Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Ошӯб таҳқиқ мешавад". Эътилоф: "Чӣ гуна"


Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки гурӯҳи муфаттишони Додситонии кул ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдатро "ҷиддан таҳқиқ доранд" ва то кунун зидди 25 нафар аз маҳбуси "Крипичний" парванда боз шудааст.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия, рӯзи 4-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳи зиндониён ба ташкили ошӯби шаби 19-уми май муттаҳаманд.

Дар ҳоле ки назари зиндониён, хешу табор ва вакилони мудофеи онҳо дастрас нест, Эътилофи зидди шиканҷа аз мақомоти Тоҷикистон талаб намудааст, ки сабабҳои сар задани ошӯб "бетарафона ва саривақтӣ" таҳқиқ карда шавад. ​

Генерал Умаров гуфт, "то ҳанӯз нисбат ба ҳеҷ нозири маҳбас парванда боз нашудааст". Вале айни замон афзуд, "гурӯҳи муфаттишони Додситонии кул машғули санҷиши ҳодиса ҳастанд ва гуфта намешавад, шояд баъзе аз кормандони маҳбасро барои хунукназарӣ ё бемасъулиятӣ ҷаҳо диҳанд. Инро танҳо Додситонии кул ҳал мекунад."

Мансурҷон Умаров
Мансурҷон Умаров

Қаблан баъзе аз манобеъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфта буданд, ки панҷ корманди маҳбаси шаҳри Ваҳдат "барои иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ" муттаҳаманд.

Дар ошӯби шаби 19-уми майи имсол дар зиндони шаҳри Ваҳдат се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ошӯбро маҳбусони узви гурӯҳҳои тундрав анҷом доданд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи мақомот, онҳо панҷ маҳбус ва се нозири зиндонро барои тарсондани дигарон ва зиддият нишон додан ба амалашон куштаанд.

Вале Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 4-уми июн "аз ошӯб ва бетартибиҳо дар муассисаҳои ислоҳии кишвар" нигаронӣ кард ва хостори "тафтиши беғаразона ва саривақтии сабабҳои рух додани ошӯб" шуд.

Масъулони Эътилоф дар баёнияи расмӣ гуфтанд, ки "аз шумораи зиёди қурбониён ва истифодаи қувваю яроқи оташфишон ҳангоми фурӯ нишондани ошӯб нигаронем."

Онҳо аз мақомот хостанд, бояд афроди гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз натиҷаи тафтишот мардум огоҳ карда шаванд.

"Нигаронии ҷиддии аъзои Эътилофро фавти одамон, маълумоти зидду нақиз дар расонаҳо ва набудани иттилооти муътамади расмӣ ба вуҷуд овардааст. Хешовандони маҳбусон оид ба тақдири аъзои оилаҳояшон иттилои саривақтӣ намегиранд. Хабар дода мешавад, ба он аъзои оилаҳое, ки ҷасади маҳбусони кушташударо додаанд, мақомот дар гузаронидани анъанаҳо ҳангоми дафнашон монеа шудаанд", -- гуфта шудааст дар баёнияи Эътилоф, ки аз 25 созмону афроди алоҳида иборат аст.

Созмонҳои иҷтимоии зидди шиканҷа дар охир аз ҳукумати Тоҷикистон "риояи кафолатҳои асосии ҳуқуқи маҳбусон, ҳамкорӣ бо онҳо, таъмини шароити корӣ барои кормандони зиндон"-ро талаб намудаанд. Онҳо гуфтаанд, бояд намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони мустақил ва намояндагони Кумитаи Салиби Сурх барои мониторинг ба боздоштгоҳу зиндонҳо роҳ дода шаванд.

Тоҷикистон дар гузашта ба намояндагони Кумитаи Салиби Сурх барои боздид аз зиндонҳои кишвар иҷоза надодааст. Чанд сол қабл баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорон ба баъзе аз зиндонҳо роҳ ёфтанд.

Мақомот ҳамеша аз вазъи зиндонҳо тавсиф карда ва онро ҷавобгӯ ба меъёрҳо номидаанд, дар ҳоле ки ҳар сари чанд вақт шикоятҳо аз шиканҷаву бадрафторӣ ва фасоди молӣ дар зиндонҳо гузориш мешавад.

XS
SM
MD
LG