад?” – суол гузошт ӯ.

"Агар писарам ба ратиш равад, ду сол моро кӣ мехӯронад?"

Аксар ҷавонони синни хидмат дар Тоҷикистон бинобар камбуди кор дар муҳоҷират ҳастанд. Мақомот борҳо гуфтанд, ки ҷавонон аз тарси сарбозӣ ба Русия фирор мекунанд ва танҳо замоне ба ватан бармегарданд, ки мавсими даъват хатм шудааст. Зоҳиран, имсол мақомот бо ҳар роҳу восита аз волидони ҷавонон даъват мекунанд, ки фарзандонашонро аз Русия баргардонанд, то “қарзи фарзандии худро дар назди ватан иҷро кунанд”.

Бо чунин мазмун, чанд нафар аз сокинони минтақаи Рашт ва Исфара ба Радиои Озодӣ шикоят карданд.

Қиссаи аксари онҳо монанди қиссаи хонаводаи Наимҷон Раҳимов аст. Раҷабалӣ Каримов, сокини минтақаи Рашт мегӯяд, писараш моҳе то 30 ҳазор рубл, наздики 5 ҳазор сомонӣ мефиристад ва агар ӯро ба артиш фиристанд, “аз нони хӯрдан мемонанд”.

"Ошиқони" хидмат дар артиши Русия

Коршиносон мегӯянд, дар сурати фишор болои ҷавонони муҳоҷир пайвастани онҳо бар саффи Артиши Русия бештар хоҳад шуд.

Русия аз соли 2004 ба ин сӯ, хидмат дар артишро як роҳи осони дастрасӣ ба шаҳрвандии ин кишвар медонад. Ба дунболи шаҳрванди Русия шудан садҳо ҷавони тоҷик барои хидмат ба артиш мераванд.

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, агар ҷавони тоҷик соҳиби душаҳрвандӣ бошад, як сол дар артиши ин кишвар хидмат мекунад ва агар соҳиби шаҳрвандӣ набошад, пас аз хидмат онро дастрас хоҳад кард.

Дар сурати идомаи кор дар артиши Русия тариқи шартнома, ба гуфтаи Ёров, ҷавони тоҷик соҳиби манзили бепул ва на камтар аз 60-70 ҳазор рубли русӣ маош хоҳад шуд.

Имтиёзҳое, ки аксари ҷавонони сини даъватро ошиқи хидмат дар артиши ин кишвар кардааст. “Соле аз 60 то 100 ҷавони тоҷик аз ман кумак мепурсанд, ки чӣ тавр дар Русия ба хизмати ҳарбӣ раванд. Дар таҷриба дидам, бештар онҳоеро ба артиш мегиранд, ки аллакай соҳиби шаҳрвандии Русия ҳастанд”, - гуфт Ёров.

Вазорат: Сафи ихтиёриён афзудааст

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Ёров, ҷавонони тоҷик, “ошиқи хидмат дар артиши Русия” ҳастанд, мақомоти тоҷик аксаран бо шеваи маҷбурӣ ҷавононро ба артиш ҷалб мекунанд. Ҳамасола замони мавсими даъват ба артиш ҳодисаҳои “облава” ё худ зӯран ҷалб кардан ба сафи артиш сабт мешавад.

Ориф Нозимзода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон ҷалби маҷбурӣ ба артиш, аз ҷумла ҷалби маҷбурии муҳоҷиронро рад мекунад. Ӯ гуфт, баръакс, дар пайи анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ падару модарон писаронашонро барои хидмати артиш даъват мекунанд. Ӯ гуфт, ихтиёран пайвастани ҷавонон ба сафи артиш бештар шудааст.

Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ҷавонони тоҷике, ки соҳиби душаҳрвандӣ ҳастанд, дар сурати хидмат дар Русия ба артиши Тоҷикистон ҷалб намешаванд. “Бар асоси созишномаҳои дутарафа ҷавононе, ки соҳиби душаҳрвандӣ ҳастанд, агар дар як кишвар ба артиш рафтанд, аз хизмат дар кишвари дувум озоданд”, - шарҳ дод ӯ.

Соли 2015 Владимир Путин, президенти Русия ба тағйирот дар “Низомнома дар бораи тартиби адои хидмати низомӣ” имзо гузошт. Бино ба таҳрири нави ин санад, “легионер”-ҳо ба нирӯҳои заминиву баҳрии артиши Русия, ба истиснои нирӯҳои дохилӣ ва ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия ба хидмат ҷалб мешаванд.

Имконияте, ки ба гуфтаи коршиносон сафи “легионерҳои хориҷӣ”, аз ҷумла аз ҳисоби тоҷиконро бештар хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG