Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайомадҳои сел дар Тоҷикистон. Мардум кумак мехоҳанд. ВИДЕО


Баъзе аз сокинони деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ мегӯянд, ҳатто оби поки ошомиданӣ надоранд
Баъзе аз сокинони деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ мегӯянд, ҳатто оби поки ошомиданӣ надоранд

Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои сели харобиовар аз созмонҳои байналмилалӣ кумак хостааст. Дар як ҳафтаи ахир борону сел дар чанд ноҳияи кишвар даҳҳо манзилро вайрон ва чандин оиларо беҷо кард. Дар ин ҳодисаҳо дар Панҷакенту Хуросон ва Панҷ чаҳор нафар ҷон бохтанд.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки "боронҳои басо пуршиддат ва сели харобиовар дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҳаёти мардумро ба мушкил рӯ ба рӯ сохтааст", вале мегӯянд, ҳанӯз зиёни сел пурра шумориш нашудааст.

Ба гуфтаи онҳо, маълум нест, ки чӣ қадар аз хонаҳо тамоман ғайри қобили истифода шуда, сокинон чӣ қадар ҷиҳози худро аз даст додаанд. "Мизони зарарҳои расида ҳоло аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулода санҷида мешавад", -- гуфтанд рӯзи 8-уми июн дар Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ.

Айни замон, ба қавли мақомот, "бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ босуръат идома дорад." Ин дар ҳолест, ки баъзе аз сокинони осебдида мегӯянд, бо дастони худ обу лойи хонаҳояшонро ба берун мебароранд ва дар баробари мушкили азиме тани танҳо мондаанд.

Ҳанифа Рашидова, сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ, гуфт, шаш рӯз боз дар хонаи ҳамсояҳо зиндагӣ дорад, чун сел ҷойи хобу маводи ғизоияшро ғайри қобили истифода кардааст.

"Орду равған захира карда будам, зери обу лой монд. Чанд рӯз боз дар ба дари ҳамсояҳо мегардем ва касе барои кумак наомадааст", -- шиква кард ӯ рӯзи 8-уми июн ба Радиои Озодӣ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Норозигии сокинон аз шеваи рафъи оқибатҳои сел дар Восеъ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Бино ба иттилои муқаддамотӣ, бар асари омадани сел дар деҳаи Гулистон тақрибан даҳ хона вайрон шуда, беш аз ҳаштод манзил зарар дидааст. Муродалӣ Муродов, сокини дигари русто мегӯяд, "ақаллан бензин медоданд, то ба воситаи дастгоҳҳо оби хонаро ба берун мекашидем. Мо аз ҳисоби худамон дастгоҳи обкашӣ овардем. Харҷашро худамон медиҳем. Ба доди мо ҳеч кас намерасад. На раиси ҳукумати ноҳия, на муовинаш ва на ҷамоат."

"Се-чаҳор галстукдор меоянд ва мераванд. Натиҷа нест. Бо мошинҳои калон меоянд. Механданду мераванд. Танҳо бо сухан мегӯянд, ки кумак мешавад", -- идома дод Дилбарнисо Зоирова.

Вале Бахтиёр Одинаев, раиси деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ гуфт, ҳоло зарари селро ҳисоб доранд ва дар фурсати наздик ба мардум кумак мекунанд. Одинаев гуфт, дар Гулистон 300 хонавода аз офат зарар дидааст. Вай афзуд: "Ҳатман рӯзҳои наздик ба мардум ҳамгуна ёрӣ расонда мешавад. Хӯрок ва ҷиҳози зарурӣ дастрас мешавад."

То замони расидани кумак вазъи тозагӣ низ дар инҷо бад мешавад ва сокинон нигарони саломатии худу наздиконашон ҳастанд. "Оби ошомиданӣ нест. Кӯдакон рафта, аз оби лойолуд менӯшанд. Худо накарда ба ягон беморӣ гирифтор шаванд, боз мо азоб мекашем", -- гуфт яке аз сокинони Гулистони ноҳияи Восеъ.

Чунин шикоятҳо аз ноҳияҳои дигари зарардида низ мерасанд.

Мақомот мегӯянд, борону сели як ҳафтаи ахир ба ноҳияҳои Фархору Панҷи вилояти Хатлон, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияҳои Рӯдакиву Файзобод низ зарар расондааст.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ дар Конибодом беш аз панҷоҳ оила зиён дидаанд ва барои кумак ба онҳо як гуруҳи ихтиёриён даст ба кор шудаанд. Дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ як гуруҳ занону кӯдакон ва хурдсолонро дар бинои мактаб ва манзили хешовандонашон ҷойгир кардаанд.

Як сокини Конибодом дар шарҳи ин матлаб навишт, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода аз маҳалли офат ва вазъи сокинон огоҳ буда, ба осебрасидагон кумак мекунанд. Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое нашр шуд, ки дар онҳо раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафеиён дар рӯзи сел ҳамроҳи мардум буд ва ба рафхи пайомадҳои он сарварӣ мекард.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳистонӣ ва осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Дар ин фалокатҳо бештар аз ҳама мардуми камбизоат ва кишоварзон осеб ва хисорот мебинанд.

XS
SM
MD
LG