Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди "Афсона"... "Дидор" дар Душанбе ба поён расид. ВИДЕО


Мақомоти шаҳри Душанбе ба тахриби боз як қаҳвахона дар пойтахт дасту остин барзадаанд. Онҳо гуфтанд, моликони қаҳвахонаи "Дидор" дар маҳаллаи "Воданасос" барои фаъолият санади зарурӣ надоранд ва бинои он худсарона сохта шудааст ва бояд вайрон гардад.

Вале моликони қаҳвахона иддао доранд, ки бино аз солҳои 80-ум ба ин тараф дар ихтиёри онҳост ва то кунун касе нисбат ба он эътироз надошт. Суолашон ин аст, ки чаро имрӯз "Дидор" бояд ба охир бирасад?

Камолуддин Ҷабборов, мудири қаҳвахонаи "Дидор", рӯзи 5-уми июн гуфт, "рӯзи 22-юми май бе ягон огоҳӣ барқу обро қатъ намуданд. Баъд гуфтанд, ки нишасти раҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мешавад ва қисми пеши қаҳвахонаро канед. Дар қисми пеш қассобхона ва ҷойи таҳияи санбӯса буд. Мо амри мақомотро иҷро кардем. Вале дертар гуфтанд, ки қаҳвахонаро пурра кандан лозим. Ба ин розӣ нашудам".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Поёни қаҳвахонаи "Дидор" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00

Ба гуфтаи Ҷабборов, аз соли 1984 ин тараф падараш дар маҳал кор мекард ва он замон ҳамчун иншооти давлатӣ, яъне нуқтаи фурӯши нӯшокӣ фаъолият доштааст. "Соли 1995 хусусӣ гардонида шуд ва тамоми ҳуҷҷатҳои Кумитаи амволро дар ин маврид дорем. Ё агар мекӯчонанд, бояд ҷубронашро диҳанд", --афзуд Ҷабборов.

Талошҳои Камолуддин Ҷабборов дар мавриди тахриб нашудани қаҳвахонааш дар ҳолест, ки рӯзи 3-юми июн Шарифхон Самиев, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳудуди ин қаҳвахона рафта, масъалаи тахриб шудани онро бо вакили мудофеъ Гулҷаҳон Зоҳидова баҳс намудааст. Зоҳидова аз ҳуқуқи моликони "Дидор" ҳимоя мекунад.

Самиев ба қарори раиси шаҳри Душанбе таъкид намуд ва иброз дошт, ки ӯ иҷрогар аст. Зоҳидова гуфт, барои тахриби бино бояд комиссия ташкил шавад ва заминаҳои ҳуқуқии он баррасӣ гардад.

Як мақом дар ҳукумати шаҳри Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, дар гузашта ҳудуди қаҳвахонаи "Дидор" хурд буд ва раҳбарияти он марҳила ба марҳила бидуни иҷозати сохтмон ҳудуди онро васеъ намудааст. Ба иттилои манбаъ, "ҳудуди ин қаҳвахона зиёдтар аз 18 сотихро ташкил медиҳад, аммо дар солҳои 1984 дар ягон ҳуҷҷати он чунин ҳудуд барои сохтмони иншооте пешбинӣ нашудааст."

Дар қарори шаҳрдори Душанбе оид ба тахриби қаҳвахонаи "Дидор", ки дастраси Радиои Озодӣ гардид, гуфта шудааст, "бино ва иншооте, ки аз ҷониби шаҳрвандон Ҷабборов Камолиддин ва Нуруллоев Захбулло худсарона бунёд гардидааст, аз ҳисоби маблағҳои худ ва бе додани ҷуброн бартараф карда шуда, қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шавад".

Гулҷаҳон Зоҳидова дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, далелҳои қонунӣ будани санадҳои "Дидор"-ро рӯйи даст доранд ва барои ҷилавгирӣ аз тахриби он то охир пофишорӣ хоҳанд кард. Раҳбари ин қаҳвахона мегӯяд, ҳамчун соҳибкор дар тамоми корҳои ободонии ноҳия фаъолона ширкат менамуд ва умедвор аст, масъулин қаҳвахонаашро тахриб намекунанд.

Тасмими тахриби ин қаҳвахона дар ҳоле сурат мегирад, ки як моҳ пеш қаҳвахонаи дигаре бо номи "Афсона" дар гӯшаи дигари пойтахт чаппа карда шуд. Дар пайи аз фаъолият мондани "Афсона", ҳудуди 60 нафар аз коргарони он бекор мондаанд. Ин қаҳвахона аз се сол ба ин тараф дар яке аз маконҳои пуриздиҳоми маҳаллаи 84-уми Душанбе фаъолият мекард ва бо вуҷуди нигарониҳои пайвастаи раҳбарияташ тахриб шуд.

Моликони чунин биноҳо мегӯянд, мақомот на ҷуброни зарари онҳоро медиҳанд ва на барои бекорон ҷои нави кор меофаранд.

XS
SM
MD
LG