Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Эрон баъди 4 соли сардии равобит. ВИДЕО


Раҳбарони Тоҷикистону Эрон баъд аз чаҳор соли сардии равобит якдигарро гарм ба оғӯш кашиданд ва ба беҳтар шудани муносибатҳо таъкид карданд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасани Рӯҳонӣ баъд аз зуҳри 15-уми июн дар Душанбе сурат гирифт. Президенти Тоҷикистон дар оғоз Рӯҳониро, ба қавли ӯ, ба хонаи дувумаш "хуш омадед" гуфт. Раиси ҷумҳури Эрон ҳам ҷавоб дод, ки худро чун дар ватан эҳсос мекунад ва омодаи хуб шудани муносибатҳост.

"Дар Тоҷикистон эҳсоси мо эҳсоси дар ватан будан аст. Одоб ва русуми миллати Тоҷикистон ва Эрон бисёр ба ҳам наздик аст", -- афзуд ӯ.

Видео. Бидуни шарҳ:

Раҳмон ба Рӯҳонӣ: "Ба хонаи дувуми худ, хуш омадед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

Рӯҳонӣ инчунин изҳори умед кард, ки ин сафари ӯ ба рушди муносибатҳои ду кишвар сабаб хоҳад шуд. Вай гуфт: "Умедворам, рӯз ба рӯз равобит байни ду давлат ва ду миллат бештар шавад ва мо шоҳиди ҳамкориҳои бисёр арзишманде ба нафъи ду миллат ва ба нафъи минтақа гардем."

Баъдан мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Дар ин мулоқот вазири умури хориҷӣ, молия, нақлиёт, обу энержӣ ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

Ҷузъиёти ин мулоқот махсусан дар масъалаи равобити ду кишвар ва ояндаи ҳамкориҳо эълон нашудааст. Ҷонибҳо низ баъди анҷоми мулоқот бо намояндагони матбуот суҳбат накарданд ва суолҳоро бе ҷавоб гузоштанд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар баёнияе хеле мухтасар гуфт, ки "дар мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории бисёрсоҳаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯ сурат гирифт."

Ҳамин манбаъ навишт, ҷонибҳо "ба масъалаи рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, илму техника, фарҳанг ва соҳаҳои инфрасохторию коммуникатсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунию минбаъдаи Афғонистон ва дигар мавзуъҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт."

Ҳасани Рӯҳонӣ бори дувум ба Тоҷикистон омадааст. Вай бори аввал моҳи сентябри соли 2014 барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Душанбе омада буд. Пас аз як соли он муносибати ду кишвар ба сардӣ печид.

Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳамчунин қатли афроди саршинос дар солҳои 90-ум муттаҳам кард. Эрон дар навбати худ дар гум шудани миллиардҳо доллари тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ ангушти иттиҳомро ба сӯи Тоҷикистон дароз намуд. Ду тараф иттиҳоми якдигарро беасос хонданд.

Танҳо дар оғози соли равон мақомоти Тоҷикистону Эрон паём доданд, ки мушкили равобит "тақрибан" ҳал шудааст. Дар аввали моҳи июн вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Эрон рафт ва бо мақомҳои он кишвар гуфтугӯ кард. Дар ҷавоб Ҳасани Рӯҳонӣ барои иштирок дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба Тоҷикистон омад.

Ҳоло ҷонибҳо расман нагуфтаанд, ки мушкил билохира байни ду кишвар ба поён расид ё не. Яъне чӣ гуна аз "гуноҳ"-и якдигар гузаштанд ва ҳамкориро дар чӣ шакл пеш хоҳанд бурд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG