Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабоҳати чеҳрааш ба Аҳмад Зоҳир ҷонашро наҷот дод. ВИДЕО


Аҳмад Зоҳир
Аҳмад Зоҳир

Аҳмад Зоҳир одат кардааст, ки мардум дар хиёбонҳои Душанбе бо ӯ акс мегиранд ва аз монандиаш ба "алмоси Шарқ" мегӯянд.

Ин сокини Тоҷикистон дар авҷи шуҳрати овозхони маҳбуби Афғонистон Аҳмад Зоҳир ба дунё омадааст. Натанҳо номаш Аҳмад Зоҳир аст, балки чеҳрааш низ хеле шабеҳи Аҳмад Зоҳир мебошад ва оҳангҳои ӯро месарояд.

"Ҳар боре, ки меҳмонони ҳиндӣ ва ё афғонҳо ба кишвари мо меоянд, бо ман бо забони урду гап мезананд. Вақте мебинанд, ки ин забонро намедонам, форсӣ суҳбат мекунанд. Дар кӯчаҳо мегӯянд, ки Аҳмад Зоҳир як суруд бихон”, -- нақл кард ӯ рӯзи 14-уми июн ба Радиои Озодӣ.

Аҳмад Зоҳир, овозхони маҳбуби Афғонистон, ки дар миёни мардуми тоҷик ҳам маъруф аст ва ба сабки овозхонҳои зиёде таъсир гузоштааст, 40 сол пеш дар як ҳодисаи мармуз ҷон бохт.

Аҳмад Зоҳири тоҷик соҳибкор аст ва меҳр ба ҳунарманди маъруфи афғон ба фаъолияту зиндагиаш таъсир гузоштааст.

Аз он ки на танҳо симо, балки номаш ҳам шабеҳи Аҳмади Зоҳир аст, ӯро дар ҳар куҷо эҳтиром мекунанд. Худаш ҳам мегӯяд, ҳатто ин ном як замон ҷонашро наҷот дода буд.

"Вақте дар кишвар ҷанг буд, дар роҳ гуруҳҳои силоҳбадаст меистоданд. Рости гап, ба хотири ин ки Аҳмад Зоҳир ҳастам, ба ман намерасиданд", -- афзуд ӯ.

Монандӣ ба Аҳмад Зоҳир ҷонашро наҷот дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Аҳмад Зоҳири тоҷик мегӯяд, ӯ аз сарояндаи маҳбуби худ танҳо баъзе имову намои зоҳирро тақлид кардааст. Дар асл медонад, ки ҷойгоҳи Аҳмад Зоҳир фаротар аз ин талошҳои ҷузъии ӯ аст.

Вай гуфт: "Ҳеҷ кас Аҳмад Зоҳир буда наметавонад. Инро донед, ки дар сад солу ҳазор сол танҳо як бор одамоне ба мисли Рӯдакиву Сино ё Лоиқ меоянд. Мо мухлиси Аҳмад Зоҳир ҳастем."

Аҳмад Зоҳир, овозхони маҳбуби Афғонистон, 33 сол умр дида, аз ин ҳисоб танҳо 15 солашро, ки дар назди таърих чизе нест, сарфи эҷоди суруду оҳанг ва иҷрои онҳо кардааст. Дар тӯли ин 15 сол садҳо оҳангу тарона эҷод кардааст, ки бо гузашти солҳо қиматашон кам намешавад.

XS
SM
MD
LG