Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Анъана" ё талаби бозор? Нархи гӯшт дар остонаи Рамазон боло рафт. ВИДЕО


Камчин шудан ва боло рафтани қимати гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе дар остонаи моҳи Рамазон аксар сокинони кишварро нигарон кардааст.

Нархи як кило гӯшт дар 3 рӯзи ахир аз 40 то ба 45 сомонӣ расид. Дар баъзе аз дӯконҳо гӯшти сифаташ хуб бо арзиши 50 сомонӣ фурӯхта мешавад.

  • Тоҷирон ва масъулони бозорҳо сабабро дар боло рафтани нархи чорво ва хӯроки он медонанд. Аммо сокинон ба ин далелҳо бовар надоранд ва мегӯянд, боло бурдани қимати маҳсулот дар остонаи моҳи Рамазон барои тоҷирон "анъана" шудааст.

Сабабҳои гаронии нархи гӯшт аз забони тоҷирон

Субҳон Маҳмадқулов, як тоҷири растаи маъруфи гӯштфурӯшӣ дар маҳаллаи 33-юми пойтахт, чанд рӯзи ахир корашро зуд анҷом медиҳад. Қаблан ӯ дар як рӯз то 3 чорворо забҳ карда, ба фурӯш мегузошт. Ҳоло ба далели камчин ва гарон шудани нарх ӯ фақат як чорво забҳ мекунад. Нархи гов дар бозор, ба гуфтаи Маҳмадқулов, ҳоло боло рафтааст ва гуштфурӯшон ҳам маҷбуранд бо фоидаи кам, ба хотири аз даст надодани муштариёни худ кор кунанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Болоравии нархи гӯшт ва маҳсулоти дигар дар остонаи моҳи Рамазон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Болоравии нархи гӯшт ва навъҳои дигари маводи ғизоӣ дар остонаи моҳи Рамазон дар ҳолест, ки бе ин ҳам байни маоши мардум ва нархи бозор дар Тоҷикистон фарқи бузург аст.

"Як бандча пул мебурдӣ, чанд мол мегирифтӣ. Ҳозир меравӣ, як гов базӯр мехарӣ. Пурсем чаро арзон нест? Мегӯянд, нархи як кило кунҷора, ки 1 сомонӣ буд, то ба 3 сомониву 80 дирам расидааст. Дар як рӯз як гов то 8 кило кунҷора бояд хӯрад, то фарбеҳ шавад. Гов бо алафу коҳ фарбеҳ намешавад. Аввал килои гӯшти зинда 17 сомонӣ буд, ҳозир 24 сомонӣ шудааст. Ягон фоида намемонад. Барои як ё ду сомонӣ маҷбур ҳастем, ки кор кунем", -- гуфт ин тоҷири тоҷик.

Ба далели камчин ва гарон шудани нархи чорво баъзе аз ҳамкорони Субҳон дари дӯконҳои худро дар ин чанд рӯз бастаанд. Як сабаби пеш омадани ин мушкил, ба гуфтаи тоҷирон, ин аст, ки ҳоло чорво бештар ба Узбекистон интиқол мешавад. Мурод Қазоқов, тоҷири гӯшт дар пойтахт, гуфт, "мегӯянд, чорвои майдаро аз сари рама харида, ба Узбекистон мебаранд. Ҳозир барои як гов 4-5 харидор аст. Аз сабаби ҳамин, нархҳо боло меравад. Ҳеч кас намехоҳад бар зарари худ кор кунад ва бинобар ин, баъзеҳо умуман ба кор набаромадаанд".

Дар баробари гушт, қимати маҳсулоти дигар ҳам боло рафтааст.
Дар баробари гушт, қимати маҳсулоти дигар ҳам боло рафтааст.

Гӯшт аз маҳсулоти асосӣ ва серхарид дар моҳи Рамазон дар Тоҷикистон аст. Аксари онҳое, ки дар рӯзҳои дигар барои худ зиёд иҷозаи истеъмоли маҳсулоти гӯштиро намедиҳанд, кӯшиш мекунанд дар ин моҳ ҳатман аз хӯрокҳои серғизо ва гӯштӣ истифода кунанд. Ҳар сол дар остонаи ин моҳ нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон, бахусус, гӯшт якбора боло меравад.

Мардум ба суханони тоҷирон бовар надоранд

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, аксар сокинон далелҳои пешовардаи тоҷирони дӯконҳои гӯштро баҳонае беш намедонанд ва мегӯянд, сабаби аслӣ чун ҳамеша афзун шудани талабот дар моҳи Рамазон аст.

