Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман зиндони Ваҳдатро аз дохил дида будам". ВИДЕО


Азамат Шамбилов. Акс аз бойгонӣ
Азамат Шамбилов. Акс аз бойгонӣ

Як фаъоли ҳуқуқ ва намояндаи созмони "Penal Reform", ки ба иҷрои барномаҳои ислоҳот дар маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ машғул аст, гуфт, дар ним соли гузашта борҳо аз зиндони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон дидан кардааст.

Азамат Шамбилов рӯзи 23-юми май дар мусоҳиба бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, "барои решакан шудани ифротгароӣ ва терроризм дар дохили зиндон солҳои тӯлонӣ зарур мешавад". Шаби 19-уми май дар зиндони маъруф бо номи "Кирпичний" дар шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон ошӯб сар зад. Мақомот гуфтанд, дар ин ҳодиса се посбон ва 29 зиндонӣ кушта шуданд.

Хушунат дар зиндони шаҳри Ваҳдат баъд аз ним соли ошӯби хунини дигар дар маҳбаси Хуҷанд рух дод. Дар он ҳодиса 25 нафар кушта шуданд.

Мақомот дар ҳарду ҳодиса масъулияти ташкили ошӯбро ба дӯши зиндониёне гузоштанд, ки бо гуноҳи ифротгароӣ ва терроризм маҳкум шудаанд. Манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, дар асл шиканҷаву бадрафторӣ ва ришвахорӣ дар зиндон сабаби ошӯб шудааст.

“Дар зиндони Ваҳдат бинои нави сеошёна месохтанд”

Азамат Шамбилов, раиси барномаи “Ислоҳоти низоми маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ” дар созмони "Пенал Реформ" гуфт, баъди ошӯби Хуҷанд, Тоҷикистон ба баъзе тағйирот дар зиндонҳо шуруъ кард. Ин созмон нахустин муассисаи ҷамъиятие аст, ки ҳаққи вуруд ба маҳбасҳои Тоҷикистонро ба даст овардааст.

"Ман шахсан аз ин зиндон дидан кардаам. Ман ба он ҷо рафта будам", -- гуфт Азамат Шамбилов дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ. Вай гуфт, ҳаққи ворид шудан ба зиндонҳои Тоҷикистонро баъди “шурӯи ислоҳот дар зиндонҳо” ва имзои ёддошти ҳамкорӣ доданд.

Ӯ гуфт: "Мансур Умаров, раиси нави идораи маҳбасҳои Тоҷикистон моҳи декабр, баъди таъйин шудан, ба татбиқи ислоҳот дар зиндонҳо изҳори омодагӣ кард. Мо бори аввал моҳи декабри соли гузашта вохӯрдем. Баъд аз он, дар моҳҳои январ, феврал ва апрел мулоқот кардем. Ба наздикӣ дар Тоҷикистон будам. Мо маҳз дар ҳамин муассиса (зиндони шаҳри Ваҳдат) будем."

Шамбилов: "Ман дар зиндони Ваҳдат будам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Азамат Шамбилов афзуд, ҳангоми ошноӣ аз зиндон шоҳиди бунёди бинои нави сеошёна барои 200 нафар шудааст: "Биноҳои кӯҳнаро тадриҷан хароб мекарданд ва як чойхона ҳам месохтанд."

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ислоҳот ба зудӣ ва осон муяссар намешавад ва аз Гурҷистону Молдова ва Лаҳистон ёдовар шуд, ки ба қавли ӯ ислоҳот дар маҳбасҳояшон дар давоми даҳ сол натиҷа дод.

Азамат Шамбилов гуфт: "Набояд интизори онро дошт, ки дар ним сол баъди шӯриш амнияти зарурӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон таъмин мешавад. Ва барномаҳои зарурӣ дар пушти панҷараи зиндон татбиқ мешавад. Ин ҳама корҳо аз иҷрои се масъалаи бузург бояд иборат бошад, кумаки молӣ, мутахассисон ва омодагии касбии кормандони зиндон."

Коршинос гуфт, зиндонҳои Тоҷикистон аз зиндонҳои кишварҳои дигари минтақа бо он фарқ мекунад, ки дар ин муассисаҳо "қоидаи режим" амал мекунад. Яъне, ҳама кору барномаҳои зиндониҳо бар асоси реҷаи муайян сурат мегирад. Ба ҳайси мушкили ҷиддӣ ва камбуди шароити зиндониҳо, ба гуфтаи ӯ, то ҳол ҳифз шудани шакли барак ё хонаҳои калони нигаҳдории 50-100 ё 200-нафарии зиндониҳо мебошад, ки "мероси Гулаги Шӯравӣ аст".

"Тасаввур кунед, як хонаи калон аст ва дар он ҷо чаҳор қатор кати дуошёна гузошта шудааст. Мо бояд ба шакли камеравӣ ё утоқии нигаҳдории маҳбусон гузарем. Мо дар ин ҳолат пеш аз ҳама масъалаи амниятро ҳал мекунем ва аз роҳи камераҳои назоратӣ кормандон амнияти дохили утоқҳоро беҳтар назорат мекунанд" -- афзуд ӯ.

“Ошӯби ифротгароҳо пешгӯишаванда буд”

Таҳлилгари қирғиз мегӯяд, дар асл сар задани хушунату ошӯбҳо дар зиндонҳои Осиёи Марказӣ бесобиқа нест ва, баръакс, ба гуфтааш, қобили пешбинӣ аст.

Солҳои 2010-2011 дар зиндонҳои Балхашу Мангистау (Қазоқистон) ошӯби маҳкумшудаҳо барои терроризму ифротгароӣ саркӯб шуд ва ошӯбгарон нобуд карда шуданд. Ин коршинос мегӯяд, дар он ҳодисаҳо дар дасти зиндониҳо силоҳ пайдо карданд. Чунин ҳодисаҳо соли 2015 дар Қирғизистон ҳам рух дода буд.

Радиои Озодӣ: То куҷо дуруст аст, ки зиндониҳои маҳкумшударо ба терроризм ҳамроҳ бо зиндониҳои дигар нигаҳ медоранд?

Азамат Шамбилов: "Дар ҷаҳон модели беайбу идеалии шароити нигоҳдории маҳкумшудаҳо барои ифротгароӣ ва терроризм вуҷуд надорад. Масалан, дар Қирғизистон ин зиндониҳо ҷудо аз якдигар нигаҳдорӣ мешаванд. Дар баъзе аз муассисаҳои Қазоқистон ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ зиндониҳо омехта нигаҳдорӣ мешаванд. Дар Аврупои Ғарбӣ ҷудо аз ҳам. Ҷаҳон тоза бо мушкили ифротгароиву терроризм дар дохили зиндонҳо рӯбарӯ мешавад. Ин масъала бояд омӯхта шавад. Вале таҳқиқи ин масъала аз ҷониби созмони мо дар зиндонҳои Қирғизистону Қазоқистон нишон дод, ки шароити бекориву набуди барномаҳои барқарорсозӣ зиндониҳои дигарро дар баробари ифротгароӣ заъфпазир мекунад. Чунки онҳо дар дохил барои муошират бо маҳкумшудаҳо бар асоси моддаҳои ифротгароӣ вақти бисёр доранд. Созмонҳои байналмилалӣ ҳалли ин масъалаҳоро ба дӯши ҳукуматҳо вогузор кардаанд. Ба назари ман, фурсати он расидааст, ки бар асоси меъёрҳои муайян протоколи мушаххас қабул шавад, то хатарҳову паёмадҳои нигаҳдории маҳкумшудаҳо барои ифротгароиву терроризмро ифода кунад."

Радиои Озодӣ: Пас, ба назари Шумо, пеш аз ба зиндон фиристода шудани шахс мақомот бояд чӣ чораҳоро биандешад?

Азамат Шамбилов: “Пеш аз ҳама, бояд бидонем, ки на ҳама маҳкумшудаҳо барои ифротгароиву терроризм афроди хушунатҷӯ ҳастанд. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба зиндон афтодан кори хеле осон аст. Масалан, барои паҳн кардани адабиёт ва ё барои паҳн кардани мусиқӣ. Ҷавонони зиёд ба зиндонҳо иштибоҳӣ андохта мешаванд. Бояд хатарҳо дуруст санҷида шаванд ва дида шавад, ки дар сохтори террористӣ ин шахс дар кадом поя қарор дорад. Оё ӯ як шахси паҳнкунанда аст ё зархарид? Дар зиндонҳо бояд барномаи муттаҳидкунандаи оила татбиқ шавад. Аксар маҳкумшудагон бо ҷурми ифротгароиву терроризм робитаҳо бо хонаводаро аз даст медиҳанд. Муҳим аст, ки оила дар ҷараёни ҳамгироӣ ва бозгашт ба ҷомеа иштирок кунад.”

Шамбилов мегӯяд, барои такрор нашудани ҳодисаҳо ба мисли ошӯб дар зиндони Ваҳдат, бояд маблағгузории маҳбасҳо афзоиш ёбад ва кормандони зиндонҳо омодагии тахассусӣ баргузор шавад.

Ӯ мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз ворид шудани силоҳ ва ё сохтани абзори хатарнок барои инсон бояд дар ҳуҷраҳои зиндониён камераҳои назоратӣ гузошта шавад. “Дар баробари андешаи амнияти зиндониҳо, бояд амнияти зиндонбонҳо ҳам таъмин шавад”, -- мегӯяд Азамат Шамбилов.

Айнура Жекше кизи,

бахши қирғизии Радиои Озодӣ

XS
SM
MD
LG