Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи Маскав мизбони наққошиҳои рассоми тоҷик


Намоишгоҳи «Artstory»-и шаҳри Маскав наққошиҳои Аъзам Атахонов рассоми тоҷики муқими Русияро ба намоиш гузоштааст. Намоиш рӯзи 6-уми июн оғоз шуд ва то 28-уми июли идома мекунад.

Атахонов рӯзи 6-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар намоишгоҳ 45 асар, гулчине аз офаридаҳои ӯ аз соли 2006 ба инҷониб ба намоиш гузошта шуданд. Азам Атахонов гуфт, асарҳои шоирони классик ба мисли Ҷомиву Румӣ, наққошони Руми қадим ва Италия, рассомони қадимии рус сарчашмааи илҳомаш ҳастанд.

«Асари шоир, оҳангсоз ва рассом дар кулл касро ба самт равона мекунанд, ба сӯи маънӣ. Бинобар ин мо намоишгоҳро “Достони маънӣ” ном гузоштем» - иброз дошт Атахонов.

Аъзам Атахонов
Аъзам Атахонов

Дар асарҳои Атахонов бештар зебоиҳои табиат, офаридаҳои дасти инсон, меъморӣ, боғу деҳот, хона ва ҳунарҳои мардумӣ таҷассум ёфтааст. Асарҳои Азам Атахонов дар Музейи давлатии санъати халқҳои шарқи Маскав, Осорхонаи санъати тасвирии Тотористон ва Осорхонаи санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод дар Душанбе нигоҳ дошта мешаванд.

Ба ҷуз ин наққошиҳои ӯро коллексионерон аз Амрико, Канада, Фаронса, Дания, Олмон ва Русия харидаанд ва дар хазинаҳои худ нигоҳ медоранд. Азам Атахонов зодаи Душанбе ва хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии пойтахт аст. Аз соли 1989 дар Маскав зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG