Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ баъди чаҳор соли сардии равобит ба Тоҷикистон омад. ВИДЕО


Ҳасани Рӯҳониро дар фурудгоҳи Душанбе Шукурҷон Зуҳуров пешвоз гирифт. 14-уми июни 2019
Ҳасани Рӯҳониро дар фурудгоҳи Душанбе Шукурҷон Зуҳуров пешвоз гирифт. 14-уми июни 2019

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, шоми 14-уми июн вориди Душанбе шуд ва умедҳоро барои беҳбуди равобити Теҳрону Душанбе бештар кард. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров пешвоз гирифт.

Рӯҳонӣ рӯзи шанбе дар нишасти панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Душанбе иштирок ва бо раҳбарияти Тоҷикистон низ мулоқот мекунад.

Сафари Ҳасани Рӯҳонӣ ба Душанбе дар ҳолест, ки муносибатҳои Тоҷикистону Эрон баъд аз даҳсолаҳо равобити гарму наздик, чаҳор сол пеш, ба марҳилаи пуртаниш ва сард ворид шуд. Ҳарду кишвар якдигарро дар сардии муносибатҳо айбдор карданд ва далел пеш оварданд.

Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва қатли афроди саршинос дар солҳои 90-ум муттаҳам кард. Эрон дар навбати худ дар гум шудани миллиардҳо доллари тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ ангушти иттиҳомро ба сӯи Тоҷикистон дароз намуд.

Навори лаҳзаи омадани Рӯҳонӣ ба Душанбе:

Лаҳзаи омадани Рӯҳонӣ ба Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:06 0:00

Лаҳзаи Мақомот мегӯянд, аз сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон умедворанд, ки муносибатҳои ду кишвар рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури робита бо ҷомеа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "боварӣ дорам он сардиҳое, ки омад, ин роҳи ҳаллаш вуҷуд дорад".

Ба гуфтаи Раҳмонзода, "Тоҷикистон ҳамеша хостори ҳамкориҳои фарҳангиву иқтисодӣ ҳаст, фикр мекунам, масъалаҳои мубраме, ки барои рушди муносибатҳои ду кишвар ҳастанд дар сӯҳбати ду сарвари давлат барасӣ мешавад ва робитаҳо густариш хоҳанд кард".

Ахиран вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин низ ба Теҳрон сафар кард ва бо раиси ҷумҳури он кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ, вазири умури хориҷӣ Муҳаммадҷавод Зариф ва мақомҳои дигари эронӣ мулоқот кард.

Ба навиштаи расонаҳо, яке аз аҳдофи сафари Сироҷиддини Муҳриддин ба Теҳрон, даъвати Ҳасани Рӯҳонӣ ба нишасти 5-уми сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё буд.

Нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо ширкати руасои ҷумҳур ва сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ин нишаст дар "Кохи Наврӯз"-и Душанбе баргузор мешавад. Дар ин нишаст 12 президент ва раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои Осиё ва созмонҳои байналмиллаӣ ширкат мекунанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури робита бо ҷомеа афзуд, "дар ин чорабинӣ масъалаҳои мубрам, ҳам дар масъалаи фарҳангӣ, иқтисодӣ, ва сиёсӣ баррасӣ мешаванд. Боварӣ дорем ин ҳамкорӣ имкон медиҳад, масъалаҳое, ки ба рушди иқтисоди Тоҷикистон алоқаманд аст, баррасӣ мешаванд".

Умедвории беҳбуди равобити Душанбеву Теҳрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Тоҷикистон бори аввал аст, ки мизбони нишасти сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мешавад. То кунун мизбони чандин нишастҳои байналмилалӣ будааст, вале дар як даҳсолаи ахир нишастеро дар чунин сатҳ ва бо ҳузури даҳҳо раҳбар мизбонӣ накардааст.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё, аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш аст.

Нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узв дар чор сол як бор баргузор мегардад. Охирин ҳамоиш 21-уми майи соли 2014 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир шуда буд.

XS
SM
MD
LG