Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саёҳати имтиёздорон. Шикор дар Помири Шарқӣ чӣ гуна сурат мегирад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шикор дар шарқи Помир яке аз василаҳои муассиртарин барои ҷалби гардишгарони сарватманд ва ба гунаи аҷиб омили муҳиме барои ҳифзу афзоиши ҳайвоноти ворид дар Китоби Сурх боқӣ мемонад.

Ноҳияи Мурғоби ВМКБ. Инҷо дар баландии беш аз чаҳор ҳазор метр Саид (ном бо дархости соҳибаш тағйир дода шудааст), ки барои гардишгарони хориҷӣ шароити шикорро фароҳам меорад, ба барқарор кардани кулбаи худ машғул аст. Дар ин ҷо гардишгарон ҳазорҳо километр ба баландкуҳҳо боло мешаванд, то бо пули гароне ҳайвоноти нодири ҷуфтсумро шикор кунанд ва бойигарие аз намунаи гӯсфанди кӯҳии Марко Поло ба даст биоваранд.

Мавсими шикор дар Тоҷикистон тирамоҳ оғоз ёфта, то миёнаҳои зимистон давом мекунад. Баҳор ва тобистон шикор манъ аст, зеро ин мавсими бордорӣ ва зоиши ҳайвонот мебошад. Ин аст, ки Саид ва ҳамкоронаш барои мавсими пешорӯ омодагӣ мегиранд.

"Бо шурӯи мавсим одатан шикорчиён аз Амрико, кишварҳои аврупоӣ, Русия ва ҷойҳои дигар меоянд. Миёни онҳо касоне низ ҳастанд, ки дар чанд мавсим пайиҳам меоянд, то ғанимати шикор ба даст биоваранд", -- нақл мекунад шикорчии ҷавон.

Арзиши ин гуна шикор вобаста ба сатҳи хидматрасонӣ даҳҳо ҳазор долларро ташкил медиҳад. Қисмати зиёди ин маблағ ба гуфтаи кормандони хоҷагиҳои шикоргарӣ, харҷи хадамоти таҳиякунанда (аутфитер)-гони хориҷӣ мешавад. Бахши дигари маблағ барои маоши коргарон, нигоҳубини мавзеъҳо, афзоиши ҳайвоноте, ки шикори онҳо фоида меоварад, сарф мешавад.

"Барои як шикор 10 рӯз ҷудо мешавад. Маъмулан шикорчиён муваффақ мешаванд, вале агар бо кадом як сабабе комёб нашаванд, ними маблағе, ки онҳо барои гирифтани иҷозатномаи шикор пардохт кардаанд, баргардонда мешавад", -- мегӯяд ҳамсуҳбати мо Саид.

"Фоидаовар, вале бераҳмона аст"

Шикори ҳайвоноти шомили Китоби Сурх дар Тоҷикистон маҳдуд аст ва бар пояи қонунгузории Тоҷикистон, танзим мешавад. "Имсол саҳмияи шикори гӯсфанди кӯҳии Марко Поло 100, Морхур 12 ва нахчир 9 сар дар Помир муайян карда шудааст",- мегӯяд раиси Анҷумани хоҷагиҳои шикории Тоҷикистон Алихон Латифӣ. Ба гуфтаи ӯ, имсол арзиши парвона ё иҷозатномаи шикори гӯсфанди кӯҳӣ 55 ҳазор сомонӣ ва барои Морхӯр 300 ҳазор сомонӣ мебошад.

Ҳамасола аз ҳисоби шикори навъҳои нодири ҳайвонот ба будҷаи кишвар 5 миллион сомонӣ ворид мешавад. Соли 2013 ду миллион сомонӣ аз ҳисоби фоидаи шикори гӯсфанди "Марко Поло" ба суратҳисоби бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ворез шудааст. Ба ҳисоби миёна даромад аз як мавсими шикор метавонад баробар ба маоши 13 ҳазор муаллим дар кишвар бошад.

Дидгоҳҳои гуногун дар бораи ҳифзи табиат

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқидҳои бешумореро дар мавриди шикори ҳайвоноти дар дами нобудӣ қарордошта аз сӯйи корбарон метавон мушоҳида кард. Бисёриҳо ин суолро матраҳ мекунанд, ки додани иҷозат барои шикори ҳайвоноте, ки дар Китоби Сурх номбар шудаанд, аз сӯи давлат то куҷо оқилона аст. Муҳаққиқи тоҷик Абдулназар Абдулназаров дар яке аз сӯҳбатҳояш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бар асоси таваҷҷуҳи нокофии ҳукумат, ин бахш дар ояндаи наздик таҳти хатар қарор мегирад.

"Ҳаштод дарсади маблағҳое, ки аз ҳисоби шикор ба даст меоянд, бояд барои ҳифз ва афзоиши ҳайвоноти навъҳои нодир масраф шавад. Вале дар мо баръакс аст, ҳамагӣ 5-10 дарсади даромади шикор барои рушди соҳа масраф мешавад, ки хеле бад аст. Ин масъала бояд дар сатҳи ҳукумат ҳал шавад", -- гуфта буд он замон Абдулназаров.

