Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздоштҳо дар рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон. ВИДЕО


Боздошти тазоҳургарон дар Алмаато.

Пулиси Қазоқистон даҳҳо нафарро дар рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дастгир кард.

Тазоҳургарон дар майдони Остона дар шаҳри Алмаато ҷамъ омада ва аз мардум мехостанд, ки дар интихобот ширкат накунанд. Чанд тазоҳургар ва хабарнигорон аз ҷумла, Пётр Тротсенко хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодиро дастгир карда ва дар мошини пулис андохта бурданд. Дар Қазоқистон рӯзи 9-уми июн интихоботи раёсати ҷумҳурӣ оғоз ёфт ва интизор меравад, Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури муваққат барои панҷ соли оянда ин курсиро аз худ кунад.

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқ ва худкомаи Қазоқистон, ки баъди 30 соли ҳукуматдорӣ рӯзи 19-уми март аз мақомаш истеъфо дод, Тоқаеви 66-соларо ворис эълон кард. Аксарияти нуқтаҳои раъйдиҳӣ соати 7 субҳ боз шуданд ва соати 8 шом баста мешаванд. Дар баъзе манотиқ марказҳои раъйдиҳӣ барвақттар боз шудаанд ва 65 марказ дар хориҷ аз Қазоқистон низ барои қабули раъйи шаҳрвандони кишвар омода шудаанд.

Тазоҳурот дар рӯзи интихоботи Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Хабаргузории давлатии ТАСС-и Русия гузориш дод, ки Қосимҷомарт Тоқаев дар Театри Опера дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон раъй додааст. Ӯ ба хабарнигорон гуфтааст: “ Мардуми мо аз мушкилоти зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ нигарон ҳастанд. Барои ҳамин интихобот як имкони хубе барои интихоб кардани касе ҳаст, ки кишварро раҳбарӣ кунад.”

Қосимҷомарт Тоқаев, ки бо 6 номзади дигари тасдиқшуда аз тарафи ҳукумат рақобат мекунад, гуфт, ки интихобот “боз ва шаффоф хоҳад буд. Ӯ афзуд: “Мо аз тарафи ҳукумат ҳама корро кардем, ки ба ин ҳадаф ноил шавем.” Шаш номзади дигар, ки чеҳраҳои тақрибан ношинос дар Қазоқистон ҳастанд, маъракаи тарғиботии зиёде надоштанд. Интихоботи зудрас, ки Тоқаев рӯзи 9 апрел эълон кард ва гуфт, сабабаш роҳ надодан ба “номаълумии сиёсӣ” дар Қазоқистон аст, аз тарафи фаъолони мухолифин танқид шудааст. Онҳо гуфтаанд, ки интихобот рақобатӣ ва одилона нест.

Баъди ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991 созмонҳои байналмилалӣ гуфтаанд, ки ҳеҷ яке аз интихоботҳои Қазоқистонро шаффоф ва одилона сурат нагирифтааст. Баъди истеъфои Назарбоев, дар Қазоқистон чандин тазоҳурот баргузор шуд ва тазоҳургарон талаб мекарданд, ки дар кишвар ислоҳоти сиёсӣ сурат бигирад ва аз мардум мехостанд, дар интихобот ширкат накунанд.

Боздошти тазоҳургарон дар шаҳри Алмаато
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00

Дар ҷараёни тазоҳуротҳо мақомоти интизомӣ бисёре аз фаъолони ҷамъиятӣ ва ё сиёсиро дастгир карда, ҷарима бастанд ва ё ба ҳабс маҳкум карданд. Баъзе аз фаъолони ҷавонро ногаҳонӣ ба артиш ҳам бурданд. Гурӯҳҳои бузурги занони қазоқ ҳам чанд дафъа дар назди қароргоҳҳои ҳукумат ҷамъ омада ва талаб карданд, ки ҳукумат имтиёзҳои иҷтимоиро зиёдтар ва мардумро бо хона таъмин кунад. Ин тазоҳурот ва дигар намоишҳои эътирозиро баёнгари ноқаноатмандӣ аз кори ҳукумат медонанд.

Бо вуҷуди истеъфо, Нурсултон Назарбоев, чанд мақоми муҳим дар Қазоқистонро нигаҳ доштааст, ки ба сиёсат ва фаъолияти ҳизби ҳокими Нуротан таъсири зиёд доранд. Қосимҷомарт Тоқаев низ аз тарафи ҳамин ҳизб номзад ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод шудааст. Дар аҳди Назарбоев, Қазоқистон, ки соҳиби газу нафти зиёд аст, пешрафти иқтисодии зиёд дошт, аммо сиёсаташ барои саркӯб кардани матбуоти мустақил, дигарандешон ва зери по кардани меъёрҳои демократӣ танқид мешуд. Дидбони Ҳуқуқи Башар чанде пеш гуфт, ки дар Қазоқистон ҳуқуқи бунёдӣ ба мисли озодии баён, эътиқод ва гирдиҳамоӣ бисёр маҳдуд карда шудааст. Созмони Хонаи Озодӣ ҳукумати ин кишварро “ҳукумати худкома” номидааст.


Қосимҷомарт Тоқаев, дипломати собиқадор дар Маскав таҳсил кардааст ва ҳамчун мутахассиси Чин шинохта мешавад. Ӯ то кунун, нахуствазир ва раиси порлумони Қазоқистон будааст ва аз соли 2011 то соли 2013 дар шаҳри Женева барои Созмони Милал кор кардааст. Ӯ ошкоро эълон кардааст, ки сиёсатҳои Нурсултон Назарбоевро идома медиҳад. Дар остонаи интихобот ҳукумат музди кори кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва ҳаққи бознишастагиро боло бурд, ки онро як ҳаракате барои ҷалби ҳимояти мардум меноманд.

Дариға Назарбоева духтари Нурсултон Назарбоев, моҳи март раиси порлумон интихоб шуд ва дар сурати вуқуи ҳодисае бо раиси ҷумҳур салоҳиятҳои ӯро ба даст мегирад. Шаш номзади дигар дар интихобот инҳояд: Ҷамбил Аҳмадбеков, Даниа Йеспаева, вакилони мардумӣ, Амонгелдӣ Тасбеҳов, раиси Иттиҳодияи коргарӣ, Садибек Тугел, раиси Кумитаи варзиш, Тулетай Раҳимбеков, олим ва Амирҷон Қосанов, хабарнигор.

Аҳолии Қазоқистон тақрибан 19 миллион нафарро ташкил медиҳад ва дар кишвару хориҷ аз он 238 маркази раъйдиҳӣ боз кардаанд. Бо ишора ба тазоҳуроти пешина дар шаҳри Нурсултон, Эрлан Каналимов, муовини раиси шаҳр гуфтааст, ки онҳо омодаи ҳамагуна “иғво” ҳастанд. Ӯ гуфтааст: “Мо омодаи ҳаргуна иғво ҳастем ва сари ҳаргуна сенарияҳо кор мекунем, намегузорем, ки чизе пеши роҳи интихоботро бигирад.”

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG