Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хостҳои Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон


Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон хост, парвандаи вакили мудофеи зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро бознигарӣ кунад, вазъи озодии баёнро беҳбуд бахшад ва шиканҷаро пурра аз байн барад.

Ин дархост рӯзи 7-уми июн дар нишасти ҳайатҳои Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе ва баъд аз як ҳафтаи сафари Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо садо дод.

Дар ин нишаст масъалаи стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, баррасӣ шуд.

Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҳамкориро дар баробари мушкилоти иқтисодиву амниятӣ, ҳуқуқи башар, гармшавии иқлим, рушди бахши энержӣ ва роҳандозии ислоҳот дар назар дорад.

Дар нишасти рӯзи ҷумъа Иттиҳоди Аврупо масъалаи бознигарии парвандаи вакили мудофеи маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёровро дар миён гузошт. Аз ҷониби Тоҷикистон хоста шуд, то парвандаи ин вакили мудофеъро аз нав баррасӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти давлат қаблан гуфтаанд, Ёров барои қонуншиканиҳои муайян зиндонӣ шудааст.

Ҳафтаи гузашта гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона бар асоси таҳқиқи парвандаи Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки ин ҳуқуқшиноси мустақил бояд аз зиндон озод карда шавад.

Ёров ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст. Худи ӯ ва тарафдоронаш ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Аммо додгоҳ бар ин аст, ки маҳкумияти ӯ бар пояи айбномаҳои “даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ”, “таҳқири намояндаи ҳокимият" ва "таҳқири президент" исбот шуда, ангезаи сиёсӣ надорад.

Ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар нишасти рӯзи 7-уми июн инчунин таъкид кардааст, ки демократия ва ба хусус риояи арзишҳои он заминаи асосӣ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба аст. Ин созмон ба озодиҳои асосӣ, аз ҷумла озодии баёну андеша ва дастрасии доимӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон таъкид карда ва хостааст, Душанбе барои фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ фазои муносибро эҷод кунад.

Дархостҳои Иттиҳоди Аврупо пас аз як ҳафтаи сафари Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон садо дод. Ҳарчанд сохторҳои ҳукумативу дипломатии аврупоӣ аз ин сафар изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои онро барои ҳарду ҷониб мусбат номиданд, мухолифон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷараёни ин сафар бархӯрди омехта нишон додаанд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG