Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Тоҷикистон "баҳои ҳуқуқӣ"-и таҳқири боздоштшудаҳоро хост


Мақомоти тафтишотии Русия аз додгоҳ талаб намуданд, ки шаш шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми куштори Сергей Чуев ба ҳабс гирифта шаванд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, аз ин мақомот "баҳои ҳуқуқӣ"-и воқеаро талаб кардааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дипломатҳои тоҷик "ҷиҳати муайян кардани қазия ба мақомоти политсия рафта ва бо раҳбарони он вохӯрдаанд. "Ҷараёни қазия таҳти назорати сафорат қарор дорад. Сафорат аз мақомоти расмии Россия даъват ба амал овард, ки ҳарчӣ зудтар ин масъаларо пайгирӣ намуда, аз ҷараёни он дақиқан маълумот диҳанд."

Сафорат ҳамчунин хостааст, "ба рафтори кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар рафти боздошти шаҳрвандон баҳои ҳуқуқӣ дода шавад." Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ҳам рӯзи 10-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба пайгирии қазия шуруъ кардаанд.

"Ҳодиса чигуна рух дод?"

Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румии Русия шаби 7 ба 8-уми июн дар як ноҳияе дар ҷанубу ғарби шаҳри Маскав кушта шуд. Расонаҳо навиштанд, ки гӯё ин устоди варзишро муҳоҷирон ба кӯл партофтанд ва ӯ дар зери об нафасгир шудааст.

ТАСС бо такя ба манобеаш дар Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ҷанҷол миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Сергей Чуев бар сари бадрафторӣ нисбати зани ҳомила сар назадааст. Қаблан баъзе расонаҳои Русия гуфтанд, муноқиша миёни Чуев ва шаҳрвандони Тоҷикистон ба сабабии бадрафтории ҷавонони тоҷик ба зани ҳомилае рух додааст.

Аммо хабаргузории ТАСС мегӯяд, ҳодиса шоми 8-уми июн замоне рух дод, ки Сергей Чуев бо маъшуқааш дар Боғи кӯчаи "Южнобутовский" сайр мекард. Дар ин вақт ба қавли хабаргузорӣ, ду нафар ноболиғ ба Чуев шикоят мекунанд, ки як гуруҳ онҳоро нороҳат мекунанд.

"Чуев ба ҳимояи наврасон бархост ва зимни муноқиша дар боғ ҷароҳат бардошт ва аз болои пул ба кӯл афтод. Ҳамроҳи вай яке аз ҳамлагарон низ афтид ва латукӯби варзишгарро идома дод. Дар натиҷа ин ҳамлагар ғарқ шуд. Дар идома ҳамлагарон маъшуқаи Чуев ва дигар истироҳаткунандагонро латукӯб карда, сипас нопадид шуданд",-навиштааст ТАСС дар шарҳи ҳодиса.

Як шоҳиди воқеа дар суҳбат бо Газета.ру қазияи "зани ҳомила"-ро рад кард ва гуфт, занозанӣ аз як муноқишаи лафзӣ сар шуд ва сбаба дар он буд, ки муҳоҷирон бисёр ғавғо кардаанд.

Фаридун Сафаров, яке аз боздоштшудагон, зимни бозпурсии пешакӣ гуфтааст, ки дар ин ҷиноят даст надорад.

"Мақомоти тоҷик: Ҳодисаро пайгирӣ дорем"

​Бар асоси як санаде, ки Радиои Озодӣ дарёфт кард, шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон Рустам Аминов, Исроил Азизов, Мирзошавкат Тафалангов, Фаридун Абдуллозода, Неъматҷон Бобоев, Фаридун Сафаров ва Меъроҷиддин Аловиддинзода мебошанд, сокинони ноҳияи Масчоҳ ҳастанд.

Нашри аксҳои таҳқиромези ин шаш нафар хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар Тоҷикистон барангехт. Расонаҳои Русия рӯзи 9-уми июн чанд аксро аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон нашр карданд.

Бархе аз онҳо дар дохили биное рӯ ба замин хобидаанд ва баъзеи дигар дар берун даст болову рӯ ба девор истодаанд. Нашрияи "Московская газета" рӯзи 9-уми июн бо такя ба Хадамоти амнияти федеролии Русия навишт, шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон аз 24 то 29 сол доранд.

Айни замон дар нисбати шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон бар асоси моддаи "куштор аз ҷониби гурӯҳи шахсон дар заминаи авбошӣ", парванда боз шудааст.

Вале он чӣ корбарони тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сахт асабонӣ кардааст, шимҳои дарида ва бадани урёни шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Чанде аз корбарон гуфтаанд, "ҳарчанд инҳо ба қатл гумонбаранд, набояд ба ин шева таҳқир шаванд".

Корбарон аз мақомоти Тоҷикистон, бахусус сафорати кишвар дар Маскав хостаанд, ки ба ин масъала ҷиддӣ бархӯрд кунанд. Баъзе аз онҳо суол гузоштаанд, ки "чаро шимашон даридааст?" ва ё "ин оғози бозпурсист?"

"Вақте тоҷик дар Русия пуштибон надоранд"

Хуршеда Ҳамроқулова, роҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Маскав мегӯяд, таҳқири муҳоҷирон ғайриқобили қабул аст.

Хуршеда Ҳамроҳқулова.
Хуршеда Ҳамроҳқулова.

Хонум Ҳамроҳқулова дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи гунаҳкор будан ё набудани муҳоҷирон қазоват кардан барвақт аст, вале дар ҳеҷ сурат касе ҳақ надорад, онҳоро таҳқир намояд.

"Намефаҳмам, ки ба кадом хотир инҳоро ба замин хобонда, либосҳояшонро кашиданд? Ин чӣ маъно дорад? Ин хел таҳқир кардан умуман нодуруст аст" - гуфт Хуршеда Ҳамроқулова.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, амалкарди мақомоти Русия бо муҳоҷирони тоҷик аз пуштибон надоштани онҳо гувоҳӣ медиҳад.

Ёров гуфт, ҳафтае қабл чанд нафар шаҳрванди Арманистон бо гумони қатли корманди воҳиди махсус дар Русия боздошт шуданд, аммо нисбати онҳо рафтори бад сурат нагирифт.

"Шоҳидон мегӯянд, ки дар об афтида дамгир шуд. Онҷо одамони зиёд буданд, чаро касе ӯро аз об берун накашид? - гуфт Каримҷон Ёров.

Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Дар гузашта бархе онҳо мавриди ҳамлаи миллатгароҳо қарор мегирифтанд, аммо тайи ду соли соли охир бештар ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав, ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ ва даст доштан дар қатлҳои пурсарусадо муттаҳам шуда, дастгир ё кушта мегарданд.

Шарҳҳоро бинед (33)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG