Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Патрул ба ҷои ГАИ: кӣ тарафдору кӣ мухолиф?


Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ё ГАИ аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бардошта мешаванд. Ин кор бо дастури Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сурат гирифта, патрулҳо ҷойгузини кормандони БДА дар роҳҳои пойтахт хоҳанд шуд.

Хабари бардоштани партрулҳо аз хиёбонҳои пойтахт як қисми ронандаҳоро хушҳол кардааст, ки мегӯянд, сари ҳар қадам кормандони БДА онҳоро манъ карда, вақташонро мегирифтанд. Вале бархе дигар мегӯянд, бархе ронандаҳои вайронкор танҳо бо дидани ходими БДА қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя мекунанд, вагарна кор ба фоҷеа мебарад.

“Чаро ба як қонуншиканӣ ду бор ҷарима супорем”

Шуҳрат Зарипов се-чор рӯзи ахир дар кӯчаҳои Душанбе кормандони

Як корманди хадамоти назорати роҳ бидуни зикри номаш гуфт, онҳо дар пайи як интиқоди шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷойгузини кормандони БДА дар роҳҳои Душанбе шуданд

БДА-ро намебинад. Мегӯяд, ин чиз ӯро ҳушҳол кардааст, чун қаблан бо тарс мошин меронд. Ба қавли Шуҳрат, тарсаш аз надонистани қоидаҳои роҳ набуд, чун 10 сол боз ронанда аст ва “дасташ рост шудааст.” Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, тарсаш аз он аст, ки сари ҳар қадам кормандони БДА ӯро манъ карда, бо ҳар баҳона аз ӯ ҳаққ меситонанд. Ин ронандаи тоҷик мегӯяд, бо омилҳои гуногун аз ҷумла бо сабаби нохост аз роҳ гузаштани пиёдагард, ронандаҳои ҳирфаӣ ҳам ба вайрон кардани қоида роҳ медиҳанд. Шуҳрат мегӯяд, барояш бисёр аламовар ин буд, ки бисёр вақт барои як қонуншиканӣ ҳам ба корманди БДА ҷарима месупориду ҳам баъди сабти қонуншиканӣ дар камераҳои “Шаҳри бехатар”.

“Ман се-чор бор ҷарима супурдаам. Камераҳо кор мекунанд, агар ягон камбудӣ кунем, худаш ҷарима мекунад. Ҷое, ки камера ҳаст, корманди ГАИ даркор нест, чун камера ҳамаро сабт мекунад. Вале барои як камбудӣ мо ду бор ҷарима мешавем. Як бор корманди ГАИ мегираду боз вақте ки барои санҷиш ба “Шаҳри бехатар” муроҷиат мекунем, дубора ҷарима месупорем»,-афзуд ин ронандаи тоҷик.

Шуҳрат Зарипов дар ҳоле аз ғоиб шудани кормандони БДА дар роҳҳо хурсандӣ мекунад, ки баъзе аз ҳамтоёни ӯ мегӯянд, ҳузури кормандони полиси роҳ баръакс ба манфиати амният дар роҳҳо аст ва аз вуқӯи чандин ҳодисаҳо пешгирӣ мекунанд.

Суннатулло Раҷабов, ронандаи тоҷик мегӯяд, ҷавононе, ки сари худрав мешинанд, хуб ронда наметавонанд ва хатари рӯй додани садама зиёд аст.

Ба қавли ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, “будани кормандони БДА аз як ҷиҳат хуб аст. Навҷавонҳо хуб ронда наметавонанд ва дар даруни шаҳр бисёр халал мерасонанд. Барои ҳамин, будани кормандони ГАИ хуб аст.”

Ҳамзамон Суннатулло ба ин бовар аст, ки шумори кормандони БДА дар хиёбонҳо набояд бисёр бошад ва “сари ҳар қадам манъ карда, вақтро нагиранд.”

“Патрул-ҷойгузини БДА дар хиёбонҳои Душанбе”

Дастури бардоштани кормандони БДА аз хиёбонҳои Душанбе охири ҳафтаи гузашта содир шудааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ рӯзи 4 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин кор бо ҳадафи аз байн бурдани тамшабавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе гирифта шудааст.

Умарҷони Эмомалӣ афзуд, минбаъд кормандони БДА дар даромадгоҳ ё саршавии кӯчаҳо меистанд. Ба қавли сухангӯи ВКД, “ба хотире, ки дар кӯчаҳои шаҳр тамбашавии нақлиёт ба миён наояд, ба ҳамин хотир минбаъд патрулҳо гаштугузор мекунанд. Минбаъд дар даромад ё саршавии кӯчаҳо чунин як постҳо мешаванд. Тартиботи воситаҳои нақлиётро дар шаҳр патрулҳо ҳама вақт зери назорат мегиранд.”

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ афзуд, тартиби мазкур дар навбати аввал дар кучаҳои марказии шаҳри Душанбе аз охири ҳафтаи гузашта ҷорӣ шудааст. Аммо ба қавли Умарҷони Эмомалӣ, патрулҳо ҳам ҳақ доранд нисбати қонунвайронкуниҳо чораҷӯи намоянд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ин масъули ВКД, патрулҳо низ метавонанд дар ҳолати ба қайд гирифтани қоидавайронкуии роҳ санад тартиб диҳанд.

Мушоҳидаҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ аз кӯчаҳои Душанбе дар рӯзи 4 декабр нишон дод, ки дар хиёбонҳои марказӣ тақрибан кормандони БДА дида намешаванд. Танҳо дар аввал ва охири хиёбонҳо аз як то панҷ нафар аз патрулҳо бо либосҳои навиштаи “ДПС” (Дорожно-патрульная служба – Хадамоти роҳу назорат) ба назар мерасанд. Инчунин дар хиёбонҳо ин нафарон бо нақлиёти махсус равуо мекунанд. Худи кормандони патрул намехоҳанд дар ин бора расман суҳбат кунанд. Аммо як корманди хадамоти назорати роҳ бидуни зикри номаш гуфт, онҳо дар пайи як интиқоди шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷойгузини кормандони БДА дар роҳҳои Душанбе шуданд.

Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, “ҳафтаи гузашта шаҳрдори Душанбе аз кори кормандони БДА танқид карданд, ки бо манъкуниҳои беасоси худ тамбашавиҳоро ба вуҷуд меоранд. Бахусус дар назди ЦУМ («Маркази савдои Тоҷикистон») гаишникҳо аз ду тарафи роҳ мошинҳоро манъ карда, ба он оварда расонданд, ки дар он ҷойҳо тамбашавии нақлиёт ба вуҷуд ояд. Ҳатто автобусус троллейбусҳо ҷойи истодан наёфта маҷбуранд дар қатори дуюму сеюми роҳ ист кунанд.”

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, онҳо мисли кормандони БДА дар як ҷой истода, мошинҳоро манъ намекунанд, балки бо нақлиёти махсус мегарданд ва дар ҳолати мушоҳидаи қоидавайрокунии ҷиддӣ нақлиётро бозмедоранд.

Ба таъкиди ин ҳамсуҳбати мо, патрул мисли кормандони БДА дар нуқтаи махсус наистода, бидуни сабаб мошинро манъ намекунанд. Танҳо дар ҳолате, ки аз ҷониби ронанда қоидавайронкунии ҷиддӣ сурат гирад, патрул нақлиётро боздошта, нисбаташ чора меандешад. Патрул ҳақ хоҳад дошт барои вайрон кардани қоидаи роҳ нисбати ронанда санад тартиб бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, бо бардоштани кормандони БДА аз роҳҳо масъалаи ихтисори онҳо феълан дар назар нест. Танҳо ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, масъалаи ба вазифаи патрул гузаронидани як қисми кормандони БДА дар ҳоли баррасӣ аст.

“То вақте, ки ҳуҷҷати ронандагӣ фурӯхта мешавад...”

Кормандони БДА дар ҳоле ҷойи худ дар кӯчаҳои Душанберо ба патрулҳо вогузор мекунанд, ки ба гуфтаи коршиносон, зарурат ба ислоҳот дар сохтори БДА вуҷуд дорад.

Ёқуби Саид, рӯзноманигори тоҷик, ки мавзуъҳои роҳу нақлиётро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, мушкили роҳҳо ва ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳо ин аст, ки ҳанӯз ҳам бисёр ронандаҳо на баъди хатми мактаби ронандагӣ, балки дар паи порадиҳӣ соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ шудаанд ва ҳамин тоифа ронандаҳо ҳам ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд:

“Чун дар Тоҷикистон ҳуҷҷати ронандагӣ фурӯхта мешавад, бисёр ронандаҳо маърифати мошин рондан надоранд. Масалан, нозири роҳ ё камера набошад, ронанда ба қонунвайронкуниҳои зиёд роҳ медиҳад. Агар мошинаш каме гарон бошад, касеро писанд намекунад”.

Даъват ба коҳиши шумори кормандони БДА аз хиёбонҳои марказии Душанбе қаблан низ садо дода буд. Бахусус баъд аз ба кор даромадани дурбинҳои “Шаҳри бехатар” дар соли 2013 аз Вазорати корҳои дохилӣ чандин маротиба даъват шуда буд, ки дар кӯчаҳое, ки камераҳо насб шудаанд, кормандони БДА дигар набошанд. Аммо он вақт масъулини Вазорати умури дохилӣ гуфта буданд, дурбин ва кормандони БДА ёрирасони ҳамдигар ҳастанд.

XS
SM
MD
LG