Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қонун"-и симкортҳо дигар шуд, муҳлат бетағйир монд. САДО


Эълони он ки мардум барои иваз кардани шиносномаҳои худ танҳо 3 моҳ вақт доранд ва агар дер кунанд, аз симкорти телефонашон маҳрум мешаванд, дар Маҷлиси намояндагон баҳсеро бапо кард.

Дар нишасти Маҷлиси Намояндагон рӯзи 22-юми май Икром Умарзода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, муҳлати табдили шиносномаҳо бетағйир мемонад.

Вакилон: Фурсат танг аст

Абдуҷаббор Азизӣ, муовини раиси Маҷлиси Намояндагон гуфт, фурсати танг, мумкин аст, ҳарҷу марҷ ба миён орад. Вай тақозо кард, барои пеш наомадани бебандуборӣ дар рӯзҳои охири табдили шиносномаҳо, дар байни мардум тарғибот бурда, онҳоро ба саривақт иваз кардани шиносномаҳо ташвиқ кунанд.

Масъала он аст, ки симкортҳо танҳо бо шиносномаи нав сабт карда мешаванд. Онҳое, ки то моҳи август шиносномаҳои қадимии соли 1996-ро ба корти пластикии ҳувият иваз намекунанд, амалан аз имкони истифодаи телефони худ маҳрум мегарданд.

Икром Умарзода
Икром Умарзода

Гузашта аз ин, ба каси дигар додани симкорт низ бино ба тағйироте, ки Маҷлиси Намояндагон тасвиб кард, манъ мегардад. Яъне, тамоми ҳаракат ба он самт аст, ки шаҳрвандон дар муҳлати боқимонда шиносномаи нав гиранд ва онро бо симкорти худ пайванд кунанд.

Се миллион нафар ба ID ниёз доранд

Азбаски то ҳол 3 миллион нафар ва ё аз се як ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон шиносномаҳои қадимиашонро иваз накардаанд, бархе вакилон пешниҳод карданд, ки муҳлати иваз кардани шиносномаҳо дароз шавад.

Ҷаббор Аҳмедов, вакили мардумӣ аз намояндагони Вазорати умури дохилӣ пурсид, чӣ қадар мардум то ҳол симкортҳояшонро иваз кардаанд ва оё дар муҳлати муайяншуда ба бақияи онҳое, ки шиносномаи нав нагирифтаанд, ин санад дода мешавад?

Икром Умарзода дар посух ба ин суол гуфт: "То имрӯз 6 миллиону 471 ҳазор симкорти фаъол дорем, беш аз 2 миллион нафар гирифтаанд. Се миллиони дигар мондаанд, ки метавонанд, паспорти нав ва сипас симкорти нав бигиранд.”

Аммо зоҳиран Вазорати умури дохилӣ то моҳи август имкони тағйири шиносномаҳои зиёдро надорад, чун ба гуфтаи муовини вазири умури дохилӣ: "вазорат имконият дорад, дар як моҳ то 50 ҳазор шиносномаро иваз кунад."

Ҳадаф -- амният?

​Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2014 ба ҷойи шиносномаҳои маъмулӣ корти пластикӣ ба роҳ андохт. Баҳори имсол бар асоси муқаррароти нав аз мардум хостанд, симкортҳояшонро дубора сабти ном кунанд ва гуфтанд, ки симкортҳоро фақат бар асоси корти нав сабт мекунанд.

​Масъалаи табдили симкортҳо аз тирамоҳи соли гузашта як масъалаи бисёр доғ дар Тоҷикистон шуд. Мақомот он замон гуфтанд, барои таъмини амнияти миллӣ ва сӯистифода нашудани симкортҳо бояд ҳамаи онҳоро аз нав ба номи соҳибонашон сабт кунанд. Вале ҳукуматро ба он муттаҳам мекарданд, ки барои пур кардани буҷа ва пайдо кардани манбаи даромад, ин роҳро пеш гирифтаанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00
Линки мустақим

Шиносномаи кӯҳна чӣ мушкил дорад?

Суоли дигар ин буд, ки шиносномаи қадимӣ чӣ мушкилӣ дорад, ки наметавонанд бо он симкортҳоро ба номи соҳибонашон дигарбора сабти ном кунанд?

Мақомот дар посух гуфтанд, ки дар шиносномаҳои коғазӣ нақши ангушт ва маълумот дар бораи навъи хун ҷой надорад ва пайдо кардани соҳибонашон дар махзанҳои давлатӣ мушкил мешавад.

Рӯзи 22-юми май дар ҷаласаи порлумон Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилӣ тағйирот ба Кодекси ҷиноиро шарҳ дод, ки дар он ҷазо барои ба ихтиёри дигар кас додани симкорт низ саххтар шудааст.

Ҷазо барои ба каси дигар додани симкорт

Дар сурати қабули тағйирот, онҳое, ки симкортҳои кишварҳои дигар ва ё ҳамсояро ба Тоҷикистон оварда мефурӯшанд ва ё симкортҳои ширкатҳои дохилиро ба шаҳрвандони хориҷӣ медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Бар асоси тағйироти пешниҳодӣ ба моддаи 341-и Кодекси ҷиноӣ барои чунин қонуншиканӣ метавонанд, гунаҳкорро беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима банданд ва ё беш аз як ҳафта кори ҳатмӣ фармоянд.

Икром Умарзода дар ҳузури вакилони мардумӣ гуфт, ҷазо барои муомилаи ғайриқонунӣ бо симкорт метавонад, "аз истифодаи ғайриқонунии симкорт аз тарафи сокинон ва кормандони идораҳо ҷилавгирӣ кунад."

Форуми Фейсбук

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG