Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Моро чун лӯхтак истифода карданд, то президентро фиреб диҳанд"


Хуршеда Тиллоева

Чанде аз сокинони шаҳри Андиҷони Узбекистон гуфтан, ҳангоми сафари президент ба онҳо хонаҳои нав доданд, вале баъдан хостанд, ки ҷойро холӣ кунанд.

Хуршеда Тиллоеваи 35-сола ҳангоми сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 17-уми май ба Андиҷон тавассути телевизион эълон кард, ки мақомот ба ӯ хонаи нав додаанд. Вале баъди як рӯзи рафтани Мирзиёев, аз вай талаб шудааст, хонаро холӣ кунад.

Тиллоева чӣ гуна "дар як лаҳза" соҳиби хона шуд ва аз он маҳрум гардид? Ӯ рӯзи 30-юми май ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт:

"Ман дар корхонаи дӯзандагӣ кор мекунам ва барои гирифтани манзил ариза навиштам. Рӯзи сафари президент як масъули Идораи кор бо занон омад ва гуфт, бояд ба хонаи нав кӯчам. Ва ҳамон рӯз хабарнигори шабакаи "Узбекистон 24" низ бо ман мусоҳиба кард. Ман ашки чашм рехта, гуфтам, ки президент ғамхории падарона кард ва ба ман манзил дод. Бисёре аз шиносҳо табрик гуфтанд."

Вале баъди онки президент аз Андиҷон рафт, ба Хуршеда Тиллоева гуфтаанд, ки хонаро холӣ кунад, чун соҳибаш каси дигар аст. Ба ӯ ваъда додаанд, ки дертар хона медиҳанд.

"Он вақт дарк кардам, ки қурбонии як намоиши дурӯғин шудаам", - мегӯяд Хуршеда Тиллоева. Ин сокини Андиҷон афзуд, мақомот ба монанди ӯ панҷ нафари дигарро "фиреб додаанд".

Муовини раиси шаҳри Андиҷон занонро ба мулоқот бо раисҷумҳури Узбекистон омода мекунад
Муовини раиси шаҳри Андиҷон занонро ба мулоқот бо раисҷумҳури Узбекистон омода мекунад

Хабарнигори бахши узбекии Радиои Озодӣ бо Муяссар Раҳимова, сокини 30-солаи Андиҷон низ суҳбат кард, ки гӯё хонаи нав гирифт, вале ҳанӯз бехона аст.

Вай гуфт, "баъди онки ба ман хона доданд, дар ҳаққи президент дуо кардам. Аз ман хостанд, ки ҷиҳози куҳнаамро дертар биорам, то зебоии хонаро доғдор накунад. Ба ғайр аз ин, хостанд, ки барои худ як куртаи адрас дӯзам ва ба фарзандон либосҳои зебо пӯшонам. Дар рӯзи сафари президент мо бояд ҳамчун оилаи хушбахт, ки соҳиби хона шудааст, суҳбат мекардем."

Раҳимова мегӯяд, баъди анҷоми сафари раисҷумҳур ӯро низ огоҳ кардаанд, ки хонаро холӣ намояд. "Маълум шуд, ки бозӣ барои як соат будааст. Онҳо моро ҳамчун лӯхтак истифода карданд, то президентро фиреб диҳанд", -- афзуд Раҳимова.

Ба қавли Муяссар Раҳимова, мақомот аз занон хостаанд, ки ҳангоми дидор бо президент суол надиҳанд, баръакс, барои хонаи нав сипос гузоранд.

Рӯзи 16-уми майи имсол шабакаи телевизионии "Узбекистон 24" хабар дод, ки 164 оила дар Андиҷон соҳиби хонаи нав шуданд. Яке аз хабарнигороне, ки сафари президент Мирзиёевро ба Андиҷон бозтоб медод, гуфт, "мақомоти маҳаллӣ даҳ хонаро интихоб карданд, ки бояд президент ба онҳо ворид мешуд. Ба кормандони идораи фарҳанг ва боғчаҳои бачагона фармон доданд, то хонаҳоро ба тартиб дароранд. Чанд лаҳза пеш аз сафари президент маълум шуд, ки ӯ ба хонаи Дилфуза Ҳоҷиматова меравад. Мансабдорон зуд ҳамаи ҷиҳоз, аз ҷумла курсиҳои қиматбаҳоро оварданд."

Намояндаи мақомоти шаҳри Андиҷон дар суҳбати телефонӣ гуфт, Дилфуза Ҳоҷиматова, яке аз заноне, ки бо президент вохӯрд, аллакай дар хонаи нав зиндагӣ дорад. Ин мусоҳиби бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтааст, масъалаи занони дигар ба зудӣ ҳал мешавад.

Шавкат Мирзиёев рӯзи 17-уми май ба маҳалли “Мустақил”-и шаҳри Андиҷон рафт ва бо сокинони хонаҳои куҳнаву фарсуда ҳамсуҳбат шуд. Вай дар онҷо гуфт, "дар чунин шароити вазнин зиндагӣ кардан осон нест. Дар Андиҷон масъалаи замин бисёр вазнин аст. Ман ба инҷо омадам, ки бо шароити зисти одамон шинос шавам ва барои ҳамаи оилаҳо шароити муносибро фароҳам орам."

Хуршеда Тиллоева дар “фиреб”-и худ ва президент мақомоти маҳаллиро айбдор мекунад. "Ман ҳамчунон дар хонаи модарам зиндагӣ дорам, ки бояд вайрон карда шавад. Дар тааҷҷубам, ки чӣ гуна мақомоти маҳаллӣ тавонистанд моро фиреб диҳанд. Онҳо дар аввал умедвор карданд, вале дар охир моро таҳқир намуданд", - гуфт ӯ.

Шарҳҳоро бинед (15)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG