Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Якшанбеи сабз". Ҷамъоварии беш аз як тонна партов аз соҳили Ғунд. АКС


Ихтиёриён дар маркази вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар як моҳи охир аз соҳили дарёи Ғунд беш аз як тонна партов ё ифлосиро берун баровардаанд.

Мижгона Қурбонмамадова, яке аз ихтиёриён, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин партовҳо аз пӯсти пиёз, шишаву дору ва лампаҳои кӯҳнашуда ва партовҳои сахте ба монанди маҳсулоти сохтмонӣ иборат аст.

Ӯ афзуд: "Дар ин кор ба мо бештар ҳамкорон ва хонандагони мактаб ёрӣ доданд. Мардум дар Хоруғ дар бораи зарари парвтовҳо кам фикр мекунанд. Бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат гирад."

Гурӯҳи ихтиёриён дар шаҳри Хоруғ тақрибан ду моҳ пеш даст ба кор шуданд. Азбаски рӯзи аввали кори онҳо ба якшанбе рост омад, гурӯҳро “Якшанбеи сабз” номиданд. Онҳо дар ҷойҳои гуногун кор мекунанд ва ё мехонанд.

Худи Мижгона Қурбонмамадова омӯзгор аст. Ӯ гуфт, онҳо дар навбати аввал ба тоза кардани соҳили рӯдхона диққат додаанд, чун ҳанӯз сатҳи оби дарё паст аст ва "имкони пешгирӣ аз ифлосшавии об вуҷуд дорад".

"Вақте барф об шуд, сатҳи об боло меравад ва партовҳои гирду атрофро бо худ мебарад. Он вақт зиёнаш бештар мешавад", -- афзуд Қурбонмамадова.

Бархе аз ихтиёриёни дигар дар Хоруғ мегӯянд, ба мушоҳидаи онҳо баъзе аз партовҳо солҳо боз дар соҳили дарёи Ғунд "хобидаанд". Онҳо мегӯянд, баъзе аз ин партовҳоро на шахсони алоҳида, балки соҳибон ва ё кормандони ошхонаҳои лаби дарё партофтаанд.

Яке аз ихтиёриён гуфт, "дар миёни партовҳо баъзан маводи ғизоӣ ва картошкаву пиёз низ ҳаст. Сокинон ҳам мегӯянд, баъзе чунин партовҳоро аз ошхонаҳо ба соҳил андохтаанд. Ин чиз бояд таҳқиқ ва ба мардум фаҳмонда шавад. Мо намехоҳем аз пеши худ каси мушаххасеро гунаҳкор кунем."

Ба қавли ихтиёриён, фарзияи дигари онҳо ин аст, ки баъзе афрод бо дӯстони худ дар лаби соҳил нишаста, боқимондаи хӯрок ва шишаву қуттии обро гузошта рафтаанд.

"Инчунин, дар соҳили дарё сохтмони баъзе биноҳо ҷараён дорад. Партови бисёре аз онҳоро на дар ҷойи муайян, балки хеле наздику осон ба соҳил тела медиҳанд", -- гуфт Мижгона Қурбонмамадова.

Як сокини шаҳри Хоруғ мегӯяд, бештари ин партовҳо аз боло меояд ва ҳамаи он маҳсули кори бошандагони маркази вилояти Бадахшон нест. Вай гуфт, "мо партови хонаҳои худро то соҳил кашола карда намеорем. Дар инҷо одамон ҳастанд ва мебинанд. Партов ҷамъ мекунем ва мошинҳои махсус то партовгоҳ мебаранд."

Бо ин ҳол, ихтиёриён мегӯянд, аз соҳили дарёи Ғунд чанд уребчаи кӯдакон ва пойафзоли куҳнаро пайдо карданд, ки аз манзили сокинон то онҷо рафтааст. Онҳо акси партовҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ гузоштаанд, то ба ин восита ба зеҳни мардум таъсир гузоранд.

Мижгона Қурбонмамадова мегӯяд, вокунишҳо аз дохилу хориҷ ба кори онҳо мухталиф буд. "Ду нафар аз дӯстони хориҷии ман, ки қаблан дар Хоруғ буданд, дарҳол вокуниш карданд. Онҳо гуфтанд, ҳангоми сафар чунин партовҳоро дида буданд ва аз кори мо ҳимоят карданд. Фикр мекунам, тоза кардани шаҳр барои ҷалби сайёҳон низ муҳим аст, чун онҳо ба рафтори мардум баҳо медиҳанд."

Мақомот гуфтанд, партовҳои ҷамъовардаи ихтиёриёнро аз лаби роҳ то партовгоҳи махсус мошини идораи хадамоти коммуналӣ мебарад.

Вале баъзе аз коршиносон мегӯянд, "бо як гул баҳор намешавад" ва бояд мақомоту ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тозагии атроф дар кишвар ҷиддӣ таваҷҷуҳ кунанд. Онҳо мегӯянд, натанҳо соҳили Ғунд, балки дарёҳои дигар дар гӯшаҳои кишвар ба назорат ва тозагӣ ниёз доранд. Ҷое, ки мардум ҳам ифлосӣ мепартоянд ва ҳам об мегиранд.

XS
SM
MD
LG