Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории ду мақоми баландпояи Оҷонси зидди маводи мухаддир


Мирзоравшан Сангинзода. Акс аз сомонаи "Суғднюс"
Мирзоравшан Сангинзода. Акс аз сомонаи "Суғднюс"

Ду мансабдори баландпояи Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар вилояти Суғд аз вазифаҳояшон барканор ва аз хидмат дар ин ниҳод ронда шудаанд.

Мирзоравшан Сангинзода, сардори раёсати Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар вилояти Суғд ва Шариф Неъматзода, муовини сардори шуъбаи Оҷонсӣ дар Зарафшон расман "барои кирдори ғайриоинномавӣ" муттаҳаманд. То кунун назари ин ду нафар ва наздикони онҳо ба ин масъала дастрас нест.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 19-уми июн дар баёнияи кӯтоҳ гуфт, фаъолияти Мирзоравшан Сангинзода ва Шариф Неъматзода бар асоси шикояти соҳибкори украинӣ Виталий Костюк таҳқиқ мешавад. "Нисбат ба рафтори шахсони мазкур, ки айни замон аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор тафтиш мегардад, баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд", - гуфта шудааст дар баёнияи Вазорати умури хориҷӣ.

Виталий Костюк, соҳибкори украинӣ, рӯзи 4-уми июни имсол дар муроҷиатномае ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз он шикоят кард, ки охири моҳи май ҳангоми бозгашт аз кишвар дар наздикии марзи Панҷакент бо Самарқанд аз тарафи маъмурони Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир беасос кофтукоб ва бозпурсӣ шудааст. Вай навишт, ӯро баъдан аз Панҷакент ба Хуҷанд бурда, дар онҷо низ чаҳор соат бозпурсӣ карданд.

Ин соҳибкорӣ украинӣ гуфта буд, бо нияти сармоягузорӣ ба Тоҷикистон омад, вале баъд аз он ки пешниҳоди баъзе афроди баландпояро барои ҳамкорӣ бо онҳо напазируфт, ба чунин мушкил дучор шуд.

Виталий Костюк дар муроҷиатномаи худ навишта буд, "агар дар кишвари шумо чунин ҳолат меъёри қонун бошад, бубахшед, вале поямро ба чунин кишвар намемонам."

Ҳарчанд Виталий Костюк дар номаи худ аз касе ном нагирифт, сомонаи "Ахбор" дар оғози ҳафтаи равон бо такя ба манобеи худ навишт, "аз соҳибкори украинӣ ба чунин шева полковник Мирзоравшан Сангинзода, сардори раёсати Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар вилояти Суғд қасос гирифтааст".

Ба иттилои манобеи сомона, "полковник Сангинзода аз соҳибкори украинӣ талаб карда буд, дар Тоҷикистон фақат бо вай ва одамони вай кор кунад. Вале Костюк ҳангоми боздидаш аз Душанбе пешниҳодҳои беҳтаре барои ҳамкорӣ пайдо кард ва аз ҳамкорӣ бо Сангинзода ва одамони ӯ даст кашидааст."

Сангинзода то ҳанӯз вазъияти пешомадаро шарҳ надодааст. Ӯ моҳи июни соли 2017 ба мақоми сардори Раёсати Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир таъйин шуда буд. Аз он пештар дар идораи марказии Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир кор мекард.

Дар гузашта чанде аз соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ аз шароити начандон хуби кор дар Тоҷикистон шикоят карда буданд. Агар бархеи онҳо аз андози баланду тафтишҳои зиёд шикоят доштанд, бархеи дигар аз ҳамкорони маҳаллии худ шила мекарданд.

Танҳо дар соли 2018 дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон 27 даъвои ширкатҳои хориҷӣ ва ҳамкорони маҳаллии онҳо баррасӣ шудааст, ки ду баробар бештар назар ба нишондодҳои соли 2017 будааст. Аксар баҳсҳои ширкатҳои хориҷӣ бо ҳамкорони тоҷикашон барои иҷро нашудани шартномаи тарафҳон ва руёнидани маблағҳои пулӣ сар задааст.

Дар бархе маврид, соҳибкорони тоҷик ҳам сармоягузорони хориҷиро ба фиребкорӣ муттаҳам карда, аз болояшон ба додгоҳ шикоят кардаанд.

XS
SM
MD
LG