Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо орзуи хона ба Маскав рафт ва дар тобут ба ватан оварда шуд. ВИДЕО


Гулбегим Раҳмонова

Пас аз панҷ рӯзи пур аз оби чашм ва интизорӣ, субҳи 14-уми май наздикони Гулбегим Раҳмонова ҷасади сарди ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешвоз гирифтанд. Онҳо мегӯянд, чунин пайомадро ҳаргиз чашмдор набуданд.

Ҷасади Гулбегим Раҳмонова, муҳоҷирзани 29-солаи тоҷикро баъд аз дувоздаҳ рӯзи нигаҳдорӣ дар яке аз сардхонаҳои Русия бо ёрии муҳоҷирони тоҷик ба Душанбе оварданд.

Ду фарзанд ва орзуҳои амалинашуда

Хонаводаи ӯ дар хобгоҳи маҳаллаи 46-уми пойтахт зиндагӣ мекунанд ва маросими видоъ бо ӯ низ дар ҳамин бино баргузор шуд. Аз Гулбегим ду фарзанд – Юсуфи 6-сола ва Абдуллоҷони 3-сола ва ҳамчунин орзуи харидани сарпаноҳе барои худу фарзандон ва волидонаш боқӣ монд. Шавҳари Гулбегим ду сол пеш аз маризии гемофилия, як навъ маризии хун даргузаштаст.

Нашастамоҳ Атоева
Нашастамоҳ Атоева

Хабари даргузашти Гулбегимро наздиконаш рӯзи ҷумъаи гузашта фаҳмиданд ва панҷ рӯз боз интизори тобути ӯ буданд. Ба қавли наздикон, ҷасади Гулбегимро як ҷавони тоҷике, ки дар сардхонаи шаҳри Клини вилояти Маскави Русия кор мекард, пас аз 9 рӯзи даргузашти ӯ кашф кардааст.

Нашастамоҳ Атоева, модари Гулбегим Раҳмонова, рӯзи 14 май ба Радиои Озодӣ гуфт, "пас аз кор омадам, ки ҳамсояам, гуфт духтарат телефон мекунад. Телефонро гирифтам, ки як бача гап зад ва гуфт, “хола, ҳамин духтари ту аст? Рӯзи якуми май бандагиро ба ҷо овардааст. Ман мехоҳам, ки ёрӣ кунам, то ӯро ба Тоҷикистон фиристем."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Бо орзуи хона ба Маскав рафт ва дар тобут ба ватан оварда шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00

Табибон гуфтаанд, бар асари бемории шуш даргузашт

Хабари марги Гулбегим дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ паҳн шуд ва бо кумаки молии як гуруҳ аз муҳоҷирини кории тоҷик тобути ӯро ба Тоҷикистон фиристоданд. Хонаводаи Гулбегим Раҳмонова гуфтанд, “аз муҳоҷирон барои кумакҳояшон миннатдор ҳастанд.”

Дар хулосаи тиббие, ки бемористони шаҳри Клини вилояти Маскав додааст, гуфта мешавад, Гулбегим бар асари бемории шушу дил фавтидааст.

Абдурауф Раҳмонов, падари Гулбегим Раҳмонова гуфт, “дар инҷо саломатиаш хуб набуд. Табобат кардем. Дар онҷо боз маризиаш авҷ гирифтаст. Бемории шуш дошт.”

Абдурауф Раҳмонов
Абдурауф Раҳмонов

"Мегуфт, хомӯш бош, ки нигоҳам доранд"

Аммо яке аз дӯстони Гулбегим мегӯяд, дар охирин тамоси телефонӣ вазъи равонии ӯ чандон хуб набуд ва ҳамеша бо ҳарос суҳбат мекард. Тоҷиннисо Шамсиддинова, дугонаи Гулбегим Раҳмонова, гуфт, “рӯзи 1 май занг зад ва мегирист. Гуфтам, ягон ҷоят дард мекунад, гуфт - не. Фақат болоро нигоҳ мекарду ба чаҳор тараф чашм медӯхт. Мегуфт, хомӯш бош, ки нигоҳам доранд. Намедонам ӯро кӣ нигоҳ мекард ва аз кӣ метарсид.”

Гулбегим рӯзи 27 феврали имсол бо даъвати яке аз дугонаҳояш барои кор ба Русия рафта, ба қавли наздиконаш, ба роҳрӯбӣ машғул будааст. Волидонаш мегӯянд, Гулбегим бо ҳадафи бозгардондани қарзи бонкӣ ва ҳамчунин харидани хона ба муҳоҷирати корӣ рафта буд. Ӯ дар тақрибан чаҳор моҳи муҳоҷират 5000 рубли русӣ фиристода, аз наздикон хостааст, барои писаронаш “чизе бихаранд”.

Дар тамосҳои видеоии телефонӣ бо модараш, ӯ бештар аз як таҳхонаи торик сӯҳбат мекардааст, ки зоҳиран ҷои зисташ будааст. "Пурсидам, чаро дар ҷои торик ҳастӣ. Наход дар Маскав ҳам барқро хомӯш кунанд? Гуфт, дар як таҳхона ҳастам, барқ надорад. Гуфтам агар беморӣ гап зан, рафта туро биёрем. Телефонашро хомӯш кард ва бо ҳамин аз ӯ дигар хабар нашуд", -- нақл кард Нашастамоҳ Атоева.

Муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия

Ҳоло наздикони ӯ ба марги табии Гулбегим то ҷое шубҳа доранд ва ба гуфтаи модару хоҳаронаш, дугонаи Гулбегим -- нафаре, ки ӯро ба муҳоҷират бурда буд, баъди ин ҳодиса ба занги онҳо ҷавоб намедиҳад, то тавонанд, дар бораи сабабҳои марги ӯ маълумоти дақиқ пайдо кунанд.

Мақомоти Вазорати меҳнати Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта тақрибан ним миллион нафар барои кор ба Русия ва кишварҳои дигар рафтаанд. Аз ин ҳисоб ба гуфтаи онҳо 13 дарсадашонро занон ташкил медиҳанд.

Соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон тобути 966 муҳоҷир оварда шудааст. Дар гузориши ахири Омбудсмени тоҷик бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки интиқоли тобути муҳоҷирон дар соли гузашта дар муқоиса ба соли 2017 беш аз 90 ҳолат зиёд аст.

Моҳи гузашта ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон дар гузориши алтернативӣ ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз афзоиши таҳдиди хатарҳо ба занони муҳоҷир нигаронӣ карданд. Дар гузориш гуфта мешавад, "аксар занони тоҷик дар Русия соатҳои зиёд ва бидуни истироҳат кор карда, мавриди истисмору табъизи ҷинсӣ қарор мегиранд".

Шарҳҳоро бинед (34)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG