Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Туск: Сарез хеле зебо аст, вале...


Акс аз саҳифаи фейсбукии Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо гирифта шудааст
Акс аз саҳифаи фейсбукии Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо гирифта шудааст

Доналд Туск дар саҳифаи фейсбукии худ рӯзи 30 май аксҳое аз манзараҳои Сарез ва ҳайати мақомоти тоҷику аврупоиро нашр карда навишт: “Тағйироти табиатро дар ин ҷо мешавад мушоҳида кард. 5 пирях аллакай нопадид шуд, сатҳи об боло меравад. Тағйироти иқлим як масъалаи ҷаҳонӣ аст, ки мо бояд муштаракан бо он мубориза барем”.

Ин нахустин изҳороти президенти Шӯрои Аврупо дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аст, ки дар саҳифаи ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук баъди ошноӣ бо кӯли Сарез нашр шуд. Доналд Туск дар садри ҳайати баландпояи мақомоти Иттиҳодияи Аврупо шоми 29 май ба Тоҷикистон омад ва нахуст бо чархбол ба тамошои кӯли Сарез парвоз кард. Ҳадафи ин сафар – мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, баррасии стратегияи нави ИА барои Осиёи Марказӣ, ошноӣ бо мушкилоти марбут ба тағйироти иқлим ва масоили амниятӣ мебошад.

Рӯзи 29 май бархе намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он изҳори нороҳатӣ карданд, ки президенти Шӯрои Аврупо мулоқоту гуфтугӯи ҷудогонае бо намояндагони созмонҳои маданӣ ва матбуот доир накард, то ки, ба гуфтаи онҳо, “масоили марбут ба зиндониҳои сиёсӣ, фишор болои авдкатҳо, бастани интернет” ва масоили дигар матраҳ шавад.

Рӯзи 30 май сухангӯи Доналд Туск ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар дидору гуфтугӯ бо президент Раҳмон президенти Шӯрои Аврупо қарор аст масоили ҳуқуқи башарро низ матраҳ кунад.

XS
SM
MD
LG