Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Мақомоти Ишқобод сагҳоро "шикор" мекунанд ва президент дар бораашон китоб менависад

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 16-уми май таълифи китоби наверо оғоз кард, ки ба саг бахшида шудааст. Ин дар ҳолест, ки "шикори бераҳмона"-и сагу гурбаҳои бесоҳиб дар кӯчаҳои шаҳри Ишқобод идома дорад.

"Корманди хадамоти коммуналии Ишқобод бо номи Бегенч 14-уми май дар ҳудуди боғчаи рақами 84-и маҳаллаи Гаудан дар соати корӣ, ки кӯдакон ҳанӯз дар онҷо буданд, сагеро бо як оҳанпора зада, ба ҳалокат расонд", - иттилоъ дод хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи шоҳидон, куштори ҳайвон дар назди чашми сокинони маҳаллӣ сурат гирифтааст. "Саг хеле фарёд кашиду сипас хомуш шуд. Аз биноҳои ҳамсоя ҳама сар бароварда, ҳодисаро тамошо мекарданд, вале касе дахолат накард. Саги ҳомила дар ҳудуди боғча ҷои оромеро пайдо карда, аз одамон паноҳ бурда буд. Вале мудири боғча кормандони коммуналиро даъват кард", - гуфт як сокини Ишқобод.

Боздошт ва куштори ҳайвонҳои бесоҳиб дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Ишқобод вақтҳои ахир ба як падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст.

Нашрияи "Туркманистони бетараф" хабар дод, ки Бердимуҳаммадов таълифи китоберо дар бораи зоти саги Алабай 16-уми май оғоз кардааст. Президенти Туркманистон моҳи феврали соли равон ба бунёди беморхонаи махсусе барои сагҳо дастур дода, гуфта буд, ки "мардуми туркман ба ҳайвонҳои хонагӣ ҳамеша ғамхоранд".

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар ҳамлаҳои Русия ба Украина 9 кас кушта шудааст

Калисои Киев, ки неруҳои Русия ба он ҳамла кардаанд
Калисои Киев, ки неруҳои Русия ба он ҳамла кардаанд

Шаби 15-уми июн дар ҳамлаҳои густурдаи Русия ба Украина дастикам 9 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Калисои зери ҳимояи ЮНЕСКО дар Киев низ ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

Игор Клименко, вазири корҳои дохилии Украина, гуфт, панҷ маъмури наҷот дар вақти хомӯш кардани сӯхтор дар Харков ҳадафи ҳамлаи артиши Русия қарор гирифта, кушта шуданд. Дар инҷо ҳамчунин панҷ тани дигар захм бардоштанд.

Мақомоти Украина гуфтанд, дар пайи зарбаи нерӯҳои Русия ба осорхонаи рассомии вилояти Харков шаш нафар, аз ҷумла як хурдсол захмӣ шудаанд.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев низ гуфт, ҳамлаҳои густурдаи Русия боис ба сӯхтор дар тақрибан ҳама гӯшаҳои пойтахти Украина шуд. Аз кушта шудани чор нафар ва захмӣ гардидани 23 тани дигар дар шаҳри Киев гузориш шудааст.

Дар айни ҳол Украина низ ҳамла ба иншооти энергетикӣ, аз ҷумла корхонаҳои нафти Русияро давом медиҳад. Киев мегӯяд, ин корхонаҳо сарчашмаи маблағгузории ҷанг алайҳи Украина ҳастанд.

Гуфтугӯи Трамп бо роҳбарони Русия ва Украина

Владимир Путин, Доналд Трамп ва Владимир Зеленский
Владимир Путин, Доналд Трамп ва Владимир Зеленский

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар рӯзи зодрӯзаш бо роҳбарони Украина ва Русия телефонӣ гап задааст. Трамп рӯзи 14-уми июн 80-сола шуд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина суҳбат бо Трампро "ҷолиб" номид ва афзуд, "бисёр масъалаҳои калидиро" баррасӣ кардаанд.

Дар бораи суҳбати Доналд Трамп бо Владимир Путин ёвари раиси ҷумҳури Русия Юрий Ушаков хабар дод. Ин суҳбат қариб як соат идома кардааст.

Ба қавли Ушаков, ду тараф дар бораи сафари қарибулвуқуи фиристодаи вижаи президенти Амрико ба Маскав тавофуқ кардаанд.

Ба гуфтаи ёвараш, Владимир Путин гуфтааст, ҳамлаҳои Украина ба зерсохтҳои Русия ба раванди ҷанг таъсир намерасонанд.

Худи Трамп дар бораи суҳбаташ бо роҳбарони Русия ва Украина чизе нагуфтааст.

навшуда

Афсари собиқи ВКД-и Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудааст

Маҳмадҷон Бозоров
Маҳмадҷон Бозоров

Ҷасад ё пайкари як сарҳанг (полковник)-и собиқи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шуда буд, дар ноҳияи Восеъ дафн кардаанд.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, маросими дафни Маҳмадҷон Бозоров, машҳур бо лақаби "Маҳмади Вандам", рӯзи 15-уми июн дар деҳаи Восеъободи калон баргузор шуд.

Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки нахостанд номашон навишта шавад, тобути Маҳмадҷон Бозоровро як рӯз пеш аз Русия ба Тоҷикистон овардаанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Афсари собиқи ВКД дар ҷанги Украина кушта шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Маҳмадҷон Бозоров аз ҷониби Русия дар Украина меҷангид ва дар аввали соли 2025 нопадид шуда буд.

Ӯ то соли 2005 дар дастаи зудамали таъйиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор мекард.

Ба қавли пайвандонаш, Маҳмадҷон Бозоров ҳафт сол пеш бо ҳафт фарзанд ба Русия кӯчида, шаҳрвандии ин кишварро гирифт ва дар онҷо ба фаъолиятҳои низомӣ идома дод.

То кунун хабари нопадид, асир афтодан ва кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Украина расонаӣ гардидааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам ба шаҳрвандон ҳушдор дода буданд, ки дар ҷанги Украина ширкат накунанд, вале то кунун касеро ҷазо надодаанд ё ҳадди ақал расонаӣ накардаанд.

Навор дар Инстаграм:

Ғарқ шудани ду ҷавон дар Зафаробод

Ба иттилои КҲФ, наҷотдиҳандагон се нафарро аз дохили дарёи Вахш берун овардаанд
Ба иттилои КҲФ, наҷотдиҳандагон се нафарро аз дохили дарёи Вахш берун овардаанд

Дар се рӯзи ахир ду наврас дар Тоҷикистон ғарқ шуда, се каси дигарро наҷот додаанд.

Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзҳои 12 ва 13-уми июн, ду навраси 16-сола дар канал ё наҳри "Мирҷӯи-1"-и ноҳияи Зафаробод ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд. Мақомот мегӯянд, ҷасади онҳоро аз об бароварда, ба наздикошон додаанд.

Манбаъ мегӯяд, рӯзи 13-уми июн се нафарро, ки дар миёни об дармонда буданд, аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.

Дар хабарномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода омадааст, ин се нафар, ки 36 ва 37-сола будаанд, ҳангоми истироҳат дар соҳили дарёи Вахш "дар муҳосираи об" мондаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо нашри ин ду хабар аз сокинон даъват кардааст, ки қоидаҳои оббозиро риоя карда, дар ҷойҳои манъшуда шиноварӣ накунанд.

Ҳамасола дар рӯзҳои гарм ва ҳангоми оббозӣ дар соҳили кӯл ё дарёҳо сокинон ҷони худро аз даст медиҳанд.

Илон Маск аввалин триллионери ҷаҳон шуд

Бозори саҳҳоми Wall Street рӯзи ҷумъа шоҳиди ҳодисаи таърихӣ шуд. Илон Маск рӯзи 12 июн пас аз онки саҳмияҳои ширкаташ SpaceX дар нахустин рӯзи пешниҳоди умумии аввалия дар бозор 30 дарсад афзоиш ёфт, нахустин триллионери ҷаҳон шуд.

SpaceX 6,555 миллион саҳми худро ба қимати 135 доллар барои ҳар саҳм пешниҳод кардааст. Арзиши ин ширкат дар замони вуруд ба бозор ҳудуди 1,77 триллион доллар бароварда мешавад.

Маск пеш аз пешниҳоди умумии саҳмияҳои SpaceX, бо сарвати ҳудуди 696 миллиард доллар, сарватмандтарин фарди ҷаҳон буд. Ӯ 62 дарсад саҳми SpaceX-ро дар ихтиёр дорад. Коршиносон арзиши ин саҳмро байни 743 то 866,5 миллиард доллар бароварда мекунанд.

SpaceX ки фаъолияти худро соли 2002 ҳамчун як ширкати фазоӣ оғоз карда буд, акнун ба яке аз бозигарони аслӣ дар арсаи фановариҳои моҳвораӣ ва ҳушӣ маснуӣ табдил шудааст.

Коршиносон ба ин боваранд, ки ин пешниҳоди аввалия метавонад заминасози вуруди дигар ширкатҳои калони ҳуши маснуӣ ба бозори саҳҳом дар моҳҳои оянда бошад.

Илон Маск (зодаи соли 1971 дар Африқои Ҷанубӣ) соҳибкор ва аз сарватмандтарин афроди ҷаҳон аст, ки бештар ҳамчунин мудири ширкатҳои калон, монанди "Тесла", SpaceX ва шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери пешин), шинохта мешавад.

Ҳушдори Исроил ба сокинони 20 шаҳру деҳа дар ҷануби Лубнон

Ҷануби Лубнон.
Ҷануби Лубнон.

Артиши Исроил рӯзи 13 июн бо вуҷуди оташбас дар ҷанг бо "Ҳизбуллоҳ", аз ҳамлаҳои қарибулвуқӯъ ба ҷануби Лубнон ҳушдор дод ва ба сокинони 20 шаҳр ва деҳа дар наздикии шаҳри Набтия гуфт, ки ин минтақаҳоро холӣ кунанд.

Артиши Исроил эълон кард, ин ҳушдор дар пайи нақзи оташбас аз сӯи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон содир шудааст.

Сухангӯи арабзабони артиши Исроил дар матне дар шабакаи Х навишт, "барои амнияти худ, бояд фавран хонаҳои худро холӣ карда, ба шимоли дарёи Заҳронӣ раванд".

Ӯ афзуд, "ҳар касе, ки дар наздикии иншоот ё таҷҳизоти ҷангии "Ҳизбуллоҳ" бошад, ҷони худро ба хатар меандозад". Ин сухангӯи артиши Исроил гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро ба нақзи оташбас муттаҳам кард.

Исроил ва Эрон рӯзи 8 июн пас аз дархости Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои қатъи даргирӣ, ҳамлаҳои мустақим ба якдигарро мутаваққиф карданд.

Аммо Теҳрон эълон кард, агар Исроил ба ҳамла ба муттаҳидонаш, ниманизомиёни "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон идома диҳад, дигарбора ҳамлаҳоро оғоз мекунад.

Манъи истифодаи телефонҳои ҳамроҳ дар идораҳои Толибон

Як сарбози Толибон аз телефони ҳушманд истифода мебарад. Акс аз бойгонӣ.
Як сарбози Толибон аз телефони ҳушманд истифода мебарад. Акс аз бойгонӣ.

Мулло Ҳайбатулло, раҳбари ҳукумати Толибон дастури манъи истифода аз телефонҳои ҳушманд дар ҳама идораҳои низомӣ ва ғайринизомии давлатии Афғонистонро додааст.

Ин мавзӯъро масъулини ҳукумати Толибон дар чандин вилояти Афғонистон дар гуфтугӯ бо бахши афғонистонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, ин дастур ба таври шифоҳӣ ба онҳо расонида шудааст.

Як мақоми Толибон дар вилояти Бадахшон, ки бинобар ҳассосияти мавзӯъ нахост номаш дар гузориш зикр шавад, рӯзи 11 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "як дастури шифоҳӣ вуҷуд дорад, ки давоми соатҳои корӣ аз телефонҳои ҳушманд истифода нашавад".

Дар вилоятҳои Ғазнӣ, Ҳилманд ва Нангарҳор низ мақомҳои маҳаллии ҳукумати Толибон ба шарти ифшо нашудани ном ва садояшон ин мавзӯъро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки дастури Мулло Ҳайбатуллоҳ дар бархе минтақаҳо се рӯз пеш ва дар бархе вилоятҳо ҳудуди як ҳафта пеш ба онҳо расидааст.

Чанд рӯз пеш наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар он бархе афроди Толибон телефонҳои ҳушмандро мешикананд.

Ҳамчунин бархе расонаҳои дохилии Афғонистон паёми садоиеро нашр карданд, ки ба яке аз мақомҳои Толибон нисбат дода мешавад. Ӯ дар ин навор аз нишасти Мулло Ҳайбатулло бо масъулони низомии ин кишвар суҳбат мекунад.

Дар ин паём иддао шудааст, ки раҳбари Толибон ба ҳамаи идораҳои низомӣ ва давлатӣ дастур додааст, ки телефонҳои ҳамроҳ ҷамъоварӣ ва шикаста шаванд.

Радиои Озодӣ натавонистааст ин иддаоро ба таври мустақилона тасдиқ кунад.

Дар муқобил, шуморе аз масъулини ҳукумати Толибон дар Кобул дар паёмҳои хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки то кунун чунин дастуре ба онҳо нарасидааст ва дар бораи видеоҳои нашршуда хабаре надоранд.

"ИМА ва Эрон матни ниҳоии созиши сулҳро пазируфтанд"

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон рӯзи 12 июн эълон кард, ки матни ниҳоии созиши сулҳ миёни Эрон ва Амрико мавриди қабули ҳар ду тараф қарор гирифтааст.

Ӯ дар паёме дар шабакаи Х навишт, "метавонем тасдиқ кунем, ки матни ниҳоӣ ва мавриди тавофуқ барои сулҳ, ҳосил шудааст ва Покистон акнун аз наздик бо ҳар ду тараф ҳамкорӣ мекунад, то марҳилаи баъдӣ ниҳоӣ шавад".

Покистон дар моҳҳои гузашта нақши миёнҷӣ байни Теҳрон ва Вашингтонро бар ӯҳда дошт ва як даври музокироти ҳузурӣ байни ҷонибҳо низ дар Исломобод баргузор шуд. Ӯ афзуд, "сулҳ ҳаргиз то ин надоза наздик набудааст".

Шаҳбоз Шариф ҳамчунин гуфт, "дар авҷи талошҳои давомдори Покистон барои миёнҷигарӣ, мо комилан аз маъракаи беисти нашри маълумоти нодуруст, ки аз сӯи касоне роҳандозӣ шуда буд, ки мехоҳанд созиши сулҳро халалдор кунанд, огоҳ ҳастем".

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 12 июн таъкид кард, ки созиш бо Амрико барои поён додан ба ҷанг дар Ховари Миёна ҳаргиз то ин андоза наздик набудааст.

Ин изҳорот пас аз он матраҳ шуд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико Теҳронро ба музокира бо ниятҳои бад муттаҳам кард ва гуфт, нуқтаҳои матраҳшуда дар расонаҳо дар бораи мӯҳтавои созиш нодуруст аст.

Трамп: Он чизе, ки Эрон дар бораи созиш фош кард, воқеият надорад

Доналд Трамп. Акс аз 11-уми июни 2026
Доналд Трамп. Акс аз 11-уми июни 2026

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, он чизе, ки аз сӯйи Эрон дар бораи тавофуқи эҳтимолӣ байни Ҷумҳурии Исломӣ ва Иёлоти Муттаҳида ба расонаҳо роҳ ёфтааст, дуруст нест.

Баъзе аз расонаҳои эронӣ ва амрикоӣ тайи соатҳои гузашта бахшҳое аз муҳтавои тавофуқи эҳтимолӣ байни Эрону Амрикоро нашр карданд.

ИРНА, хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломӣ, иддао кард, ки тафоҳум миёни ҷонибҳо шомили парвандаи ҳастаии Эрон намешавад ва қарор аст дар марҳилаҳои баъдӣ дар бораи он музокира шавад.

Ҳамчунин, рӯзномаи “Эътимод” ба нақл аз манобеи эронӣ навишт, ки барои оғози оташбаси 60-рӯзаи зикршуда дар тафоҳумнома бояд 12 миллиард доллар аз дороиҳои бандмондаи Эрон озод карда шавад.

Доналд Трамп рӯзи 12-уми июн дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт: “Чизе, ки онҳо (Эрон) гуфтаанд, аз ҷумла баёнияи суст ва риққатангез дар бораи дастёбӣ ба тавофуқ, ҳеч нисбате бо воқеият надорад.”

Вай мақомоти Эронро “бешараф” хонд ва афзуд: “Барои онҳо чизе бо номи музокира ва таомул бо ҳусни ният вуҷуд надорад.”

Трамп ба Теҳрон ҳушдор дод, ки рафтори худро ба тартиб дарорад ва он ҳам ҳарчи зудтар.

Коршиносони СММ саркӯби норозиёнро дар Ҳирот маҳкум карданд

Афғонистон, соли 2024
Афғонистон, соли 2024

Даҳ коршиноси Созмони Милали Муттаҳид саркӯби норозиёнро дар шаҳри Ҳирот маҳкум карданд.

Нерӯҳои "Толибон" дар Афғонистон эътирозгаронеро, ки рӯзи 9-уми июн дар Ҳирот аз ҳуқуқи занон дифоъ мекарданд, бо истифода аз силоҳ пароканда карданд.

Эътирози сокинон пас аз он сурат гирифт, ки мақомот занонро барои риоя накардани қоидаи либоспӯшии исломӣ, аз ҷумла пӯшидани бурқа боздошт карданд.

Коршиносони Созмони Милал рӯзи 11-уми июн дар баёнияе гуфтаанд, дар ҷараёни саркӯби ин тазоҳурот камаш ду нафар кушта ва зиёда аз 20 нафар захмӣ шуд.

Дар ҳоле ки пулиси “Толибон” истифода аз ҳар гуна силоҳро алайҳи тазоҳургарон инкор мекунад, як шоҳиди ҳодиса, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт: “Ман ҳамон ҷо будам, инҳо (Толибон) ба сӯи эътирозгарон оташ кушоданд.”

“Баробарӣ, таҷаммӯи мусолиматомез, озодии баён ва ҳимоят дар баробари боздошти худсарона аз ҳуқуқи бунёдии тамоми инсонҳост,” – гуфта шудааст дар баёнияи коршиносони Созмони Милал.


навшуда

Боҷ барои дарёфти шиносномаи Русия зиёд шуд

Думаи давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки бар асоси он боҷ барои гирифтани шаҳрвандии Русия ва ҳаққи иқомати ин кишвар 12 баробар зиёд мешавад.

Аз ҷумла, меъёри боҷ барои дарёфти шиносномаи Русия аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл зиёд мешавад.

Ҳамчунин барои ҳуҷҷатгузории ҳаққи иқомат дар Русия акнун аз шаҳрвандони хориҷӣ 15 ҳазор рубл мегиранд. То ин вақт ин маблағ камтар аз 2 ҳазор рубл буд.

Боҷ барои дарёфти ҳаққи иқомат низ аз 6 ба 30 ҳазор рубл зиёд мешавад.

Ҳамзамон аз корфармо барои ҷалби ҳар коргари хориҷӣ то 15 ҳазор рубл боҷ мегиранд.

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ ё порлумони Русия гуфтааст, ҳадаф аз ин кор беҳтар кардани сиёсати муҳоҷиратӣ аст.

Дар солҳои охир мақомоти Русия пардохтҳои ҳатмиро барои муҳоҷирон, аз ҷумла нархи патент ё иҷозатномаи кор чанд маротиба зиёд кардаанд.

навшуда

Боздошти навраси тоҷик бо иттиҳоми куштор дар Русия

Акс аз ҷойи ҳодиса
Акс аз ҷойи ҳодиса

Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷӣ бо иттиҳоми куштаву захмӣ кардани як падару писар хабар додааст. Расонаҳо навиштанд, ҳамлавар 16-сола ва зодаи Тоҷикистон аст.

Ба гузориши мақомоти Русия, ин наврас шаби 11-уми июн вориди хонаи шиносаш дар деҳаи Тёрновкаи вилояти Маскав шуда, бо корд ба мард ва як писараш ҳамла кардааст. Кумитаи тафтишоти Русия гуфтааст, мард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, писарашро ба бемористон бурдаанд.

Назари навраси дастгиршуда ва наздиконаш ба қазия ва ҳамин тавр ангезаи ӯ барои ин кор маълум нест. Пулис мегӯяд, ин наврас дастгир шуда, тафтиши қазия идома дорад.

Дар хабарномаи Кумитаи тафтишотии Русия танҳо ба шаҳрванди хориҷӣ будани ӯ ишора шудааст. Хабаргузории ТАСС навиштааст, ҳамлавар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Маълумоти бештар дар бораи ин наврас дастрас нест.

Александр Бастрикин, роҳбари Кумитаи тафтишот, ки аз мақомдорони муҳоҷирситези Русия гуфта мешавад, таҳқиқи ин ҳодисаро зери назари худ гирифтааст.

Дар гузашта ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми содир кардани ҷиноят дар Русия дастгир шудаанд. Наздикони бархе аз ин муҳоҷирон ба бегуноҳии наздиконашон пойфишорӣ кардаанд.

Марги як коргари дигар дар кони тилои Шугнов

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пештар дар бораи ҷон бохтани Меҳроҷиддин Давлатзодаи 19-сола дар кони тилои Шугнов гузориш дода буд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пештар дар бораи ҷон бохтани Меҳроҷиддин Давлатзодаи 19-сола дар кони тилои Шугнов гузориш дода буд

Дар кони тилои Шугнов дар ноҳияи Ховалинг, ки садҳо нафар заршӯйӣ мекунанд, як нафари дигар ҷон бохтааст.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 8-уми июн рӯй дода, Рӯҳулло Кабиров 30 сол дошт. Ӯ экскватор меронд.

"Экскватор ба ҳавз афтода, дараш боз нашудааст. Рӯҳулло дар зери об монда, ҷонашро аз даст дод," -- гуфт як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми июн.

Мақомот дар ин бора хабар надодаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пештар дар бораи ҷон бохтани Меҳроҷиддин Давлатзодаи 19-сола дар ҳамин кони тило гузориш дода буд. Ӯ бо мошини хокбардори худ рӯзи 9-уми июн ба ҳавз афтодааст.

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило ҷойгир аст ва дар онҷо шаш ширкат бо садҳо коргар ба заршӯйӣ машғуланд.

Охири моҳи майи имсол ба болои коргарон дар Шугнов як кӯҳпора чаппа шуда, чаҳор нафар ҷони худро аз даст доданд. Мақомот сабаби ин ҳодисаро риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ номиданд.

Арзиши тило дар бозорҳои ҷаҳонӣ поин шудааст

FILE PHOTO: Gold bars
FILE PHOTO: Gold bars

Нархи тило дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба таври қобили мулоҳиза поин шудааст.

Рӯзи 11-уми июн нархи ҳар унси тило (28,35 грам) ба 4058 доллар баробар шуд, ки поинтарин нарх дар соли равон аст. Бори охирон тило дар моҳи ноябри соли гузашта чунин нарх дошт.

Коҳиши нархи тило дар як моҳи охир суръат гирифтааст. Рӯзи 11-уми май нархи ҳар унси тило 4739 доллар буд, ки дар қиёс ба нархи имрӯза 681 доллар зиёдтар аст.

Дар пайи пойин рафтани нархи тило дар бозорҳои ҷаҳонӣ, Бонки миллии Тоҷикистон низ арзиши сабикаҳои тилоиро паст кард. Рӯзи 11-уми июн нархи сабикаи 5-грамӣ дар Бонки миллӣ 6464 сомонӣ муайян шудааст. Се рӯз пеш ин сабика ҳудуди 6900 сомонӣ арзиш дошт.

Дар миёнаҳои моҳи марти имсол нархи 5 грам сабика ё “хишти” тилоӣ ба 8200 сомонӣ расида буд.

Идомаи таниш дар Ховари Миёна, муҳосираи дарёии Эрон аз сӯи Амрико, болоравии нархи нафт, устувор шудани қурби доллар ва нигаронӣ аз боло рафтани арзиши баҳраҳои бонкӣ дар Иёлоти Муттаҳида аз сабабҳои асосии паст шудани нархи тило гуфта мешавад.

Дидори вазири тоҷик бо намояндаи президенти Амрико

Дидори Шералӣ Кабир бо Серҷио Гор. 10 июн, Остона, Қазоқистон.
Дидори Шералӣ Кабир бо Серҷио Гор. 10 июн, Остона, Қазоқистон.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо намояндаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ вохӯрда, мавзӯи истихроҷи конҳои Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Дидори Шералӣ Кабир бо Серҷио Гор 10-уми июн дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар хабарномае навишт, Шералӣ Кабир ба фиристодаи вижаи президенти Амрико, дар бораи захираи конҳои Тоҷикистон гуфтааст.

Ба гуфтаи Вазири саноат ва технолонияҳои нав, дар Тоҷикистон "қариб 800 кони метал ва минералҳо мавҷуд аст", ки аз он танҳо 100 кон истихроҷ мешавад.

Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин гуфтаанд, конҳои дастнохӯрдаи Тоҷикистон "имкониятҳои васеъро барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар ин самт фароҳам меорад".

Мавзӯи сармоягузории Иёлоти Муттаҳида барои истихроҷи конҳои маъдани табиӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, моҳи ноябри соли гузашта дар Вашингтон баррасӣ шуда буд.

Он вақт Доналд Трамп дар дидор бо роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ гуфта буд, ҳамкорӣ барои хариду коркарди маъданҳои камёб ва муҳим, як бахши асосии ҳамкориҳои дуҷониба аст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG