Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол тарбуз бисёр шуд. Сокинон – розӣ, деҳқонон – норозӣ. ВИДЕО


Соли гузашта нархи тарбуз дар бозорҳои Тоҷикистон "кайҳонӣ" шуд ва бештари сокинон "лабташна" монданд. Деҳқонон ангушти ҳасрат газиданд, ки чаро тарбузи бештар накиштанд, то фоидаи зиёдтар бигиранд. Имсол ҳама хостанд, фоида гиранд. Тарбуз дар бозорҳо зиёд шуд ва нархи он якбора поин омад.

Соли гузашта дар аввали мавсим тарбузро яклухт ба 8-9 сомонӣ ба соҳибкорон мефурӯхтанд. Ҳоло нарх то 4-5 сомонӣ кам шудааст.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод, ки имсол, қарор аст, то сад ҳазор тонна полезӣ бигиранд. Вазорат деҳқононро огоҳ кардааст, ки ба сабаби зиёд кишт шудан ва ҳосили зиёд тарбузу харбуза арзон мешавад.

Ҷӯра Менгалиев, сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, аз беҳосилии соли гузашта таҷриба гирифт ва имсол бештар полезӣ кишт. Вале ҳоло дар ташвиш аст, ки хароҷоти имсолаашро намепӯшонад. "Агар нархи як дона тарбуз аз панҷуним сомонӣ арзон шавад, зарар мешавад. Дар се гектар замин 30 ҳазор сомонӣ сарф кардаем", -- гуфт ӯ рӯзи 26-уми июн ба хабарнигори Радиои Озодӣ.

Деҳқонон мегӯянд, имсол нархи доруҳои минералӣ гарон буд ва хароҷоти кишти полезӣ ҳам зиёд шуд. Муҳаммадамин Қурбонов, кишоварзи тоҷик гуфт, "агар нарх каме гаронтар мешуд, беҳтар буд. Он вақт хароҷотро мепӯшонд ва мо ҳам соли оянда бо дилгармӣ боз тарбузу харбуза мекиштем, вагарна..."

Дар бозорҳои Душанбе нархи тарбузу харбуза як хел нест. Ҳоло асосан аз ноҳияҳои гарми вилояти Хатлон ин маҳсулотро вориди бозор мекунанд. Нархи тарбуз аз 7 то 18 сомонӣ аст. Сокинон мегӯянд, дар муқоиса ба соли гузашта нархи тарбузу харбуза то ҷое дастрас аст.

Тарбуз арзон шуд. Сокинон розӣ, деҳқонон - норозӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00

Умедҷон Турсунов аз ноҳияи Фархори вилояти Хатлон барои фурӯш ба Душанбе тарбуз овардааст. Вай гуфт, "як дона тарбузро дар сари замин ба нархи 5-7 сомонӣ харида, дар Душанбе бо изофаи як сомонӣ ё 50 дирам ба муштариён пешниҳод мекунем."

Бо сабаби каму зиёд кишт кардан ва ё хубу бад омадани ҳаво ҳар сол як маҳсулоти кишоварзӣ ё камчину гарон мешавад ва ё аз ҳад зиёду арзон. Ҳолати аввал ба нафъи харидорон нест, дар ҳолати дувум ба фоидаи – деҳқонон.

Барои мисол, соли гузашта баъзе аз деҳқонони вилояти Хатлон ҳосили пиёзро ҷамъоварӣ накарданд, ки зарар мебинанд. Зеро нархи яклухти пиёз ҳатто барои пардохти арзиши чидани он кофӣ набуд.

Баъзе аз коршиносон сабаби асосии чунин вазъро "ба мудирияти нодуруст" дар соҳаи кишоварзӣ рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд раҳбарияти Вазорати кишоварзӣ ҳақ надорад, чӣ кишт карданро ба кишоварзон фармон диҳад, вале аз ҳаққи машварат ҳамчунон бархӯрдор аст ва муваззаф аст роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониро аз хатарҳои пасту боло рафтани маҳсулот дар бозорҳо ҳушдор диҳад.

Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳам гуфт, "Вазорати кишоварзӣ бояд ба деҳқонон дастур диҳад, ки дар оянда талабот ба кадом маҳсулот дар бозор зиёд мешавад. Бояд бар асоси ҳамин кор кунанд."

Бо ин ҳол, кишоварзони тоҷик нигаронанд, ки аз парвариши тарбуз имсол тақрибан ҳеч даромад нахоҳанд гирифт. Сокинон умед доранд, ки мисли соли гузашта ташналаб нахоҳанд монд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG