Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти назди ИА ва СММ. Ҳамоиши худҷӯш ё тарҳрезишуда?


Тазоҳуроте, ки субҳи 10-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, нишон медиҳад, одати баёни эътироз бо роҳи гирдиҳамоӣ дар Тоҷикистон то рафт маъмул мешавад.

Он рӯз зиёда аз 100 нафар бо эътироз аз муносибати созмонҳои байнулмилалӣ ба вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милал гирдиҳамоӣ карданд. Рӯзи 29-уми апрел чунин ҷамъомад дар назди дарвозаи ширкати “Фароз” ба амал омада буд ва таҷаммӯи наздикони маҳбусон дар назди зиндони “Ваҳдат” низ вокунише ба хабарҳои ошӯбу куштор дар даруни маҳбас буд.

Вале агар ду ҳамоиши ахирро нозирони вазъ бештар худҷӯш номанд, тазоҳуроти 10-уми июнро тарҳрезишуда ва созмонёфта мешуморанд. Дар ҳамоишҳои “Фароз” ва “Ваҳдат” дар дасти касе шиору лавҳае набуд, аммо ширкаткунандагони "тазоҳуроти зидди Бузургмеҳр Ёров" шиорҳое доштанд, ки бо сифати баланд ва ҳатто забонҳои хориҷӣ нашр шуда, дар байни онҳо портрети худи “қаҳрамони тазоҳурот” низ дида мешуд.

Фарқи дигар ин буд, ки ширкаткунандагони “Фароз” ва “Ваҳдат” чизе талаб мекарданд, монанди пули беҳтар барои шираи камол ё маълумот дар бораи наздикони маҳбуси худ, вале норозиёни 10-уми июн ҳарчанд рӯёндани пули худро аз вакил Бузургмеҳр Ёров тақозо доштанд, ҳамзамон мехостанд, ин шахс аз маҳбас озод карда нашавад. Ба суоли он ки чӣ гуна ӯ метавонад, маҳбус бошад ва ҳам пули шуморо баргардонад, ширкаткунандагони тазоҳурот посух намедоданд ё мегуфтанд, "бигзор Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милал ин пулҳоро диҳанд ва Ёровро бигиранду куҷое мехоҳанд баранд!"

Вале яке аз онҳо гуфт, барояш ваъда шудааст, ки хонаеро аз моликияти мусодирашудаи Ёров хоҳанд фурӯхт ва пули ӯро бозпас хоҳанд дод. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, субҳи зуди рӯзи душанбе ӯро ба мақомоти корҳои дохилии назди Муҷассамаи Ғалаба (дар забони ӯ “танк” даъват карданд ва дар иртибот ба масъалаи қарздории Бузургмеҳр Ёров аз ӯ чанд чизро пурсиданд. Вай гуфт, дар мақомоти интизомӣ, воқеъ дар рӯбарӯи Раёсати корҳои дохилии шаҳр, аз ӯ пурсиданд, ки ҳаҷми қарзи Ёров чӣ қадар аст ва кай ва барои чӣ вакили мудофеъ аз ӯ қарздор шудааст? Оё қарзашро гирифтааст ва гирифтан мехоҳад ва ғайра. Ин ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш ошкор шавад, ҳамчунин гуфт, дар вақти пурсиши ӯ се зани дигар низ он ҷо ҳузур доштанд, ки мегуфтанд, аз Бузургмеҳр Ёров ҷабр дидаанд.

Ҳамсуҳбати дигари мо, зани солманд Норбибӣ, мегӯяд, ба назди ӯ, ба шаҳри Турсунзода омада, гуфтаанд, ки агар пулашро аз Ёров рӯёндан мехоҳад, бояд ба Душанбе сафар кунад. Даъваткунанда, ба гуфтаи ӯ, “одами давлатӣ” буд, аммо намедонад, аз кадом идора. Холаи Норбибӣ мегӯяд, бо умеди гирифтани пулаш ба Душанбе омад, дар тазоҳурот ширкат кард, лекин пулашро нагирифта ба Турсунзода баргашт.

Аслия Ниёзова, як зани солхӯрдаи дигар, ки ба қавли ӯ, Бузургмеҳр Ёров аз вай ҳам қарздор аст ва чанд сол боз наметавонад, маблағашро пас гирад, мегӯяд: “Мо аз баргузории митинг дар назди ООН аз ҳарфи мардум, аз кӯча аз Фейсбуку телефон огоҳ шудаву бо вуҷуди солхӯрдагӣ дасту остин барзада рафтем”. Аммо дар Фейсбук бо ин ном сафҳае нест ва он ҷо низ соату макони баргузории тазоҳурот эълон нашуда буд.

Эътирозгари дигар Абдулло Наботов мегӯяд, дар бораи баргузории ҳамоиш аз интернет огоҳ шуд, аммо нагуфт, дақиқан аз кадом саҳифа ва кай. Вай афзуд: “Ман аз интернет тамошо кардаму холаамро, ки Бузургмеҳр аз вай ҳам қарздор аст, гирифта рафтам, лекин на аз ООН ва на аз Иттиҳоди Аврупо касе ба ҳарфи мо гӯш надод. Агар онҳо озодии Бузургмеҳр Ёровро мехоҳанд, аввал зарари моро диҳанд. Ман хонаҳоямро фурӯхтаам, иҷора мешинам, чӣ кор кунам, ки пули маро баргардонанд”.

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар як баёнияи расмӣ гуфт, ба ҳаққи ҳар шаҳрванд дар изҳори озодона ва осоиштаи ақидааш бовар дорад ва ба “аҳамияти эҳтироми тамоми озодиҳои асосӣ, аз ҷумла озодии баён ва волоияти қонун таъкид менамояд."

"Тазоҳурот" ба зидди Бузургмеҳр Ёров дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

Тазоҳурот куллан осоишта буд, агар ба назар гирифта нашавад, ки бархе аз эътирозгарон дарвозаи дафтар ва иқоматгоҳи Сафири Иттиҳоди Аврупоро (ин ҷо на танҳо идора, балки резидентсияи сафир низ ҳаст ва ҳудуди кишвари дигар шумруда мешавад) лагад мезаданд, нидоҳои таҳдидомез ва зӯроварона мебароварданд. Шиори асосие, ки баланд мешуд, ин буд, ки “Бузургмеҳр Ёров ҷинояткор аст ва набояд озод шавад".

Ин дар ҳоле буд, ки яке паси дигар ду созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ҳабси Ёровро ғайриқонунӣ номида, хостори озодии фаврии ӯ шуданд.

Сарвиноз, яке аз тазоҳуркунандагон, мегӯяд, дар ин ҳамоиш дар дасташ шиор ё лавҳае набуд ва намедонад, чӣ гуна дар дасти ҳамроҳони вай овезаҳо ва навиштаҳо пайдо шудаанд.

Ҳарчанд аксари ширкаткунандагони тазоҳурот, ки гуфта мешавад 150 нафар буданд, таъкид мекунанд, ки бо хоҳиши худ ба ҳамоиш омадаанд, чанде аз онҳо ба шарти ифшои нашудани номашон гуфтанд, баъди даъват шудан аз тарафи мақомоти интизомӣ ва огоҳ шудан аз баргузории гирдиҳамоӣ ба он ҳамроҳ гаштаанд.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр аз хориҷи Тоҷикистон рузи 11-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд рӯз пеш аз баргузории тазоҳурот кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ бо бародараш дар маҳбас мулоқот кардаанд ва масъалаи қарзҳои ӯро аз сокинон пурсида, чанд санадро акс гирифтаанд.

Аммо аз мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, ки ҳеҷ нафаре дар маҳбас бо Бузургмеҳр Ёров мулоқот накардааст, "баръакс кормандони милиса пас аз огоҳ шудан аз таҷаммӯи мардум дар назди намояндагиҳои Иттиҳоди Аврупо ва СММ онҳоро пароканда карданд". Дар ҳамин ҳол тазоҳуркунанадагон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ низ инро тасдиқ намуданд ва гуфтанд, ки баъди ду соати гиридиҳамоӣ дар назди ин созмонҳо кормандони милиса ба зурӣ онҳоро оқиб кашиданд.

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи кории СММ, ки боздоштҳои худсаронаро таҳқиқ мекунад, дар тарҳи хулосаҳои омӯзиши парвандаи Ёров ҳафтаи гузашта гуфт, аз лаҳзаи боздошт то имрӯз – давоми наздики чаҳор соли дар ҳабс будани вакили мустақил ҳуқуқи ӯ поймол ва қонун нисбат ба ӯ нақз шудааст. Дар шарҳи ин хулосаҳо муовини раиси Гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона Элина Штейнерте дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, таҳқиқи қазияи Бузургмеҳр Ёровро ба унвони як ниҳоди аз ҷониби Шӯрои ҳуқуқи башари СММ таъиншуда ба роҳ монд ва Тоҷикистон ҳам муваззаф аст, ки мутобиқ бо ӯҳдадориҳояш дар ин замина амал кунад.

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи Элина Штейнерте ноиби раиси гурӯҳи кории Созмони Миллал оид ба боздоштҳои ғайриқонунӣ, Тоҷикистон бояд Ёровро аз зиндон озод ва хисороти маънавии боздошту ҳабси ӯро ҷуброн кунад.

Рӯшан нест, тазоҳуроти Душанбе ба ин мавзеъгирии созмонҳои байнулмилал аз ин ба баъд чӣ асар хоҳад дошт, ҷуз ин ки ба ҳукумати Тоҷикистон имкон медиҳад, бигӯяд, "мардум зидди озодии Ёров" ҳастанд ва ӯро гунаҳкор мешуморанд.

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик, мегӯяд: "Мантиқан фикр кунем, силсилаи ба ин монанд митингҳо чӣ дар гузашта ва чӣ ҳозир вақте сурат мегирад, ки институтҳои байналмилалӣ бо пуштибонӣ аз мухолифин ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодҳои худро ироа мекунанд. Ва ҳатман ҳамин хел тазоҳурот баргузор мешавад. Агар ин тазоҳурот бе иҷозати мақомоти Тоҷикистон сурат мегирифт, ширкаткунандагон боздошт ва камаш ба 15 шабонарӯзи ҳабс маҳкум карда мешуданд."

Ҳамин нукта ва паёмадҳои тазоҳуроти назди ширкати “Фароз”, яъне аз 10 то 15 шабонарӯз боздошт шудани ширкаткунандагони он ба мунтақидон имкон медиҳад, тазоҳуроти назди намояндагиҳои хориҷиро кори дасти мақомот шуморанд.

Аммо Умарҷони Эмомалӣ, сухангуи Вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт мақомот дар созмон додани ин гирдиҳамоӣ даст надоранд ва ба он мусоидат ҳам накардаанд: "Инҳо мардуми норозӣ буданд ва худашон ба он ҷо рафтанд ва дар ҳақиқат онҳое буданд, ки Бузургмеҳр Ёров аз онҳо қарздор аст. Бародари Бузургмеҳр гуфтааст, ки шумораи қарздорон 18 нафар аст, чӣ хел 18 нафар, инҳо хешу табор доранд ва аз вай ҳамаи инҳо норозӣ ҳастанд. Худашон талаб кардаанд."

XS
SM
MD
LG