Вале ба гуфтаи Алихон Латифӣ, шикорчиён алоқаманди дарёфти фоидаҳои бузурганд ва мувофиқи иҷозатнома онҳо танҳо метавонанд, наринаҳои кӯҳансоли аз 7-сола болоро шикор кунанд. Аз ин рӯ хоҷагиҳои шикоргарӣ талош мекунанд, ки қаламрави худро муҳофизат кунанд ва ҳайвонотеро, ки то ин син нарасидаанд, нигоҳубин намоянд.

"Солҳои 90-ум саршумори Марко Поло дар ҳудуди 10 ҳазор сар буд, ҳоло 26 ҳазор ва ин як рушди бузург аст. Агар муҳофизат танҳо дар мавсими шикор мебуд ва вақтҳои дигар ин қаламравҳо ба ҳоли худ гузошта мешуданд, пас ҳоло дар ин қаламравҳо чизе боқӣ намемонд", -- нақл мекунад Латифӣ.

Шикор чӣ гуна афзоишро муҳофизат мекунад

Мавсими гузашта даромад аз ҳисоби шикори гӯсфанди кӯҳӣ ва нахчир ҳудуди 4 миллион сомонӣ (ҳудуди 500 ҳазор доллар)-ро дар бар гирифтааст. Тавре як манбаи Радиои Озодӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ВМКБ шарҳ дод, 20 дарсади маблағи иҷозатнома ба будҷаи давлатӣ, 20 дарсад ба суратҳисоби кумита меравад ва боқимондаи пул дар маҳал мемонад. Аз ҷумла 35 дарсад бо дастури раиси ноҳия аз сӯи шуъбаи маҳаллӣ барои муҳофизати табиат истифода мешавад.

"Ҳар сол кумита ба 150 ҳазор сомонӣ дар Душанбе бо нархи нисбатан арзон ангишт мехарад ва ба Мурғоб оварда, 50 дирамӣ мефурӯшад, то мардум терескенро, ки хӯроки асосии ҷуфтсумҳост, ба сифати сӯзишворӣ истифода набаранд",- гуфтанд дар кумита.

Ҳанӯз ду сол пеш Радиои Озодӣ навишта буд, ки бар асари нокофӣ будани терескен, гӯсфандҳои Марко Поло метавонанд ба Чин бикӯчанд ва барои ин ҳукумати маҳаллӣ барномаеро барои таъмини аҳолӣ бо маводи сӯхти ҷойгузин, пеш мебаранд, ҳарчанд бо дастовардҳои гуногун.

Гӯсфандҳои куҳӣ, ки ба навбати худ, хӯроки асосии навъи дигари ҳайвоноти дар ҳоли нестшавӣ - бабри барфянд, ки дар ҳудуди Помири Шарқӣ ба сар мебаранд. Тавре Латифӣ гуфт, саршумори бабри барфӣ дар Тоҷикистон дар солҳои ахир ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт ва ҳоло ҳудуди 500 сарро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки дар 12 кишваре, ки ин ҷонвар сукунат дорад шумораи умумии он дар ҳудуди 6 ҳазор сар мечархад.

Рустам Муродов, номзади улуми биологӣ дар як мусоҳаба бо "Азия Плюс" гуфта буд, олимони тоҷик метавонанд, саршумори гӯсфандони кӯҳиро афзоиш диҳанд, вале ин сарбории иловагӣ ба чарогоҳҳо мешавад ва ба паҳншавии касалиҳои сироятӣ меоварад.

Вале бидуни шикорчиёни ғайрирасмӣ

Арзиши баланди шикори расмӣ, ки барои шикорчиёни маҳаллӣ гарон аст, рӯз аз рӯз онҳоро барои шикори ғайрирасмӣ ё шикордудӣ (браконйерӣ) савқ медиҳад. Ба гуфтаи шикорчӣ Саид, дар ҳудуди сукунати гӯсфандони кӯҳӣ шикордуздони бисёр пайдо мешаванд, ки миёни онҳо баъзан мансабдорони воломақоми тоҷик ҳам ба назар мерасанд. Ба онҳо маъмулан кормандони ин ё он хоҷагиии шикоргарӣ кумак мекунанд.

Дар кумитаи вилоятии ҳифзи муҳити зисти ВМКБ иттилоот дар бораи шикордуздии мансабдоронро рад карданд ва гуфтанд, ки дар солҳои ахир бархӯрд бо шикори ғайрирасмӣ сахттар шудааст. Як аломаташ он аст, ки акнун дар бозорҳо чун солҳои пеш гӯшти гӯсфанди куҳиро пайдо кардан номумкин аст.

Соли 2015 се шикорчии ноҳияи Мурғоб барои шикори ғайриқонунии Марко Поло ҳудуди 180 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Вале коршиносон мегӯянд, комилан нест кардани шикордуздӣ дар Мурғоб кори содае нест.

Фаъолияти хоҷагиҳои сайёдӣ дар Мурғоб ба ҷуз фоида барои худи соҳибкорон ва буҷа, ҳамчунин ба ҷойи кори мавсимӣ пайдо кардани 250 нафари аксаран маҳаллӣ мусоидат мекунад.

Ноҳияи Мурғоб бо бештар аз 16 ҳазор сокин дошта, аз ҷиҳати масоҳат калонтарин ноҳияи Тоҷикистон мебошад. Зимистони бисёр хунук, то 45 дараҷаи зери сифр, дорад. Шаст дарсади аҳолии ноҳияро қирғизтаборон ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG