Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, ба банди дигари созиши атомӣ пойбанд нест


Сентрифугаҳои сохти Эрон, ки барои ғанисозии ураниум ба кор мераванд

Мақомоти давлати Эрон гуфтанд, ки аз ин рӯз ғанисозии ураниумро беш аз меъёри таъйинкардаи созиши атомии соли 2015 боло мебаранд.

Алӣ Рабеӣ, сухангӯи ҳукумати Эрон рӯзи 7-уми июл ба хабарнигорон гуфт: “Имрӯз аз мизони 3.67 дар сади ғанисозии ураниум убур хоҳем кард ва мизони ғализии он бар асоси ниёзи мо хоҳад буд.” Эрон баъди он иҷрои баъзе аз бандҳои созиши атомиро бас кард, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп соли гузашта Амрикоро аз ин созиш хориҷ кард ва таҳримоти сахти иқтисодӣ ба зидди Эрон баргардонд.

Аббос Ароқчӣ, муовини вазири хориҷии Эрон, ба хабарнигорон гуфт, агар тарафҳои дигари созиш, Бритониё, Чин, Олмон ва Фаронсаву Русия Эронро аз таҳримоти Амрико эмин нигаҳ надоранд, кишвараш то 60 рӯзи оянда иҷрои бандҳои дигари созиши атомиро ҳам бас мекунад, Ароқчӣ гуфт, Теҳрон ҳамчунон хоҳони боқӣ мондани созиши атомӣ аст ва кишварҳои аврупоиро ба он муттаҳам кард, ки аҳдҳояшон бар асоси созишро иҷро намекунанд.

Пештар аз ин эълони Эрон, Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса бо ҳамтои эрониаш Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтӯгуи телефонӣ дошт ва гуфт, ки талош дорад, муколама байни Эрону кишварҳои аврупоиро эҳё кунад. Дафтари раёсати ҷумҳурии Фаронса гуфт, Макрон “нигаронии амиқи худро аз заифтар шудани созиши атомии соли 2015 ва паёмадҳои ногузири он” ба раиси ҷумҳури Эрон шарҳ додааст.

Дар бораи паёмадҳо мушаххасан чизе нагуфтааст, вале Амрико то кунун ба зидди Эрон таҳримоте эъмол кард, ки ба иқтисоди он зарбаи вайронгаре задаанд. Макрон ҳамчунин гуфтааст, ки бо Ҳасан Рӯҳонӣ мувофиқат карданд, ки то 15 июл шарту шароити “эҳёи муколама дар байни ҳамаи тарафҳоро баррасӣ кунанд” ва шиддати вазъро коҳиш диҳанд. Маълум нест, чаро санаи 15-уми июлро интихоб кардаанд.

Ҳампаймонҳои Амрико, Фаронса, Бритониё ва Олмон талош карданд, то Вашингтон дар созиши атомӣ бимонад, вале бенатиҷа. Бар асоси ин созиш, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва дар иваз баъзе аз таҳримот ба зидди онро аз байн бардоштанд. Доналд Трамп Амрикоро моҳи майи соли 2018 аз созиш хориҷ кард, чун ба гуфтаи ӯ ба қадре сахтгирона нест, ки монеи сохти бомби атомӣ дар Эрон шавад.

Дар посух, Ҳасан Рӯҳонӣ моҳи гузашта эълон кард, ки дар кишвар истеҳсоли ураниуми ғанишударо зиёд мекунанд ва то 27-уми июн Эрон аз ин навъи уран бештар аз 300 килограм хоҳад дошт, ки зиёдтар аз меъёри таъйиншуда бар асоси созиши атомист. Созмонҳои байналмилалӣ гуфтанд, дар воқеъ захираи ураниуми ғанишудаи Эрон аз 300 килограм зиёд шудааст. Ҳасан Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт, Эрон баъди 7-уми июл ба ғализтар кардани ураниум шуруъ мекунад, ки мухолиф ба бандҳои созиши атомист.

Бар асоси ин санад, Эрон набояд ураниумро ба мизони бештар аз 3.67 дар сад ғализ кунад. Ба гуфтаи Теҳрон, дар сурати кам кардани таъсири таҳримоти Амрико, Эрон “дар чанд соат” ба иҷрои бандҳои созиши атомӣ бармегардад. Дар вокуниш ба иқдомоти Эрон, Ювал Стейнитз, вазири энержии Исроил гуфт, ки Эрон “хатҳои сурхро нодида мегирад” ва ба “самти силоҳи атомӣ ҳаракат мекунад.” Доналд Трамп рӯзи 3-уми июл ба Эрон ҳушдор дод, ки дар робита бо барномаи атомиаш таҳдид накунад. Ӯ дар Твиттер навишт: ”Эрон бо таҳдидҳо ҳушёр бош. Онҳо бармегарданд ва шуморо ончунон мегазанд, ки то касеро то кунун нагазидаанд”.

Дипломатҳои аврупоӣ гуфтаанд, ки даст кашидан аз пойбандӣ ба созиши атомӣ мумкин аст, сабаби он шавад, ки Фаронсаву Бритониё ва Олмон, дархост кунанд, ки таҳримоти Созмони Милал ба зидди Эрон эҳё карда шавад. То соли 2015 ва имзои созиши атомӣ Эрон ураниуми ғанишудаи 20 дар садӣ тавлид мекард, ки ҳамчун маводи сӯхт барои реактори атомӣ истифода мешавад. Барои нерӯгоҳи атомии Бушеҳр ураниуми 5 дар садӣ кофист. Барои сохтани бомби атомӣ ураниуми ғализи 90 дар садӣ ва ё бештар аз он зарур аст.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG