Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати се паҳлавони тоҷик дар "Baku Grand Slam 2019"


Дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2019”, ки рӯзҳои 10-12-уми май дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, се паҳлавони тоҷик ширкат меварзад.

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти “Baku Grand Slam 2019” ширкати ҳудуди 450 варзишгар (мардону занон) аз 57 кишвар дар назар аст. Рақобатҳо аз рӯи 14 дараҷаи вазнҳо (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир мегардад.

Тоҷикистонро се варзишгар - Сомон Маҳмадбеков (вазни зери 73 кг), Комроншоҳи Устопириён (вазни зери 90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (вазни беш аз 100 кг) – дар мусобиқа миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

Рӯзи ҷумъаи 10-уми май занон дар се вазн – 48, 52 ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 ва 66 кг – вориди рақобатҳо мешаванд. Рӯзи шанбеи 11-уми май барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 ва 70 кг миёни занон ва 73 ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқот рӯзи якшанбеи 12-уми май бо қувваозмоиҳо дар ду вазн - 78 ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн - 90, 100 ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Ба ин тартиб, Сомон Маҳмадбеков рӯзи шанбеи 11-уми май, Комроншоҳи Устопириён ва Шакармамад Мирмамадов рӯзи якшанбеи 12-уми май рақобат мекунанд.

Зимнан, Baku Grand Slam” ё «Тоскӯлоҳи бузург» дар Боку, ки аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба шумор меравад, ба варзишгарон имкон медиҳад ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои олимпӣ ба даст биёранд.

Дар ҳамин ҳол дар раддабандии олимпӣ Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило бо 924 имтиёз дар ҷойи 14-ум, Сомон Маҳмадбеков дар вазни зери 73 кило бо 622 имтиёз дар ҷои 29-ум ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило бо 232 имтиёз дар ҷойи 50-ум қарор доранд.

Ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқот ба ҷуз аз медалу имтиёзҳои олимпӣ, ҷоизаи молӣ супурда мешавад. Барои ҷойи 1-ум 5000 доллар, ҷойи 2-юм - 3000 доллар, ҷойҳои 3-юм – 1500-долларӣ муқаррар шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG