Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Убайдуллоев ба бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия. ВИДЕО


Маҳмадсаид Убайдуллоев

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ба боздошти муҳоҷирони тоҷик ва нашри аксҳои таҳқиромези онҳо дар Русия вокуниш кард.

Ӯ рӯзи 12-уми июн дар ҷаласаи палатаи болоии порлумон дар Душанбе гуфт, "ҳар ҷинояткорӣ бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари будубош ва бе нақзи шарафу ҳуқуқи фитрии инсон баррасӣ карда шаванд."

Ин нахустин вокуниши як мақоми баландпояи Тоҷикистон ба боздошт ва нашри аксҳои таҳқиромези муҳоҷирони тоҷик дар Маскав аст.

Ҳашт муҳоҷири тоҷик бо гумони қатли варзишгари рус Сергей Чуев боздошт шуданд. Додгоҳ рӯзи 10-уми июн ҳукми то моҳи август дар боздошт мондани шаш нафари онҳоро содир кард. Ду тани дигарро аз Русия ихрҷо мекунанд.

Вале он чӣ корбарони тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ сахт асабонӣ кардааст, шимҳои дарида ва бадани урёни шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Чанде аз корбарон гуфтаанд, “ҳарчанд инҳо ба қатл гумонбаранд, набояд ба ин шева таҳқир шаванд”.

Корбарон аз мақомоти Тоҷикистон, бахусус сафорати кишвар дар Маскав хостаанд, ба ин масъала ҷиддӣ бархӯрд кунанд. Баъзе аз онҳо суол гузоштаанд, ки "чаро шимашон даридааст?" ва ё "ин оғози бозпурсист?"

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ гуфт, дар робита ба ҳодисаи мазкур сафорати Тоҷикистон дар Русия машғул аст ва “порлумон низ дар доираи салоҳиятҳои худ амали воқеъгардидаро пайгирӣ менамояд.”

Айни замон нисбат ба шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон бар асоси моддаи "куштор аз ҷониби гурӯҳи шахсон дар заминаи авбошӣ", парванда боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ду вакили Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз бадрафторӣ бо муҳоҷирони боздоштшуда ибрози нигаронӣ карданд.

Мавлудахон Мирзозода, вакили порлумон ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҷинояткор будани онҳоро танҳо додгоҳ муайян мекунад. Конститутсияи ягон давлат поймол кардани ҳуқуқи одамонро иҷозат намедиҳад.”

Қиёмиддин Миралиён, вакили дигар ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, "тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои инсонӣ чунин бархӯрд бо муҳоҷирон рафтори хуб нест. Вале пеш аз хулоса кардан бояд таҳлил кунем, ки чӣ ба ин ҳодиса оварда расонд."

Назари вакилонро дар навори видео бинед:

Назари вакилони тоҷик ба боздошти таҳқиромези муҳоҷирон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:34 0:00

Мақомоти Русия ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки чаро муҳоҷирон дар як ҳолати таҳқиромез тасвир шудаанд ва ин аксҳо чӣ гуна ба матбуот роҳ ёфт. Вале онҳо видеои бозпурсии гумонбаронро нашр карданд, ки дар он муҳоҷирон даргирӣ бо варзишгари русро тасдиқ мекунанд. Маълум нест, ин наворҳо дар чӣ шароит сабт шудааст.

Шарҳҳоро бинед (74)

XS
SM
MD
LG