Аслам, ки ба яке аз бозорҳои шаҳр барои хариди гӯшти гов омадааст, дастӣ холӣ берун шуд. Ӯ рӯзи 30-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дӯконҳо аксарият баста ҳастанд. Гӯшт куҷо шуд, номаълум. Гӯшти хубу нав харам гуфтам, наёфтам. Ҳар сол вазъ ҳамин аст, ҳама инро хуб медонад, ки бо наздик шудани моҳи Рамазон ва Иди Фитр гӯшт камчин ва якбора қимат мешавад. Онҳо аз фурсат истифода мебаранд. Идҳо, ки наздик мешаванд, нарх боло меравад".

Қимати дигар навъҳои ғизо аз ҷумла, равғану, шакар, сабзавот ва орд ҳам дар як ҳафтаи ахир дар бозорҳои пойтахт то андозае боло рафтааст. Ҳоло як кило шакар дар бозорҳои шаҳр ба 7 сомонӣ ва як литр равған 14 сомонӣ арзиш дорад. Нархи як халта орд, ки як моҳи пеш то 160 сомонӣ буд, ҳоло ба 180-185 сомонӣ баробар шудааст. Аммо аксарият тахмин мезананд, ки ин нархҳо ҳам ниҳоӣ набуда, то фарорасии моҳи Рамазон эҳтимол арзиши маҳсулоти ниёзи аввал боз ҳам болотар равад.

Моҳи Рамазон - фурсати даромади бештар?

Меҳрубон Бурҳонов, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, тағйир додани нархҳо бо ҳар баҳона дар остонаи моҳи Рамазон беш аз 10 сол аст миёни соҳибкорони тоҷик як "анъана" шудааст. Ҳадафи аслӣ ба гуфтаи ин иқтисодшинос, бо истифода аз фурсат дарёфти даромади бештар аст.

"Албатта, то як андоза омилҳои беқурбшавии пули миллӣ дар муқоиса бо доллари амрикоӣ ва бӯҳронҳо таъсир мегузорад. Аммо аз ин зиёд вобаста нест. Беш аз 80 дарсади молу маҳсулоти Тоҷикистон аз хориҷ ворид мешавад. Вале дар кишварҳои содиркунандаи ин маҳсулот баръакс бахшида ба моҳи шарифи Рамазон дар ин мавсим нархро поён мебаранд, то ба мардум дастрас бошанд. Вале соҳибкорони мо аз ин вазъият барои манфиати худ истифода мебаранд".

Ҳукумат гӯшти арзон пешниҳод мекунад?

Шаҳрдори Душанбе дар як ҷаласа рӯзи 27- уми апрел ба масъулони соҳа дастур додааст, то сабабҳои аслии болоравии нархҳоро омӯхта ва чора андешанд. Масъулони бозорҳои шаҳр мегӯянд, муваззаф шудаанд, ки то 3 рӯз пеш аз оғози Рамазон ярмаркаҳои фурӯши маҳсулотташкил намоянд.

Манучеҳр Нуриддинов, маъмури бозори "Меҳргон", рӯзи 29-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири танзими нархи гӯшт, дар ростои Рамазон, онҳо дар дӯконҳои алоҳида ба харидорон гушти арзон пешниҳод хоҳанд кард. Нуриддинов афзуд, "мо кӯшиш дорем, ки аз болоравии нарх дар Рамазон пешгирӣ шавад. Рӯзи 3-юми май ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзиро пешкаш мекунем, ки дар он то 20 дарсад нархҳо арзонтар мешаванд".

Дар гузашта ҳам масъулони бозорҳо ва шаҳрдорӣ барои дар як сатҳ нигоҳ доштани нархҳо талош карда буд, вале ба қавли сокинону таҳлилгарон ин иқдом чандон муассир набуданд. Аммо масъулони бархе аз бозорҳо мегӯянд, имсол барои ҷилавгирӣ аз болоравии нарх шояд дар моҳи Рамазон ба соҳибкорон ҳам сабукиҳо дода мешавад ва онҳо аз баъзе пардохтҳо озод хоҳанд шуд.

Болоравии нархи гушт ва бархе аз анвои дигари ғизо дар кишвар дар остонаи моҳи Рамазон дар ҳолест, ки бе ин ҳам байни маоши мардум ва нархи бозор дар Тоҷикистон фарқи бузург буд. Маоши ҳадди аққал дар кишвар каме бештар аз 40 доллар гуфта мешавад ва сабади истеъмолӣ барои ҳар нафар дар як моҳ дар Тоҷикистон 2 соли пеш 435 сомонӣ, баробар ба 55 доллар ҳисоб шуда буд.

XS
SM
MD
LG