Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои азими давлатӣ дар Тоҷикистон. Зиён – ба ҷойи фоида


Акс аз бойгонӣ

Давлат дар Тоҷикистон молики ширкатҳои азим боқӣ мемонад. Аммо қисме аз ин ширкатҳо ба давлат фоида намеоранд, балки қарзу сарбории онро бештар мекунанд.

Мувофиқи маълумоти охири Оҷонси омор, қарзи ширкатҳои бузург ва миёна дар Тоҷикистон ба 45,7 миллиард сомонӣ (беш аз 4,5 миллиард доллар) расидааст.

Иқтисоддонҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар гузорише эътироф карда буданд, ки қарзи 24 корхонаи азими давлатии Тоҷикистон ба ҳолати поёни соли 2016 ба 38 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ расидааст.

Аз "Тоҷик Эйр" то "Тоҷиксуғурта"

Қарзи аз ҳама бештарро “Барқи тоҷик” дорад, ки наздик ба 23 миллиард сомонист. Қарзи “Тоҷик Эйр” то ҳадде боло рафт, ки ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ ба он дигар маводи сӯхт надоданд ва бо талаби пардохти қарз ҳавопаймояшро “гаравгон” гирифтанд. Ширкати давлатии ҳавопаймоӣ ба далели вазъи буҳронии молиявӣ ним сол боз аз фаъолият мондааст.

“Тоҷиктелеком”, ширкати давлатии мухобротӣ, ки дар фурӯши интернет монополист аст, беш аз 50 миллион сомонӣ танҳо аз ҳисоби андоз қарздор аст. Бархе аз кормандони ин ширкати азими давлатӣ қаблан ба матбуот шикоят карда буданд, ки чанд моҳ маош нагирифтаанд.

“Тоҷиксуғурта” низ яке аз ширкатҳои яккатоз дар бозори бимаи кишвар буд ва мебоист даромадҳои ҳангуфт дошта бошад. То ду сол пеш тақрибан кулли бозори бимаи ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон зери дасти ин ширкат буд. Вале омор ҳокист, ки дороиҳои ин ширкати азими давлатӣ ҳам коҳиш ёфтаанд. Ба иттилои Бонки Миллӣ, дороиҳои ин ширкат танҳо дар се моҳи соли 2019 беш аз 3 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Мақомот: "Пешрафтро нишон медиҳанд"

Масъулон дар Тоҷикистон вазъи ногувори баъзе аз ширкатҳои азими давлатиро эътироф мекунанд, аммо мегӯянд дар умум корхонаҳои давлатӣ рушд мекунанд.

Як мақоми Раёсати таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои азими давлатии Вазорати молия гуфт, оморе, ки ширкатҳои давлатӣ ба ин раёсат пешниҳод мекунанд, дар умум аз “афзоиши нишондиҳандаҳо” дарак медиҳанд. Ин раёсат чанд соли қабл маҳз ба хотири мониторинг ва ё назорати вазъи молиявии ширкатҳои азими давлатӣ таъсис дода шуд.

Мусоҳиби мо мегӯяд, гузорише, ки ширкатҳо ба идораи зери роҳбарии ӯ мефиристанд, «пешрафтро нишон медиҳанд». Ӯ дар мавриди “Тоҷик Эйр” гуфт, ширкат ният дорад то моҳи август вазъи молияшро ба эътидол оварда, парвози ҳавопаймоҳояшро аз сар гирад. Дар баробари ин, ӯ эътироф кард, ки қарзи ширкати дигари азими давлатӣ - “Барқи тоҷик” - меафзояд.

“Вазъи молиявии «Барқи Тоҷик»-ро Вазорати молия омӯхта баромад. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик вазорат нисбат ба ин ширкат қарор қабул кунад. Дар натиҷаи он қарзи кредитории “Барқи Тоҷик” камтар хоҳад шуд”, -- иброз дошт ҳамсуҳбати мо дар Вазорати молия.

Нуқтаи заъфи ширкатҳои давлатӣ кадом аст?

Коҳиши дороиҳои “Тоҷиксуғурта”-ро ин масъули Вазорати молия ба шиддат ёфтани рақобат дар ин бозор марбут донист. То чанд соли охир ин ширкати азими давлатӣ ягона манфиатбардори бозори пурдаромади суғуртаи ҳатмии мошинҳо, мусофирони ҳавопаймо ва зоирони Каъба дар Тоҷикистон буд. Аммо ду сол инҷониб ширкати бимаи хусусии “Суғуртаи аввалини миллӣ” ҳам ба ин бозор роҳ ёфт.

Ҳамакнун ба назар мерасад ширкати давлатии "Тоҷиксуғурта", ки солҳо аз ронандагон суғуртапулӣ гирифта, дар ҳолати зарурӣ ба онҳо ҷуброни пулӣ намедод, рақобатро бо ширкати хусусии "Суғуртаи аввалин миллӣ" мебозад.

Таҳлилгарон дар Тоҷикистон мегӯянд, як нуктаи заъфи ширкатҳои давлатӣ ҳам ҳамин аст, ки вобаста ба вазъият фаъолияти худро мисли ширкатҳои хусусӣ ба талаботи бозор мутобиқ намекунанд ва дар натиҷа муштариёнро аз даст медиҳанд.

"Мудири ноком"?

Яке аз мисолҳои намоёни мудирияти ноком ва аз даст додани муштариёнро ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» ба намоиш гузошт. Бо вуҷуди он ки муҳимтарин иншооти алоқаро дар кишвар дар даст дорад, ин ширкат натавонист мисли ширкатҳои хусусии мобилӣ муваффақ шуда, даромад ба даст орад.

Баҳриддин Наҷмиддинов таҷрибаи мудирияти ширкатҳои азими хусусӣ, аз ҷумла ширкати мухобиротии “Тселл”-ро дар Тоҷикистон дошт. Ӯ мегӯяд, мудирияти «Тоҷиктелеком» дар вақташ таҳаввулот ва навгониҳои соҳаро сарфи назар кард ва дар натиҷа ширкатҳои мобилии хусусӣ дар ин бозор бештар пешрафт карданд.

“Ин ширкат қурбони таҳавулоти технологияҳои нав шуд. Дар вақташ роҳбарияти “Тоҷиктелеком” ба тамоюли рушди алоқаи бесим ба сурати лозим аҳамият надод. Новобаста ба он ки ширкатҳои хусусӣ дар соҳаи алоқаи мобилӣ зуд рушд ёфтанд, «Тоҷиктелеком» шонси хуб дошт, то дар рақобати солим бо пешниҳоди хадамоти ҷавобгӯ ба талаботи замон ҷойи худро дар бозор пайдо кунад. Лекин ҳамин шонсро истифода набурданд”, -- гуфт ӯ.

Мудирони «Тоҷиктелеком» борҳо гуфтаанд, ки бо густариши алоқаи мобилӣ сокинон аз истифодаи телефонҳои хонагӣ даст кашиданд ва ин ҳолат ба вазъи молиявии ширкат таъсири бад гузошт.

Созмонҳои молӣ: Ширкатҳоро фурӯшед

Созмонҳои байналмилалии молиявии шарики Тоҷикистон назири Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмиллалии Пул ба давлат пайваста машварат медиҳанд, ки ширкатҳои давлатиро бифурӯшад ва ё ба ширкатҳои хурдтаре онҳоро тақсим кунад.

Ба пиндори иқтисоддонҳои ин созмонҳо дар сурати фурӯши корхонаҳои азим, ки аз ҷиҳати молиявӣ нокоманд, давлат аз як сарборӣ раҳо мешавад. Моликони нав барои судовар кардани онҳо ҷаҳд мекунанд ва давлат аз андози мепардохтаи онҳо метавонад бештар суд бубинад, то он ки чунин ширкатҳои камсамарро зери қаноти худ нигоҳ дорад.

Мирзошариф Исломиддинов, шахсе, ки таҷрибаи роҳбарии ширкати давлатии нафтро дар шимоли кишвар дошт ва вакили порлумон низ буд, комилан зидди ин гуна машваратҳои созмонҳои байналмилалист. Вай мегӯяд, давлат маҳз бо машварати Бонки ҷаҳонӣ ва созмонҳои дигари байналмилалии молиявӣ ширкатҳои бисёреро фурӯхт, ки дар натиҷа онҳо аз кор монданд.

Вай афзуд: «Дар масъалаи фурӯхтани ширкатҳои калони давлатӣ эҳтиёткории давлат дуруст аст. Дар солҳои аввали истиқлол бо машварати ҳамин созмонҳо даҳҳо корхонаҳои азими давлатӣ фурӯхта шуданд ва дар натиҷа аксарият аз кор монданд. Азнавсозии «Барқи тоҷик» ҳам бо машварати ҳамин созмон сурат гирифт. Магар вазъи он беҳтар шуд?»

Муқоисаи колхозҳо бо хоҷагии деҳқонӣ

Ҳамсуҳбати мо афзуд, мушкили ҳар ширкати азими давлатиро дар алоҳидагӣ бояд баррасӣ кард ва фурӯш ё хусусигардонӣ на ҳама вақт метавонад василаи наҷот бошад.

Исломиддинов аз хусусигардонии даҳҳо совхозу колхозҳои давлатӣ ва тақсими онҳо ба хоҷагиҳои деҳқонии хурду реза, ёдовар шуд, ки ба қавли ӯ «натиҷаи хубе бар бор наоварданд».

«Акнун самаранокии кори колхозҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии хурди имрӯзро як бор баррасӣ кунед. Бархе аз хоҷагиҳо ҳоло имкони хариди як техникаи хурдро ҳам надоранд. Аммо баръакси ин дар баъзе ҷойҳо, хоҷагиҳое, ки сохти пешини худро нигоҳ доштанд муваффақтаранд», -- гуфт Мирзошариф Исломиддинов.

Аммо дар Тоҷикистон мисолҳои баръакс низ кам нест. Вақте ширкатҳои аз кор бозмондаи давлатӣ ва ё дар ҳоли рукуд қарордошта фурӯхта шуданд, пас аз он корашон рушд кард

Барои мисол, «Комбинати шири Душанбе», пойгоҳи лижаронии «Сафеддара» дар Варзоб, ки пас аз хусусӣ шудан корашон ривоҷу равнақ ёфт. Комбинат назар ба солҳои қаблӣ анвои бештари маҳсулот истеҳсол мекунад. «Сафеддара» пурра бозсозӣ шуд ва хатти танобии нав насб гардид. Моликони нав гуфтанд, барои бозсозии пойгоҳи лижаронии бозмонда аз Шӯравӣ 80 миллион сомонӣ харҷ карданд.

Коршиносон мегӯянд дар сурати ба сармоягузорони ҳирфаӣ фурӯхтани корхонаҳо ва назорати қатъии шартҳои фурӯш аз ҷониби давлат корхонаҳои давлатӣ, ки айни замон аз ҷиҳати молӣ нокоманд метавонанд муваффақ шаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG