Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиносномаи нав боиси навбатпоии дароз ва нигарониҳо шудааст. ВИДЕО


Имрӯзҳо дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ дар Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон навбати тӯлонии сокинонро дидан мумкин аст. Пиру ҷавон ва зану мард талош доранд, ки ҳарчӣ зуд шиносномаи коғазии худро ба шиносномаи пластикӣ (ID Card ё корти ҳуввият) иваз кунанд.

Бар асоси муқаррароти нав, сокинон бояд то 10-уми августи имсол симкортҳои худро дигарбора ба номашон сабт кунанд ва ин кор фақат бо кортҳои нави ҳуввият сурат мегирад. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2014 ба ҷойи шиносномаҳои маъмулӣ корти пластикӣ ба роҳ монд.

Мақомот мегӯянд, дар шиносномаҳои коғазӣ нақши ангушт ва маълумот дар бораи навъи хун ҷой надорад ва пайдо кардани соҳибонашон дар махзанҳои иттилоотии давлатӣ мушкил мешавад.

Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион нафар маҷбуранд, ки шиносномаҳои коғазии худро ба шиносномаи пластикӣ иваз кунанд. Вале мақомот нагуфтаанд, ки то ба ҳол чӣ қадар аз ин афрод соҳиби корти ҳуввият шуданд ва чӣ қадари дигар дар навбатанд. Қаблан мақомот гуфта буданд, дар як моҳ танҳо ба панҷоҳ ҳазор нафар имкони хидматрасониро доранд.

Бархе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шиква карданд, ки барои иваз намудани шиноснома соатҳо ва гоҳе рӯзҳо дар навбат меистанд. Онҳо навиштанд, ҳатто мақомот шарт мегузоранд, ки аввал пули барқу об ва андози хонаашонро супоранд ва сипас корти ҳуввиятро бигиранд.

Гоҳе миёни мардум ҷанҷолу баҳс ҳам мехезад. Бархе мехоҳанд бе навбат корашон буд шавад.

Яке аз корбарони Радиои Озодӣ ҳам навишт: "Ин гӯиё барои кишвари мо проблемаи глобалӣ аст. Чӣ хеле мефорад, ҳамон хел тоб медиҳанд. Талоши мардумро барои шиноснома дар ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бинед. Аз ин вазъият бозори кормандони шуъбаи шиносномадиҳӣ низ хеле гарму пурхурӯш аст... Магар дер мешуд давоми як сол идома меёфт ин тадбир?"

Вале на ҳар кас рӯйирост ҳарфашро дар рӯ ба рӯи дурбини видео мегӯяд. Роҳ ёфтани хабарнигорон ба идораҳои шиносномадиҳӣ низ душвориҳо дорад ва на ҳама вақт мегузоранд, ки воқеиятҳо аз чаҳорчӯби ин деворҳо берун барояд.

Навбатпоии сокинони Тоҷикистон барои шиносномаи нави дохилӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Мардум мегӯянд, бояд марказҳои қабул ва додани ҳуҷҷатҳо зиёдтар шавад ё сафи кормандонро биафзоянд. Ба қавли Орзумаҳмад Файзов, сокини пойтахт: "Аз соати панҷи саҳар истодаем. То ҳоло навбати мо нарасид. Чораашро бинанд, то дар ин гармӣ халқ азоб накашад."

"Шиносномаи пиронсолон ҳам бояд иваз карда шавад. Беҳтар аст, муҳлатро дароз кунанд, то мардум саросема ва болои ҳам наоянд", - гуфт ҳамсуҳбати дигари мо Мифтоҳиддин Каримӣ дар Душанбе.

Қаблан мақомот гуфта буданд, барои пешгирӣ аз навбатпоии тӯлонӣ соати кориро дар идораҳои шиносномадиҳӣ бештар кардаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як талош барои ташвиқи мардум ба табдил кардани шиносномаҳои қадимӣ, гуфт, кор дар шӯъбаҳои шиносномадиҳӣ то соати 10-и шаб дароз шудааст. Вале ҳанӯз ин тасмим ба навбатпоии тӯлонӣ хотима набахшидааст.

XS
SM
MD
LG