Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як шикоят аз ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон


Муҳаммад Сафаров
Муҳаммад Сафаров

Волидони як ҷавон аз ноҳияи Фархори вилояти Хатлон иддао доранд, ки мақомот рӯзи 10 май писари гӯё бемори онҳоро маҷбурӣ ба комиссараити ҳарбӣ бурдаанд ва эҳтимол ӯ ба артиш фиристода шавад. Муҳаммад Сафаров 21-сола аст ва ба гуфтаи наздиконаш лакнати забон дорад ва дуруст гап зада наметавонад.

Мақомоти ноҳияи Фархор ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд. Вале дар гузашта масъулони Вазорати дифои кишвар мавридҳои ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артишро рад карда гуфта буданд, ки "баръакс, солҳои ахир сафи довталабони хидмати сарбозӣ афзудааст".

Давлаталӣ Сафаров, бародари Муҳаммад Сафаров, ба Радиои Озодӣ гуфт, бародарашро 10 май аз ҷойи кор дар кинотеатри марказии ноҳияи Фархор “гирифта бурдаанд”.

“Ӯ дар даст санади беморӣ надошт. Вале кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия мешинохтанд, чун дар гузашта ба сабаби бемориаш ӯро ба артиш набурда буданд”, -- афзуд Давлаталӣ Сафаров.

Тасдиқи дурусти ҳарфҳои ин сокини ноҳияи Фархор аз манбаъҳои дигар то ҳоло имкон надодааст.

Волидони Муҳаммад Сафаров мегӯянд, ки фарзандашон модарзод бо лакнати забон ба дунё омадааст. Онҳо мегӯянд, ба додситонӣ муроҷиат хоҳанд кард, то ба қазия расидагӣ кунад.

Тайи як моҳи охир сокинон дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон аз чанд мавриди ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш хабар додаанд. Вале мақомот ҳамагуна “облава”-ро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, танҳо дар сурате ки ҷавонон даъватномаро гирифта, дар вақташ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намешаванд, бо ёрии маъмурони милиса ба комиссариат бурда мешаванд.

Дар Тоҷикистон соле ду дафъа даъвати ҷавонон барои хидмат дар артиш сурат мегирад.

Коршинсон мегӯянд, хабарҳои латту кӯб, шиканҷа ва марги баъзе аз сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ зоҳиран ҷавононро ба ҳарос андохтааст ва онҳо ба ҳар роҳе аз хидмат саркашӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG