Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷайҳун. Ҷасади наварӯсро аз анбори хонаи шавҳар ёфтаанд


Пайдо шудани ҷасади наварӯсе аз анбори хонаводаи шавҳар сару садои зиёдеро дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) ба миён овардааст. Баъзе мегӯянд, арӯсро куштаанд ва баъзеи дигар мегӯянд, шояд муносибати нохуб ё ҷанҷоли оилавӣ сабаби худкушӣ шудааст.

  • Мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Ҷайҳун рӯзи 25-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасади Гулбаҳор Фаромарзоваи 20-соларо даҳ рӯз пеш дар хонаи шавҳараш дар деҳаи Зарнисори ноҳия пайдо карданд.
Чанд рӯз пеш гуфт, ки шавҳарам нест ва ба хонаи падарам меравам. Гуфтам, рав. Дар онҷо истод, вале хушдоманаш нон пухта овард.

Як масъули додситонии ноҳия гуфт, ҳодиса ҳамчун худкушӣ сабт шудааст, вале таҳқиқи он идома дорад. Намояндаи додситонӣ ба суоли ин ки оё фарзияи куштор ё ба худкушӣ расонидан ҳаст, ҷавоб дод, ки мунтазири хулосаи ташхиси тиббӣ ҳастанд.

Ҷасади овехтаи Гулбаҳорро рӯзи 15-уми апрел дар анбори хонаи шавҳар пайдо карда, ба волидонаш дар ҷамоати деҳоти "Ваҳдати миллӣ" супурдаанд.

Наварӯсро куштаанд ё ба худкушӣ расондаанд?

Суҳбату шубҳаи аъзои хонаводаи Гулбаҳор сару садои мардумро гарм мекунад, ки мегӯянд, эҳтимол арӯси ҷавонро куштаанд, ё ба худкушӣ расонидаанд. Падару модари Гулбаҳор дар бораи марги духтарашон суҳбат намекунанд.

Эмомалӣ Фаромарзов, амаки Гулбаҳор ба Радиои Озодӣ гуфт, бародарзодааш мушкили хонаводагӣ дошт. Ба қавли амакаш, "хусури Гулбаҳор ӯро пайваста дашном медод, муносибати хуб надошт ва аз ин сабаб ӯ намехост, ба хонаи шавҳар равад".

Фаромарзов гуфт, Гулбаҳорро як рӯз қабл аз фоҷиа аз хонаи волидонаш ба хонаи шавҳар бурданд. Амакаш бовар надорад, ки бародарзодааш худкушӣ карда бошад. Ӯ гуфт: "Тани духтар пур аз лой буд, ҷиҳози хонааш шикаста буд, гарданбанди тиллояш кандагӣ буд. Агар худро ба дор мекашид, қадбаланд буд, пойҳояш ба замин мерасид. Инҷо чизи дигаре ҳаст."

"Гуфт, ки шавҳарам нест ва..."

Гулбаҳор Фаромарзова соли 2018 бо Раҷабалӣ Забиров арӯсӣ кардааст. Баъди 6 моҳи издивоҷ шавҳараш ба муҳоҷират рафтааст ва ӯ ягона келин дар хонаи хусуру хушдоман мондааст.

Эмомалӣ Забиров, хусури Гулбаҳор Фаромарзова ба Радиои Озодӣ гуфт, иддао дар бораи бадрафторӣ ва муносибати бад бо келини хонавода асос надорад ва онҳо худро дар марги арӯс гунаҳкор намедонанд.

Вай афзуд: "Чанд рӯз пеш гуфт, шавҳарам нест, ба хонаи падарам меравам. Ман гуфтам рав, онҷо истод, вале хушдоманаш нон пухта ӯро овард. Дар сари замин будам, ки ба ман гуфтанд, зуд ба хона биё. Рафтам, ки ҳодиса шудааст. Келин мисли духтарамон буд."

Хушдомани Гулбаҳор, ки баъди марги арӯси хонавода аз фишори баланди хун ранҷ мекашад, нахост суҳбат кунад.

Хушдомани Гулбаҳор ба далели онки баъди марги арӯси хонавода аз фишори баланди хун ранҷ мекашад, нахост суҳбат кунад. Вале Зӯрибек Забиров, як хешованди наздики онҳо гуфт, "Гулбаҳор бемории равонӣ дошт ва шабона ба назди оғилу анбор мерафт. Моро туҳмат карданд, ки гӯиё ӯро бо каланд зада куштем. Ҳар гуна овоза шуд, вале асос надорад. Милиса аз мо пурсид, ки чаро ӯро дар анбор ҷустуҷӯ кардед? Мо гуфтем, ӯ ба ҳамонҷо зуд-зуд мерафт."

Ҷанҷол, беморӣ, афсурдагӣ

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, фурсат лозим аст, то таҳқиқ ба анҷом расад ва маълум кунанд, ки агар наварӯс худкушӣ кардааст, сабаби худкушиаш чӣ будааст ва ё касе ӯро куштааст.

Пайдо кардани ҷасади келин дар хонаи шавҳар дар Тоҷикистон мисоли нав нест. Дар гузашта ҳам айни ҳодисаҳо дида шудаанд ва ба мақомоту коршиносон гуфтаанд, ки сабаби аксарияти ин фоҷиаҳо ҷанҷолҳои хонаводагӣ аст. Дигар сабаб ба гуфтаи равоншиносон бемориҳои равонӣ ва афсурдагии арӯсони ҷавон аст, ки нодида гирифта мешавад ва бо фоҷиа меанҷомад.

Соли гузашта дар ноҳияи Сангвор арӯси ҷавони ҳомиларо, ки фарзанди хурди дигар ҳам дошт аз банди дор пайдо карданд. Додгоҳ баъдан хушдомани ӯро барои ба худкушӣ расонидани духтар ба 5, 5 сол зиндонӣ кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG