Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истад Қурбоноваро шартан як сол аз озодӣ маҳрум карданд


Истад Қурбонова

Истад Қурбонова, зане, ки бо бадани сӯхта аз боздоштгоҳи муваққатии ноҳияи Айнӣ берун омад ва аз бадрафтории маъмурони милиса шикоят кард, шартан як сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳукмро рӯзи 24-уми апрел Додгоҳи шаҳри Хуҷанд содир кард.

Додрас гуфт, Қурбонова ба "ғасби замин" ва “қасдан нобуд кардани молу мулки ғайр” гунаҳкор шуд, вале бинобар “солхӯрдагиву беморӣ” ба ӯ ҷазои нисбатан сабук доданд. Ин зан ҳамчунин ба пардохти 17 ҳазору 500 сомонӣ ҷуброни зарар ба ширкати “Сохтмон СТД” муваззаф шудааст. Қаблан додситон ба ӯ се сол зиндони шартӣ талаб карда буд.

Истад Қурбонова рӯзи 24-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз онки ба пушти панҷараи зиндон наафтод, хушҳол аст, аммо аз таъйини ҷарима норизост. “Ба корхонаи “Сохтмон-СТД” ҳеч зарар нарасонидаам. Шикояти кассатсионӣ мебарам, то маро аз пардохти ҷарима озод кунанд”, - афзуд ӯ.

Дар ҳоле ки гузориш омода мешуд, тарафи даъвогар, яъне масъулони ширкати “Сохтмон – СТД”, ҳозир нашуданд, ки назари худро дар бораи қарори додгоҳ баён кунанд.

Баҳси замин миёни Истад Қурбонова ва “Сохтмон-СТД” беш аз як сол боз идома дорад. Додситонии ноҳияи Айнӣ бори аввал Қурбоноваро моҳи октябри соли 2018 бо даъвои масъулони ҳамин корхона ба ҷавобгарӣ кашид. Ин ширкат иддао карда буд, ки Қурбонова дар 6 сотих замини корхона анбору ҳоҷатхона сохтааст.

Сипас, рӯзи 2-юми январи имсол ин зани 68-соларо ба далели ҳозир нашудан барои бозпурсӣ дастгир ва ба боздоштгоҳ бурданд. Қазияи Истад Қурбонова баъди он сари забонҳо шуд, ки ӯ рӯзи 11-уми январ аз боздоштгоҳи пулиси Айнӣ бо бадани сӯхта ба бемористон бурда шуд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон баъди ин ҳодиса се маъмури пулиси ноҳияи Айниро аз кор озод карданд. Истад Қурбонова мегӯяд, боздошташ ва ба қавли ӯ бадрафтории маъмурони милисаро ба боди фаромӯшӣ супурданӣ нест ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо талош хоҳад кард.

“Даъвои ман зидди кормандони милисаи ноҳияи Айнӣ аст. Шаш нафаре, ки маро бе иҷозаи додситон дар боздоштгоҳ нигоҳ доштанд”, - афзуд ӯ.

Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ҳам аз Додситонии кул хостааст, он маъмурони милисаро, ки Истад Қурбонова дар ҳузури онҳо қасди худсӯзӣ карда буд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашад. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, ходимони милисаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд "ҷони ин сокини 68-соларо дар хатар гузоштанд".

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG