Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 5 июн таҷлил мешавад


Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн таҷлил мешавад. Дар ин бора Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи якуми июн қарор қабул кард.

Вале Русия ва баъзе аз кишварҳои дигар рӯзи Иди Рамазонро 4-уми июн ҷашн мегиранд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо гуфт, намози ид дар масҷидҳои Тоҷикистон соати шаши субҳ хонда мешавад.

Як нафари огоҳ аз ҷаласаи Шӯрои уламо хабар дод, ки дар ҷаласаи рӯзи шанбе масъалаи ҳаққи узвияти масҷидҳо ва танзими “идгардак”-ро низ баҳс кардаанд.

Иди Фитр ба як моҳи рӯзадорӣ поён мебахшад. Дар он рӯз сокинон баъди намози ид ба зиёрати оромгоҳҳо ва ё аёдати беморон ва хешу таборон мераванд.

Дар гузашта дар ин рӯз кӯдакон ба хонаи ҳамсояҳо ва наздикон рафта, туҳфа мегирифтанд. Вале ду сол пеш мақомот "идгардак"-ро бо баҳонаи ин ки зери чархи мошин намонанд ё ба фалокате дучор нашаванд, маҳдуд карданд.

Ҳамчунин оростани дастархони калон ва пур аз нуқлу наво манъ шудааст.

Бино ба қонунҳои Тоҷикистон Иди Фитр рӯзи истироҳат аст, вале дар гузашта раҳбарияти идораҳои давлатӣ ва донишгоҳу мактабҳои миёна кӯшиш карда буданд, мардум ба кор ва донишомӯзонро ба дарс даъват кунанд.

Мардум чунин бархӯрдро нақзи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва динии худ медонанд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG