Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди афзоиши ҷарима барои қонуншиканӣ дар роҳҳо. ВИДЕО


Як вакили порлумон барои пешгирӣ аз садамаҳои маргбор дар Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҷаримаи ронандаҳоро боло баранд.

Ҷамшед Муртазозода баъди як пажӯҳиш дар мавзӯи амнияти роҳҳо ба ин хулоса расидааст. Пешниҳоде, ки ба бовари ронандаҳо мушкили онҳоро бештар намуда, ба фасод роҳ мекушояд.

Муртазозода 7 май дар нишасте бахшида ба ҳафтаи бехатарии ҳаракат дар роҳ гуфт, ҷарима барои набастани тасмаи бехатарӣ ва надоштани курсии кӯдакона дар мошин боло бурда шавад. Ӯ гуфт, ҳоло намешавад бо шиору насиҳат вазъро тағйир дод ва “мақомот бояд ба амал гузаранд”.

“Дар Лондон роҳҳо калон нест, аммо танбашавӣ ба назар намерасад, чаро? Чунки онҷо ҳама масъала пулӣ аст. Даромадан ба шаҳри Лондон – пул, таваққуфгоҳ – пул. Ин натиҷаи хуб медиҳад”, -- афзуд ӯ.

Ҷамшед Муртазозода
Ҷамшед Муртазозода

Ба қавли вакили тоҷик, феълан теъдоди садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон тақрибан баробар бо омори Чину Русия аст. Дар Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон аз нигоҳи садамаҳои нақлиётӣ баъди Қирғизистон дар ҷойи дувум будааст.

Бар асоси нишондоди созмони Ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола аз 100 ҳазор сокини Тоҷикистон 18 нафар дар садамаҳои роҳу нақлиёт ба ҳалокат мерасанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Пешниҳоди боло бурдани ҷарима барои қонуншиканӣ дар роҳ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Пешниҳоди вакили тоҷик барои боло бурдани ҷаримаи ронандаҳо дар ҳолест, ки моҳи январи имсол ҳукумати кишвар мизони ҷаримаҳо, аз ҷумла ҷарима барои қоидавайронкунӣ дар роҳҳоро боло бурд. Бар асоси ин тағйирот, ҷарима барои набастани тасмаи бехатарӣ аз 40 ба 55 сомонӣ расид. Ҳамакнун барои дар ранги сурхи чароғаки роҳ гузаштан ронандаҳо то 275 сомонӣ ҷарима месупоранд.

Ба гуфтаи ронандаҳо, ҷаримаҳои нақзи ҳаракат дар роҳ дар Тоҷикистон бе ин ҳам гарон аст ва дигарбора боло бурдани он мушкилро бештар мекунад ва ба фасод роҳ мекушояд.

Хайрулло Каримов, як ронанда дар Душанбе, бовар дорад, ки бо боло бурдани ҳаҷми ҷарима намешавад мизони садамаҳоро кам кард. Ба таъкиди ӯ, ҳоло мушкил дар ронандаҳое ҳаст, ки аз мактаби ронандагӣ нагузашта, соҳиби ҳуҷҷат мешаванд.

“Дар давраи мо, солҳои 80-ум, мехондӣ, имтиҳони ҷиддӣ месупоридӣ ва соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ мешудӣ. Ҳоло бисёре аз ронандаҳо омада аз мо мепурсанд, ки ин ё он аломат чӣ маъно дорад? Мегӯям, ки ҳуҷҷати ронандагиро чӣ хел гирифтед, дар ҳоле ки оддитарин аломатро намедонед”, -- гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ мегӯянд, 40 дарсади садамаҳо дар кишвар “бо айби пиёдагардон рух медиҳад”.

Низом Салимов, як масъули Бозрасии Давлатии Автомобилӣ 7 май ба Радиои Озодӣ гуфт, “роҳ муайян шудааст, чароғаки роҳнамо ҳаст. 5-10 қадам зиёд зада, аз ҷои муайян намегузаранд. Дар ҷое, ки аломати роҳ аст, ронанда суръати ҳаракатро паст мекунад. Аммо дар баъзе ҳолатҳо, масалан, шаб ногаҳон баромадани пиёдагард барои ронанда мушкил аст.”

Дар ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Пурсарусадотарин садама ҳам бо ширкати Кабир Кабиров – писари Авазхон Кабиров – молики бозори “Султони Кабир” моҳи марти имсол дар маркази шаҳр рух дод. Дар натиҷаи он ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҷамшед Муртазозода, вакили порлумони Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз садамаҳои маргбор ҳамчунин пешниҳод дорад, ки синни иҷоза барои рондани мошин боло бурда шуда, суръати ҳаракати мошин аз 60 ба 50 километр соат поин оварда шавад. Пешниҳоде, ки ҳам тарафдорон ва ҳам мухолифони худро дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG