Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳизби наҳзат ошӯб дар Ваҳдатро маҳкум кард

Раёсати Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ шӯриши маргбор дар зиндони ноҳияи Ваҳдатро қотеона маҳкум карда ва хостааст, сабабҳои ин ҳодисаро як комиссияи мустақил таҳқиқ кунад.

Дар баёнияи расмӣ, аз рӯзи 20-уми май, ки ҳизб ба расонаҳо фиристод, аъзои раёсат ҳукумати Тоҷикистонро масъули ошӯб ва онро натиҷаи сиёсатҳои нодурусти раҳбарияти кишвар номидааст.

Ҳизби наҳзат, мақомоти Тоҷикистонро ба доман задани ихтилофоти мазҳабиву сиёсӣ “ва ба якдигар душман кардани қишрҳои гуногуни ҷомеа номида” ва гуфтааст, чунин амалкард, ба ғайр аз “чунин натиҷаҳо” чизи дигаре нахоҳад дошт.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки 5 узви “ДОИШ” ошӯбро барангехтаанд ва се посбони зиндону чанд зиндонӣ аз ҷумла аъзои Ҳизби наҳзатро куштаанд. Ба гуфтаи мақомот дар ҳодиса дар умум 29 нафар ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 20-уми май гуфтанд, дар миёни 32 кушташуда дар ошӯб, Саттор Каримов, узви раёсати ҲНИТ, Сайид Қиёмиддини Ғозӣ - собиқ узви раёсати ҲНИТ ҳастанд. Ҳарду нафар бо гуноҳи терроризм ва ё хиёнат ба ватан ба солҳои тулонии зиндон маҳкум шудаанд, вале ин иттиҳомотро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Дар баёнияи ҳизб омадааст, ки барои равшан кардани ҳодиса “ҲНИТ талаб мекунад, ки гурӯҳи таҳқиқотии мустақил бо ширкати созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла Салиби Сурх ва хабарнигорони мустақил ташкил карда шавад, то ҷузъиёти ин ҳодиса дақиқ баррасӣ ва ба мардум расонида шавад. “

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Мансабдори узбек ба хат задани "деҳаи ҷанҷолӣ"-и Сӯх аз харита таҳдид кард

Дар шабакаҳои иҷтимоии Узбекистон чанд навору видеое паҳн шудааст, ки дар онҳо марде садояш монанд ба садои раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев сокинони ноҳияи Сӯхро ба бастани марз ва хат задани "деҳаҳои ҷанҷолии ноҳия" аз харитаи он кишвар таҳдид мекунад.

Маъмурияти вилояти Фарғона то ҳол ин наворҳоро шаҳр надодааст. Вале садои марде, ки сокинонро дар он наворҳо таҳдид мекунад, ба садои раиси ин вилоят монанд аст.

Марде, ки дар наворҳо садояш сабт шудааст, ба зиндонӣ кардани 74 сокини маҳаллӣ ва хат задани "деҳаҳои ҷанҷолӣ" аз харитаи Узбекистон таҳдид карда, мегӯяд, ҷазирақаламрави Сӯхро дар ҳудуди Қирғизистон аз таъминот маҳрум хоҳад кард.

​"74 нафарро бо худ ба Фарғона барем, ё не? Агар ин гуна ҳодиса дубора рух диҳад, ман дигар ба инҷо намеоям! Кӣ аз Ленбург (деҳаи узбекӣ дар Сӯх) омадааст? Агар деҳа ҷанҷолӣ аст, бо он дар харита чӣ кор кунем? Аз харитаи Сӯх онро хат зада, таъминотро қатъ хоҳем кард. Магар шумо дар инҷо нишастаед, ки барои мо мушкил эҷод кунед? Мехоҳед, ки 74 ҷавони маҳаллиро зиндонӣ кунем? Ба сардори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додситон рӯйхат омодааст? Хуб, созиш кардем, 74 касро ба зиндон мефиристем", - таҳдид мекунад мансабдор.​

31-уми май миёни сокинони деҳаи Чашмаи ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон ва деҳаи наздимарзии Қирғизистон задухӯрд сурат гирифта, ба иттилои расмӣ, 187 шаҳрванди Узбекистон ва 25 шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шуданд.

Дар пайи задухурд сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов, раиси Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар Абдусалом Азизов ва раиси Фарғона Шуҳрат Ғаниев 1-уми июн ба маҳалли ҳодиса рафтанд.​

Фаъолони Сӯх дар вохӯрӣ бо раиси ҳукумати Узбекистон ба фаъолияти раҳбарияти Фарғона шадидан норозигӣ баён карданд.

"Моро таҳдид кард, ки ноҳияро аз харита хат зада, марзро мебандад", - гуфтанд онҳо. Сипас тамоми ҷамъшудаҳо шиор партофтанд, ки "Бигузор Ғаниев биравад!"

Вазири пешини корҳои дохилии Қирғизистон "сафед" шуд

Молдомусо Конгантиев

Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми зинаи поёнии додгоҳро дар мавриди бегуноҳии вазири пешини корҳои дохилии он кишвар Молдомусо Конгантиев бетағйир боқӣ гузошт. Ин қарор 3 июн қабул шуд, гуфт Икромиддин Айткулов, вакили мудофеи вазири пешин.

Айткулов гуфт, додгоҳи олӣ дар рафторҳои Конгантиев таркиби ҷиноятро пайдо накард.

Ба гуфтаи вакили дифои вазири пешин, дар мурофиаҳои гузашта шахсоне бозпурсӣ шуданд, ки дар доираи парвандаи марбут шоҳиди ҳодисаи 24 марти соли 2005 дониста мешуданд. Яке аз шоҳидон - раҳбари пешини бахши Бонки миллии Қирғизистон дар Ҷалолобод Мелис Ботирбеков гуфтааст, даъвое надорад.

Конгантиев дар хунукназарӣ айбдор мешавад. Ӯ соли 2005, ҳангоми сардори Идораи ҳаракат дар роҳҳо буданаш дархости кумаки Ботирбековро, ки латукӯб ва таҳдид шуда буд, рад кардааст. Вале ба гуфтаи вакили дифоъ, Ботирбеков гуфтааст, ки Конгантиев барои берун бурдани хонаводааш кумак карда буд.

Парвандаи дувуми Конгантиев бо ҷурми "берун баромадан аз доираи салоҳиятҳо" боз шуда, ба ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 марбут аст.

Кумитаи амнияти Қирғизистон 18 июни соли гузашта гуфт, парвандаи ҷиноии зидди вазири пешини умури дохилии ин кишвар ба иллати ҷой надоштани ҷиноят дар амалҳои ӯ дар моҳи апрели соли 2010 қатъ шуд.

Вале як моҳ пас президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба Додситонии кулли ин кишвар дастур дод, ки парвандаро омӯзад ва ба он баҳои ҳуқуқӣ диҳад. Додситонӣ низ пас аз омӯзиш қарори Кумитаи амниятро бекор карда, парвандаро барои санҷиш бозпас фиристод.

Генерал-лейтенанти милитсия Молдомуса Конгантиев аз моҳи январи соли 2008 то моҳи апрели соли 2010 вазири умури дохилии Қирғизистон буд.

Вазорат гуфт, талафот аз COVID-19 дар Тоҷикистон зиёд шуд. Инфографика

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта 91 мавриди собитшудаи бемории СОVID-19-ро сабт кардааст ва як нафар низ бар асари ин беморӣ ҷон додааст.

Дар умум, ба гуфтаи вазорат, то рӯзи 3-юми июн дар саросари Тоҷикистон 4191 нафар ба бемории нав гирифтор шудаанд ва 2347 нафар аз бемории ҳамагир шифо ёфтаанд.

Талафот аз беморӣ дар кишвар 48 нафар ҳисоб шудааст. Аммо мутахассисон ва бисёриҳо мегӯянд, миқёси беморӣ ва маргумир аз СОVID-19 дар Тоҷикистон зиёд аст ва мақомот ҳақиқатро дар бораи беморӣ пинҳон медоранд.

Дар як феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш таҳиягарони он номи беш аз 400 нафарро дарҷ кардаанд ва дар як ҳафтаи ахир номи 20 нафар ба он шомил шудааст.

Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел эълон кард, ки коронавируси нав ба кишвар сироят кардааст, ҳарчанд бо назардошти фавти чандин нафар аз бемории, ба гуфтаи мақомот, "илтиҳоби шуш" мутахассисон мегуфтанд, беморӣ вуҷуд дорад.

Баъди радду бадалҳо бо Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ҳукумати Тоҷикистон гурӯҳе аз мутахассисони созмонро ба Душанбе даъват кард. Пеш аз вуруди ҳайат ба кишвар дар рӯзи 30-юми апрел Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки "15 мавриди сирояти СОVID-19" дар Тоҷикистон сабт шудааст.

Аз собиқадорони ҷанг дар Туркманистон харҷи туҳфаҳои давлатиро талаб доранд

Ишқобод. Моҳи майи 2018

Отаниёзи 90-сола, сокини ноҳияи Дарганати Туркманистон дар солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар ақибгоҳ хизмат кардааст. Соли гузашта ҳукумати Туркманистон тасмим гирифт, ки ба муносибати 75-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ собиқадоронро қадрдонӣ кунад.

Аммо ин қадрдонӣ барои Отаниёз ташвиши иловагӣ ба бор овард.

Мақомоти ноҳияи Дарганит собиқадоронро маҷбур карданд, ки харҷи туҳфаҳои давлатиро пардозанд. Ба ҷуз ин, аз собиқадорон талаб карданд, ки ҳуҷҷатҳои худро барои дарёфти туҳфаҳо омода кунанд.

"Дар Лебап аз шаҳрвандоне, ки мебоист туҳфа ва медал дарёфт кунанд, 28-долларӣ ҷамъ оварданд", - гуфт як сокини маҳаллӣ.

Отаниёз ҳам гуфт, ки барои дарёфти медал ба ҳукумати ноҳияи Дарганит 1000 манат, муодили 28 доллар пардохт кардааст.

Соли ҷорӣ Туркманистон 75-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳониро бо шукуҳ таҷлил кард.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дастур дод, ки собиқадорони ҷанг бо медали 75-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ қадрдонӣ шаванд.

Дар Норилски Русия вазъи фавқуллода эълон карданд

Корҳо барои поксозии рӯдхона идома дорад. Акс аз рӯзи 2 июни соли 2020

Баъди рехтани солярка ба яке аз рӯдхонаҳои шаҳри дурдасти Норилски Русия, мақомот дар инҷо вазъи фавқуллода эълон карданд. Маводи сӯхт, ки аз як нерӯгоҳи барқӣ ҷорӣ шуд, мумкин аст, барои табиат ва муҳити осебпазири Арктика фалокатбор бошад.

Рӯзи 29-уми май 20 ҳазор литр солярка аз нерӯгоҳи барқи бухорӣ дар шаҳраки саноатии Норилск дар наздикии Ҳалқаи Арктикӣ берун рехт. Бунёди Ҷаҳонии Табиат аксҳои рӯдхонаҳои Далдикан ва Амбарнаяро нашр кард, ки дар он доғҳои бузурги сурхи солярка дида мешавад.

Табиатшиносон мегӯянд, мумкин олудагӣ то ба кӯли Пясино бирасад, аммо васоили муҳофизатӣ аз олудагӣ, ки дар маҷрои рӯдхонаҳо гузоштаанд, пеши роҳи соляркаро андаке гирифтааст. “Росриболовство” – идораи моҳигирии Русия рехтани сӯзишворӣ ба рӯдхонаро “фалокати зистмуҳитӣ” номидааст.

Дмитрий Колков, сухангӯи идора гуфтааст, ки шояд барои барқарор кардани муҳити маъмулии ҳавзаи об дар минтақа даҳсолаҳо лозим шавад. “Норилск Никел, муттасадии нерӯгоҳи барқӣ бухорӣ гуфт, ки об шудани замини яхбаста, сабаби беҷо гаштани сутунҳои анбори солярка ва рехтани он шудааст.

Дар Норилск, ки бузургтарин тавлидкунандаи никел ва палладиум дар ҷаҳон аст, 180 000 нафар зиндагӣ мекунанд ва тағйири иқлим сабаби обшавии заминҳои яхбаста ва осеб дидани зербунёдҳо дар инҷо шудааст, ки рӯи чунин заминҳо сохта шудаанд.

Донишманди эрониро дар Амрико озод карданд

Сирус Асғарӣ ба дуздии асрори тиҷоратӣ муттаҳам мешуд.

Як донишманди эронӣ, ки дар Амрико боздошт шуд, ин кишварро тарк карда ва дар роҳ ба сӯи ватанаш аст. Мақомоти Эрон дар ин бора рӯзи 2-уми июн хабар доданд, вале гуфтанд, ки раҳоии ӯ ҳеҷ робитае ба табодули зиндониён байни ду кишвар надорад.

Сирус Асғарӣ, пажӯҳишгар ва профессори Донишгоҳи Технологии Шариф соли 2016 ба талош барои дуздии асрори тиҷоратӣ аз як донишгоҳ дар иёлати Оҳайо муттаҳам ва дастгир шуд. Ӯ тамоми иттиҳомотро рад кардааст ва моҳи ноябр додгоҳи федералие дар Амрико ӯро орӣ аз гуноҳ эълон кард.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон бозгашти Асғариро, ки бо ҳавопаймое аз Амрико бармегардад, “хабари хуш” номид. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Аббос Мусавӣ, донишманди эронӣ рӯзи 3-уми июн ба Теҳрон бармегардад.

Раҳоии ӯ сару садо ба вуҷуд овард, ки мумкин аст, Амрикову Эрон зиндониёнро табодул мекунанд, вале ҳарду кишвар ин гуфтаҳоро рад кардаанд. Баъд аз онки раиси ҷумҳур Доналд Трамп, соли 2018 Амрикоро аз созиши атомӣ бо Эрон берун кард, хусумат миёни ду кишвар авҷ гирифт.

Дар Париж сокинон зидди хушунати пулис эътироз карданд

Дар шаҳри Париж ҳазорон нафар дар эътирозҳои зидди хушунати пулис ширкат карданд.

Ин эътироз дар солгарди фаронсавии сиёҳпӯст, Адам Траореи 24-сола баргузор гардид. Траоре дар соли 2016 баъди боздошт аз сӯи пулис фавтид.

Сарфи назар аз манъи баргузории чорабиниҳои оммавӣ дар робита ба коронавируси нав, ба иттилои мухталиф дар эътирози ахир аз 15 то 20 ҳазор кас ширкат кард.

Эътирози сокинони Париж дар ҳолест, ки дар Амрико ҳам баъди марги Ҷорҷ Флойди сиёҳпӯст зери пойи пулис, сокинон даст ба эътироз ва харобкорӣ заданд.

Дар ИМА аз 26-уми май ба ин тараф эътирозҳои зидди хушунати пулис давом доранд. Ҷорҷ Флойди 46-сола баъди боздошт аз сӯи пулис фавтид. Дар чанде аз шаҳрҳои ИМА эътирозҳо ба бетартибиҳо мубаддал шуданд.

Парвозҳои дохилӣ дар Қирғизистон аз сар гирифта мешаванд

Фурудгоҳи байнулмилалии "Манас" дар шаҳри Бишкек

Парвозҳои дохилӣ дар Қирғизистон, ки дар пайи густариши коронавируси нав қатъ гашта буданд, 5-уми июни имсол аз сар гирифта хоҳанд шуд. Ҳамчунин ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ миёни минтақаҳо оғоз мешавад.

Муовини аввали сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов ҳушдор дод, ки назорат дар нақлиёти ҷамъиятӣ бояд сахт ба роҳ монда шавад. Пӯшидани ниқоб ва санҷидани ҳарорати бадан ҳангоми дохил шудан ба нақлиёт ҳатмӣ хоҳад буд.

"Ҳамагуна ташкили интиқоли мусофирон тавассути автобус ё таксӣ бояд бехатар бошад. Бояд мутмаин бошем, ки мусофирон бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сафар мекунанд", - гуфт Боронов дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон барои мубориза бо вирус.

Пештар хабар доданд, ки парвозҳои дохилӣ аз 8-уми июн дар Қирғизистон аз сар гирифта мешаванд.

Дар Қирғизистон парвози ҳавопаймоҳо дар миёнаҳои моҳи марти имсол, баъди ошкор шудани коронавирус қатъ шуд. Аз 22-юми март дар ин кишвар вазъи фавқулода эълом ва дар шаҳрҳои бузургтарин аз 25-уми март вазъи фавқулодаи шадид ҷорӣ гашт.

Дар Амрико нигаронанд, ки тазоҳурот, бемории навро зиёд мекунад

Тазоҳурот дар назди Кохи Сафед ҳам баргузор шуд.

Идомаи тазоҳурот дар чандин шаҳри Амрико сабаби авҷ гирифтани нигарониҳо шудааст, ки издиҳомҳои бузург метавонанд, сабаби доман задани коронавирус дар кишваре, шаванд, ки бештар аз дигарон аз СOVID-19 осеб дидааст.

Дар бисёре аз кишварҳои Аврупо теъдоди беморон камтар шудааст ва онҳо маҳдудиятҳои ҳаракату кор сабуктар мекунанд. Итолиё, ки аз ҳама пештар дар Аврупо ҷабри коронавирусро кашид, аз рӯзи 3 июн сафар ба кишварро иҷоза доданд. Фаронса ҳам дари ресторанҳоро ба рӯи мизоҷон боз кард.

Дар Амрико ҳашт рӯз боз аст, ки тазоҳурот ба зидди табъизи нажодӣ идома дорад. Ҷероме Адамс, мудири Хадамоти сиҳҳати омма дар Амрико гуфт, тазоҳурот мумкин аст, сабаби хуруҷи дигарбораи беморӣ шавад, ҳарчанд бисёре аз тазоҳургарон ниқоб мепӯшанд.

Дар Иёлоти Муттаҳида коронавируси нав то кунун ба 1.8 миллион нафар сироят карда, 106 ҳазор нафарро куштааст. Дар саросари ҷаҳон талафот аз ин беморӣ аз 380 ҳазор нафар гузашт ва то кунун 6.4 миллион нафар бемор шудаанд.

Тоқаев такрори эҳтимоли "сенарияи Қрим"-ро дар Қазоқистон рад кард

Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар остонаи сафараш ба шаҳри Маскав, ки қарор аст 24-уми июн баргузор шавад, дар суҳбат бо расонаҳои Русия эҳтимоли сурат гирифтани "сенарияи Қрим" ё "сенарияи Донбасс"-ро дар кишвараш рад кард.

"Ин гуна пешбиниҳо асоси воқеӣ нахоҳанд дошт. Ба эҳтимоли зиёд, ҳадаф аз онҳо ноором кардани вазъ дар Қазоқистон ва ба ҳам задани ҳусни ҳамҷавориву робитаҳои ҳампаймонӣ миёни ду кишвар аст. Пешбиниҳои ҳамсонро танҳо одамони бесавод, бадбин ва онҳое ироа мекунанд, ки бо оҳанги дигарон месароянд", - изҳор дошт Тоқаев рӯзи 2-юми июн дар суҳбат бо нашрияи "Комсомолская правда".

Ӯ гуфт, Нурсултон ба Давлати муттаҳидаи Русия ва Беларус, ки ҳоло Маскав тақвияти онро аз Минск талаб дорад, нахоҳад пайваст ва самти беҳтар барои Қазоқистон рушди минбаъдаи ҳамгироӣ дар доираи иттиҳодияҳои минтақавӣ, аз ҷумла Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст.

Президенти Қазоқистон афзуд, нақшаи лотинисозии алифбои қазоқиро бе "тезондани сунъӣ" иҷро карда, русҳо дар ин кишвар аз "тамоми ҳуқуқ" бархӯрдор ҳастанд.

Ҳамчунин илова кард, ки масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Қазоқистон баррасӣ нахоҳад шуд.

Муҳоҷирони дармондаи тоҷик дар марзи Қазоқистону Узбекистонро ба ватан оварданд

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки 237 шаҳрванди дармондаи кишварро аз марзи Қазоқистону Узбекистон ба ватан овардаанд. Ин нафарон дар пайи баста шудани марзҳо ба хотири пешгирӣ аз коронавирус, дар марз дармонда буданд.

Масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, шоми 2-юми июн шаҳрвандони Тоҷикистон аз гузаргоҳи "Жибек Жолӣ" ба хона баргаштанд. ВКХ ба мақомоти Узбекистон ва Қазоқистон изҳори ташаккур кардааст, ки барои убури бемамониати сарҳад мусоидат карданд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба гуфтаи худашон чандин ҳафта аст, ки дар марзи Қазоқистону Узбекистон дармонда, мунтазири бозгашт ба ватан буданд. Ин афрод бо ирсоли чанд навор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар шароити сахте ба сар мебаранд ва рӯйи фарш хоб мекунанд.

Мақомоти тоҷик гуфтанд, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон "ду моҳ пеш" ба гузаргоҳи марзӣ омада, дармонданд ва дигарон тадриҷан "се-чаҳорнафарӣ" ҳафтаҳои охир дар инҷо ҷамъ шуданд.

Баҳогузории оши палав дар Узбекистон: гаронтарин дар Тошканд, арзонтарин дар Намангон

Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи давлатии омори Узбекистон "шохиси оши палав"-ро нашр кард. Бино бар иттилои кумита, гаронтарин оши палав дар Узбекистон дар шаҳри Тошканд мавҷуд аст. Дар он шаҳр як табақ оши палав ба ҳисоби миёна 1,75 доллар ва як килои он 12,26 доллар арзиш дорад.

Арзонтарин ошро дар Узбекистон мешавад, дар Намангон пайдо кард. Як табақ оши Намангон 1,14 доллар ва як килограми он 8 доллар арзиш дорад.

Дар шаҳрҳо ва минтақаҳои дигари Узбекистон қимати як табақ оши палав байни 1,14 то 1,75 доллар ва як килограми он байни 8 то 12 доллар арзиш дорад.

Кумитаи омори Узбекистон моҳи январи соли ҷорӣ эълом карда буд, ки "Шохиси оши палав"-ро ҷорӣ мекунад. Дар аксари давлатҳои аврупоӣ "шохиси Биг мак" ва дар Русия "шохиси Оливе" ҷорӣ шудааст. Кумитаи омори Узбекистон гуфтааст, барои ин кишвар "шохиси оши палав" мувофиқ аст.

Қирғизистон иҷораи пойгоҳи низомии Русияро гаронтар мекунад

Яке аз фуруддгоҳҳои Қирғизистон.

Порлумони Қирғизистон ворид кардани тағйирот ба созишномаи шароити ҷойгиршавии пойгоҳи низомии Русия дар Канти ин кишварро ба баррасӣ мегирад.

Русия барои пойгоҳи низомии худ дар Қирғизистон 866,2 гектар заминро ба иҷора гирифта, солона 4,5 миллион доллар медиҳад. Ҷониби Қирғизистон дар пайи як санҷиш муайян кардааст, ки низомиёни рус 100 гектар замини бештар истифода мебаранд.

Баъди имзои созишномаи нав пули иҷораи пойгоҳи низомии Русия дар сол то ба 4,7 миллион доллар боло меравад.

Русия дар ҳудуди Қирғизистон чаҳор иншооти низомӣ: пойгоҳи ҳавоии "Кант"; пойгоҳи озмоишӣ дар шаҳри Қаракӯл; пойгоҳи иртиботӣ дар шаҳраки Чалдовар; нуқтаи худкори зилзилашиносӣ дар шаҳри Майлуу-Суу дорад.

Пештар ҳар кадом аз ин иншоот дар алоҳидагӣ баррасӣ мешуд, аммо соли 2012 Қирғизистон ва Русия тасмим гирифтанд, ки ҳамаи онҳоро ба пойгоҳи муттаҳидаи Русия табдил диҳанд.

Пойгоҳи Русия дар Қирғизистон ягона иншооти низомии хориҷӣ ба ҳисоб меравад. То соли 2014 дар ин кишвар пойгоҳи ҳавоии амрикоии "Манас" амал мекард.

Аёз Ниёзӣ дар таркише дар Афғонистон кушта шуд

Аёз Ниёзӣ

Мавлавӣ Аёз Ниёзӣ, хатиби масҷиди Вазир Муҳаммад Акбархон ва яке аз уламои саршиноси Афғонистон, кушта шуд.

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, Ниёзӣ дар таркиши шоми 2-юми июн бар асари ҷароҳате, ки бардошт, ҷон бохт. Таркиш дар масҷиди Вазир Муҳаммад Акбархон рух дод.

Раёсати ҷумҳури Афғонистон бо судури эъломия таркиш дар масҷидро маҳкум кард. Дар эъломия ба нақл аз раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ гуфта шудааст: "Ҳамлаҳои террористӣ бар масоҷиду шифохонаҳо ва афроди мулкӣ ҷинояти ҷангӣ аст".

Толибон даст доштани худро дар ин ҳамла рад мекунанд. Масъулияти ҳамларо то ҳанӯз гуруҳи дигаре ба уҳда нагирифтааст.

Шаҳри Кобул дар ин авохир шоҳиди афзоиш ёфтани таркишҳо будааст. Дар яке аз ин инфиҷорҳо дар ҳафтаи гузашта мошини кормандони телевизиони хусусии "Хуршед" ҳадаф қарор гирифт. Дар он ҳодиса ду нафар кушта, шаш каси дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба дӯш гирифт.

Аз мақомоти ИМА даъват шуд, озодии журналистонро дар бозтоби эътирозҳо таъмин намоянд

Тазоҳурот ва хушунат дар Ню Йорк

Кумитаи ҳимояи рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти ИМА даъват кард, "таъқиби журналистон ва кормандони расонаҳоро, ки аз тазоҳурот гузориш медиҳанд, қатъ ва онҳоро аз иҷрои талаботи қуюди шабгарди озод кунанд.

Ин ниҳод гуфтааст, аз 29 май инҷониб ба камияш 125 мавриди "нақзи озодии матбуот"-ро дар Иёлоти Муттаҳида ба қайд гирифтааст, ки ҳангоми кори рӯзноманигорон барои бозтоби эътирозҳо аз марги Ҷорҷ Флойд, марди сиёҳпуст рух додаанд. Флойд дар ҳодисаи боздошт шуданаш аз тарафи кормандони пулис ба ҳалокат расида, гунаҳкори қазияи ҳабс шудааст.

"Мо аз зӯроварии давомдор ва гоҳе хушунатомези пулис нисбати рӯзноманигороне, ки ба иҷрои вазифаҳои худ машғуланд, ба ваҳшат омадем," - гуфт мудири барномаи CPJ Карлос Мартинес де ла Серна.

CPJ ду хабарнигорро намуна овард, ки гуфта мешавад, рӯзи 29 май ҳангоми кор дар Лас Вегас (Невада) "Барои иҷро накардани фармони парокандашавӣ" боздошт шудаанд. Онҳо пас аз эълони ҷурм рӯзи дигар озод гаштаанд. Кумита гуфт, даҳҳо журналист ҳангоми кор ҳадафи тирҳои резинӣ ва гази ашковар қарор гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии матбуот Ҳарлем Дезир аз "мавҷи хушунат"-и полис ва тазоҳургарон зидди журналистон нигаронии амиқ изҳор кард. Вай мақомоти Амрикоро ба хештандорӣ даъват кард ва хост кафолат диҳанд, ки рӯзноманигорон дар фазои амн кор кунанд, зеро гуфт ӯ "нақши матбуоти озод бояд дар ҳама гуна ҳолатҳо ҳимоят шавад ва журналистон бояд озодона гузориш диҳанд, бе рӯбарӯ шудан ба зӯроварӣ, ҳабс ё тарсондан."

Дар баъзе аз шаҳрҳо ва аёлотҳо вазъи фавқулода ва қуюди шабгардӣ эълон шудааст, то аз густариши ошӯбҳо пешгирӣ ба амал офад, аммо на дар ҳама ҷо хабарнигорон аз ин фармонҳо истисно шудаанд.

Мартинес де ла Серна аз мақомоти маҳаллӣ ва аёлатҳо даъват кард, то рӯзноманигорон ба таври возеҳ ва махсус аз қоидаҳои комендантӣ озод бошанд, то тавонанд, ки аз воқеаҳо озодона гузориш диҳанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамлаваронро шинохт. Додгоҳ се сокини Хуросонро ҷарима баст. ВИДЕО

Абдуллоҳ Ғурбатӣ баъд аз латту кӯб дар ноҳияи Хуросон

Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон се сокини ноҳияро барои ҳамла ба хабарнигори "Азия-Плюс" Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҷарима баст. Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов гуфт, ҳамлаварон ба майдаавбошӣ гунаҳкор шуданд ва ҳар кадом ба пардохти 580 сомонӣ муваззаф гардиданд. Қарори додгоҳ рӯзи 2-юми июн содир шуд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ 29-уми май, вақте барои таҳияи гузориши видеоӣ ба маҳалли селзада дар ноҳияи Хуросон рафта буд, мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт.

Селу лағжиши кӯҳ дар рӯзҳои 14 ва 15-уми май дар ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон даҳҳо хонаро пурра ва даҳҳо манзили дигарро қисман вайрон кард ва боис ба марги ду нафар шуд. Феълан беш аз сӣ хонавода дар хаймаҳо ба сар мебаранд.

Абдураҳмон Шарипов мегӯяд, пеш аз мурофиа шиносоии ҳамлаварон сурат гирифт ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ онҳоеро, ки ӯро зери мушту лагад гирифта буданд, шинохт. "Онҳо сокинони ноҳияи Хуросон Сӯҳроб Бобоев, Абдулмаҷид Давлатов ва Қурбоналӣ Ғуломов ҳастанд", - афзуд ӯ.

Ба қавли вакили мудофеъ, ҳамлаварон дар мурофиа гуфтаанд, "онҳо Абдуллоҳро бо дастгоҳи сабт дида, хостаанд, сокнинони хаймаҳоро ба навор нагирад. Байни онҳо моҷаро бархестааст ва яке аз онҳо Ғурбатиро задааст. Онҳо гуфтанд, аз видеои зане, ки дар кӯча гиря мекард, асабӣ шуда буданд."

Масъулони ҳамла ба хабарнигори Азия Плюс ҷазо гирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Абдуллоҳ Ғурбатӣ шаби 2-юми июн дар баёянияе гуфт, бо қарори Додгоҳи ноҳияи Хуросон, "яъне таъини ҷарима ба маблағи 580 сомонӣ барои таҳқир, туҳмат ва латту кӯби банда дар вақти адои вазифаи касбӣ розӣ нестам". Вай афзуд, аз рӯйи қарори додгоҳ шикоят мекунад, "то ҳамлаваронро бо ҷурми дахолат ба фаъолияти касбии ман ба баррасӣ бигиранд".

Ҳамагӣ чанд соат пеш аз содир шудани қарори додгоҳ раиси ноҳияи Хуросон ба чанде аз хабарнигорону раҳбарони созмонҳои журналистӣ ваъда дод, гунаҳкоронро ёфта ҷазо медиҳанд. Раҳматулло Сафарзода рӯзи 2-юми июн гуфт, "касе ин корро кардааст, пайдо мешавад."

Вай айни замон афзуд, хабарнигорон дар баробари камбудҳо бояд пуштибонии ҳукуматро аз селзадаҳо низ бозтоб диҳанд.

Гурӯҳе аз хабарнигорон бо раҳбарии Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи дувуми июн ба ноҳияи Хуросон рафтанд.

Ин сафар баъди он сурат гирифт, ки гӯё чанде аз сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон дар номае хабарнигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатиро ба сабти бе иҷозаи дохили хаймаҳояшон айбдор карданд. Айни гапро Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш навишт. Абдуллоҳ Ғурбатӣ мегӯяд, латту кӯби ӯ пеш аз он ки ба хаймаҳо наздик шавад, сурат гирифт ва фарзияи расмиро бепоя хонд. Вай шаби 2-юми июн аз мақомоти Вазорати умури дохилӣ хост, барои навиштаи худ дар сомонаи расмии вазорат узр бипурсанд.

Чанде аз сокинони маҳалли селзада рӯзи 2-юми июн ба хабарнигорон гуфтаанд, ки зери ҳеч номае имзо нагузоштаанд.

Хабарнигорону созмонҳои журналистӣ низ муҳтавои нома ва имзоҳои зери онро таҳти шубҳа бурданд. Қаршибоев мегӯяд, чанде аз имзои зери нома ба якдигар монанду сохта аст.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ шоми 11-уми май низ ҳангоми рафтан ба хона дар наздикии бозори “Корвон”-и Душанбе аз сӯи ду нафари ношинос мавриди ҳамла қарор гирифта буд. Вай бовар дорад, ки ҳамла ба фаъолияти хабарнигориаш рабт дорад.

Чанде аз созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамла ба хабарнигори тоҷикро маҳкум карда, аз мақомот хостанд барои фаъолияти озоди рӯзноманигорон шароит фароҳам биоранд.

Омори расмии қурбониёни COVID-19 бетағйир аст, омори ғайрирасмӣ аз 400 нафар бештар шуд

Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи дувуми июн гуфт, дар тақрибан як ҳафтаи ахир касе аз бемории COVID-19 нафавтид. Шумори расмии ҷонбохтагон аз коронавируси нав дар Тоҷикистон 47 нафар аст.

Ин дар ҳолест, ки дар феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш номи беш аз 400 нафар дарҷ шудааст. Дар як ҳафтаи ахир номи беш аз бист касро ба ин рӯйхат ворид карданд.

Феҳрастро бар пояи хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикон омода кардаанд ва бахше аз он пурра тасдиқ шуда, қисмати дигари он дар ҳоли дурустисанҷист.

Дастрасӣ ба ин рӯйхат дар Тоҷикистон маҳдуд аст. Ин аст, ки шубҳаҳо ба оморҳои расмӣ зиёд аст ва бисёриҳо мегӯянд, мақомот на ҳама ҳақиқатро дар бораи коронавирус баён медоранд.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, дар шабонарӯзи гузашта 87 мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19-ро сабт карданд ва шумори умумии беморон то 2-юми июн ба 4100 нафар расид.

Ба иттилои расмӣ то ин дам 2217 кас шифо ёфтаанд. Мақомот мегӯянд, дар шифохонаҳо 1612 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд ва дар шабонарӯзи охир 393 нафарро пас аз сиҳат шудан ба хонаҳояшон ҷавоб доданд.

Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн хабар дод, ки "сирояти коронавирус дар байни аҳолии мамлакат ба маротиб коҳиш ёфта, ба сатҳи поин расидааст". Ба иттилои манбаъ, аксар шифохонаҳо, аз ҷумла Қарияи Болои Душанбе, баъди корҳои зиддиуфунӣ "бо тартиби муқаррарӣ кор мекунанд".

Аммо бархе аз сокинон мегӯянд, ҳанӯз ҳам беморони зиёде дар хонаҳои худ табобат мегиранд ва набояд холӣ шудани бемористонҳо ба маънои пурра аз байн рафтани хатари коронавируси нав маънидод шавад.

Тоҷикистон 30-юми апрел мавҷудияти коронавирусро эътироф кард. То он замон марги пайиҳами бархе аз сокинон ва афзоиши шумори беморонро дар шифохонаҳо ба илтиҳоби шуш рабт медоданд.

Ҷонибдории Netflix, Nike, Adidas аз эътирозгарони Амрико ба зидди нажодпарастӣ

Ширкатҳои амрикоие, ки дар бахши технология, умури бонкӣ, мӯд ва шоу-бизнес фаъолият мекунанд, бо нашри изҳорот аз эътирозҳо ба марги як марди сиёҳпӯст дар натиҷаи зиёдаравии корманди пулис дар Миннесота ҷонибдорӣ карданд.

Ба иттилои "Садои Амрико", ширкати Netflix дар Твиттер навиштааст, ки ҳимоят аз ҳаққи кормандони сиёҳпӯсташро вазифаи худ медонад. "Хомӯшӣ ба ҳамдастӣ баробар аст", - гуфтааст ширкат.

Дар саҳифаи асосии низоми ҷустуҷӯии Google дар бораи баробарии нажодӣ барои ҳама изҳороте нашр шудааст. ​Шабакаи иҷтимоии Twitter дар саҳифаи расмии худ хештегеро бо навиштаи "#BlackLivesMatter – "Ҳаёти сиҳёҳпӯстон аҳамият дорад" нашр кардааст.

"Нажодпарастӣ дар ҷомеаи мо сарчашмаи дарду бадрафторӣ боқӣ мемонад", - навиштааст мудири молии Citibank Марк Мэйсон​ дар блогаш.

Ширкати Target, ки тамоми фурӯшгоҳояш дар саросари Амрико мавриди ғорат қарор гирифтанд, ба ҷонибдорӣ аз эътирозгарон изҳорот додааст. Раҳбари ин ширкат, ки қароргоҳаш дар Миннеаполис аст, гуфт, марги Ҷорҷ Флойд "косаи сабреро шикаст, ки солҳо боз лабрез шуда буд".

Ширкати Nike ба ҷонибдорӣ аз эътирозгарон дар Твиттер видеоеро бо навиштаи зерин нашр кардааст: "Ба нажодпарастӣ чашм напӯшед. Ба гирифтани ҷони бегуноҳон тан надиҳед". Раиқиби Nike -- ширкати Adidas ин навиштаҳоро бознашр кардааст.

Блогерро барои як баромадаш дар Инстаграм 6 сол зиндонӣ карданианд

Блогер Элмирбек Сидиманов бо модараш

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 2 июн парвандаи блогер Элмирбек Сидимановро баррасӣ кард.

Тавре вакили дифои блогер Алӣ Магаев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ҷониби айбдоркунанда дар мурофиа барои шахси зери ҳимояи ӯ 6 соли зиндон талаб кардааст.

"Додрас дархост бораи гузаронидани ташхиси забоншиносиро рад кард. Блогерҳо нахуст Сидимановро таҳқир карда, ба номи модару хоҳараш дашном додаанд. Сипас ӯ ба онҳо посух додааст. Вай ба бадбинии қавмӣ даъват накардааст", - афзуд вакили дифоъ.

Мурофиаи навбатии блогер ба рӯзи 5 июн гузошта шудааст.

Элмирбек Сидимановро 17 феврали соли равон бо гумони барангехтани бадбинии қавмӣ боздошт ва ду моҳ ҳабс карданд. Додгоҳи шаҳри Бишкек 28 феврал дархости вакили дифои блогерро қабул карда, ҳукми ҳабси пешакии вайро ба ҳабси хонагӣ тағйир дод.

Ба ҳабси блогер ҳарфҳое сабаб шуданд, ки ӯ ҳангоми пахши мустақим тавассути шабакаи иҷтимоии Инстаграм дар бораи лаҳҷаҳо баён кардааст.

Ҳалокати 3 кас аз заҳролудшавӣ дар боздоштгоҳи Қазоқистон

Мошини "Ёрии таъҷилӣ" дар Нурсултон. 15-уми апрели 2020

Се сокини шаҳри Кокшетау, маркази маъмурии вилояти Акмолини Қазоқистон дар натиҷаи заҳролудшавии эҳтимолӣ дар боздоштгоҳи пулис ҷон бохтанд.

Сомонаи маҳаллии Kokshetau.asia 2 июн хабар дод, ки аз боздоштгоҳи пулиси Кокшетау ҷамъан 6 нафар бо "нишонаҳои заҳролудшавии шадид" ба беморхона интиқол дода шуд.

Ба огаҳии пулиси Акмолин, ин афрод, ки муҳлати ҳабси маъмуриро дар боздоштгоҳ якҷоя адо мекарданд, шаби 28 май бистарӣ шудаанд. Панҷ тани онҳо барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва яке бо ҷурми майдаавбошӣ дар ҳабси маъмурӣ қарор доштанд.

"То ба имрӯз се нафари боздоштшудаҳо ҷон бохта, се тани дигар дар бемористонанд. Ҳоло натиҷаи ташхиси судӣ-тиббиро мунтазир ҳастем", - гуфтанд дар идораи пулиси Акмолин.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои беҳдоштӣ, ки аз беаҳамиятӣ боиси марги беш аз ду одам мегардад", парванда боз шудааст.

Узви Маҷлиси Эрон: Дар нооромиҳои соли гузашта 230 нафар кушта шуданд

Аъзои Маҷлиси Эрон. 27-уми майи 2020

Як узви баландпояи порлумони Эрон гуфт, дар норозигиҳои моҳи ноябри соли гузашта ба зидди ҳукумати ин кишвар 230 нафар кушта шуд. Дар ин бора хабаргузории давлатии ИРНА иттилоъ дод.

Бори аввал аст, ки як узви порлумони Эрон дар бораи кушташудагон дар нооромиҳо рақам медиҳад. Нооромиҳо соли гузашта пас аз якбора боло рафтани нархи сӯзишворӣ сар шуд.

Пас аз инқилоби исломӣ дар соли 1979, нооромиҳои чоррӯзаи моҳи ноябри соли 2019 паҳновартарин ва хушунатбортарин нооромӣ дар Эрон ба шумор меравад.

Ба гуфтаи ИРНА, Муҷтабо Золнур, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва корҳои хориҷии порлумони Эрон, гуфтааст, дар ин зӯровариҳо 230 нафар кушта шуд, ки аз ҳар панҷ нафар як нафари онҳо узви нирӯҳои амниятӣ буданд.

Вай гуфт, аз чаҳор як ҳиссаи кушташудагон касоне буданд, ки дар нооромиҳо ҳамроҳ набуданд, баъзеи онҳо ба сар ё сари сина аз масофаи наздик тир хӯрда буданд. Ин қонунгузор исрор кардааст, ки нерӯҳои амниятӣ аз тазоҳургарон хеле дур буданд, то ин корро кунанд.

16 дарсади монда ҳангоми ҳамла ба пойгоҳҳои низомӣ ва полис ва 31 дарсад дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба монанди фурӯшгоҳҳо, бонкҳо ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ кушта шудаанд.

Мансабдорони Эрон пештар шумораи кушташудагонро дар расонаҳои хориҷӣ ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башар рад карда буданд.

Вазорати дифои Русия санҷиши вакиснаи зидди COVID-19-ро оғоз кард

Вазорати мудофиаи Русия 50 довталабро аз шумори низомиён барои санҷиши ваксинаи зидди COVID-19 интихоб кард. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар доданд.

Вазорат мехоҳад, ваксинаеро санҷиш кунад, ки бо иштироки Донишкадаи марказии илмиву таҳқиқотии Вазорати мудофиаи Русия сохта шудааст. Нахустин гуруҳи довталабон рӯзи 3-юми июн ваксина хоҳанд гирифт.

Ҳанӯз дар ибтидои моҳи апрел хабар расида буд, ки Вазорати мудофиаи Русия дар сохтани ваксинаи зидди вируси корона ширкат мекунад. Қарор аст, озмоиши клиникии ваксина то охири моҳи июли соли ҷорӣ ба поён расад.

Александр Гинтсбург, академики Академияи илмҳои Русия рӯзи 22-юми май хабар дод, кормандони марказ ваксинаи зидди коронавирусро дар ҷисми худ санҷиш карданд ва "ҳамаи онҳо сиҳату саломатанд".

Сергей Собянин, раиси шаҳри Маскав ахиран гуфт, то замони сохтани ваксинаи зидди коронавирус тадбирҳои беҳдоштии пешгирӣ аз ин вирус комилан бекор намешаванд.

Консули Тоҷикистон гуфт, ҳоло парвоз аз Петербург ба Душанбе дар назар нест

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз барои овардани муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Санкт-Петербург парвози чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳо ташкил карда нашудааст.

Давлаталӣ Назризода, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург, рӯзи 2-юми июн гуфт, "ҳар вақте чунин тасмим гирифта шуд, муҳоҷиронро аз қабл огоҳ мекунем."

Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук хабар дод, ки баъд аз зуҳри 30-юми май 173 шаҳрванди Русия, аз ҷумла ҳашт навзодро бо ҳавопаймои "Уралские авиалинии" аз Душанбе ба Санкт-Петербург гусел карданд.

Хабари парвози чартерӣ аз Душанбе ба Санкт-Петербург даҳҳо муҳоҷирро ба дари консулгариии Тоҷикистон дар он шаҳр бурдааст. Муҳоҷирон бовар доранд, ин ҳавопаймо ҳангоми бозгашт ба Душанбе шаҳрвандони Тоҷикистонро мебарад.

Давлаталӣ Назризода мегӯяд, ҳоли ҳозир чунин тасмиме нест. Вай афзуд, то ин дам чанде аз муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳҳои Санкт-Петербург ба Тоҷикистон интиқол доданд, "аммо онҳо низ тавассути Маскав ба Душанбе фиристода шуданд, на тавассути парвози мустақим".

Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав парвозҳои байналмилалиро қатъ кард. Ба ин сабаб садҳо шаҳрванди кишвар дар Русияву Туркия, Қазоқистону Ҳиндустон, Олмон ва Дубай дармонданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ду ҳафта пеш ба иҷрои нақшаи марҳила ба марҳила овардани онҳо аз хориҷа оғоз кард.

То ин дам даҳҳо нафарро аз Ҳиндустону Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Маскав баргардонданд.

Қаблан сафири Тоҷикистон дар Русия гуфта буд, аввал онҳоеро ба ватан мефиристанд, ки ҳукми ихроҷашон содир шудааст ва дар боздоштгоҳ қарор доранд. Дар баробари онҳо, садҳо муҳоҷири дигари тоҷик мехоҳанд, зудтар ба Тоҷикистон баргарданд.

Ҳанӯз маълум нест, парвозҳои маъмулӣ миёни Тоҷикистону Русия кай барқарор мегардад ва ҳамингуна марзҳои байни кишварҳо кай боз мешавад.

Дороиҳои фарзандони вазири пешини амнияти Озарбойҷон дар Бритониё ошкор шуд

Анор Маҳмудов

Фарзандони вазири пешини амнияти давлатии Озарбойҷон Элдар Маҳмудов соҳиби хонаҳои гаронарзиш дар Бритониё мебошанд. Аз ҷумла, як хонае, ки дар шаҳри Лондон ба онҳо нисбат дода мешавад, 21 миллион доллар нарх дорад.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев Элдар Маҳмудовро соли 2015 бе шарҳ аз мақоми вазири амнияти давлатии кишвараш барканор кард. Бар асоси маълумот дар бораи муштариёни Бонки ҷазираҳои Кайман, ки моҳи ноябри соли 2019 дар пайи як ҳамлаи ҳакерӣ расонаӣ шуд, хонаводаи Маҳмудовҳо соҳиби тиҷорате ба маблағи наздики 111 миллион доллар ҳастанд.

Тибқи таҳқиқоте, ки дар асоси маълумоти мазкур анҷом шудааст, қариб ними ин пулҳо тавассути ширкати марбут ба писари 26-солаи Маҳмудов -- Анор ва духтари 31-солааш -- Наргис ба даст омадаанд.

Муаллифони таҳқиқот мегӯянд, дар миёни иншооти марбут ба хонаводаи Маҳмудовҳо чанд бинои тиҷорӣ дар шаҳрҳои соҳилии Пул ва Борнмут ба маблағи тақрибан 16,7 миллион доллар низ ҳаст.

Ба Анор Маҳмудов дар шаҳри Лондон бинои чорошёнае нисбат дода мешавад, ки ҳудуди 21,4 миллион доллар арзиш дорад.

Соли 2018 маълум шуд, модарарӯси Маҳмудов - Замира Хоҷиева, ки дар Лондон зиндагӣ мекунад, дар 10 сол дар маркази тиҷории маъруфи пойтахти Бритониё -- Harrods беш аз 21 миллион доллар харҷ кардааст.

Моҳи феврали соли равон дархости Хоҷиева барои бекор кардани қарори ҳабси дороиҳояш бекор карда шуд. Ин қарор ӯро вазифадор мекунад, ки манбаи дороиҳояшро ошкор кунад.

Муаллифони таҳқиқот ҳамчунин муайян кардаанд, ки Маҳмудовҳо дар Испания, Литва ва Люксембург низ ширкату хона доранд.

Трамп мехоҳад барои қатъи нооромиҳо аз нерӯ истифода кунад

Суханронии Доналд Трамп рӯзи 1 июн дар Вашингтон

Президенти ИМА Доналд Трамп мегӯяд, ки барои поён додан ба бетартибӣ ва яғмогариҳо, ки пас аз марги марди сиҳёпӯст ба дасти пулис дар чандин шаҳри Амрико сар заданд, аз ҳамаи имкониятҳо, ба ҷумла нерӯҳои мусаллаҳ истифода хоҳад кард.

Раҳбари ИМА гуфт, агар сарони аёлатҳо ин корро накунанд, ӯ худаш ба шаҳрҳои ноором артиш хоҳад фиристод. "Мо ба ошӯб ва бебандубориҳое, ки дар кишвар паҳн шудаанд, хотима мегузорем. Мо ҳамин ҳоло онҳоро қатъ мекунем," гуфт Трамп дар изҳороте барои матбуот дар "Боғи садбаргҳо"-и Кохи Сафед рӯзи 1-уми июн.

Трамп гуфт, ба ҳамаи аёлатҳо дастур додааст, ки барои ҷорӣ кардани тартибу низом аз нерӯҳои Горди миллии ИМА истифода кунанд. Бино бар қонунгузории Амрико, президент метавонад дар ҳолатҳои фавқулода нерӯҳои мусаллаҳро дастбакор кунад. Чунин фармон одатан, барои кумак ба амрикоиҳо ҳангоми офатҳои табиӣ мумкин аст, вале иҷрои он ҳамчунин ба иродаи ниҳодҳои федерол ва ҳукуматҳои маҳаллӣ бастагӣ дорад.

Президенти ИМА инчунин вандализм ва ғоратгариҳоро, ки 31-уми май дар Вашингтон ва дигар бахшҳои Амрико дар робита бо эътирозҳо аз марги марди африқоитабор Ҷорҷ Флойд ҳангоми боздошташ рӯзи 25-уми май дар Миннеаполиси аёлати Миннесота рух дод, шадидан маҳкум кард.

Тазоҳурот баъд аз он оғоз гирифт ва паҳн шуд, ки бино бар навори видеоӣ корманди пулис дар дастони марди сиёҳпӯст завлона мезанад ва барои беҳаракат нигаҳ доштани ӯ бо зонуяш сахт гардани Флойдро ба замин зер мекунад. Илтиҷои марди сиёҳпӯст, ки “ман нафас гирифта наметавонам” ба шиори ин тазоҳурот табдил ёфт.

Чаҳор афсари пулис, ки дар ин воқеа ширкат доштанд, аз кор ронда шуда, гумонбари асосӣ боздошт шуд ва зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гашт.

Вале норозиён мегӯянд, ин чораҳои қонеъкунанда нестанд ва ҳамчунин бахши бузурге аз мардуми ИМА аз маҳдудиятҳои марбут ба бемории ҳамагири коронвируси нав норозиянд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG