Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо созиши атомии Эронро баррасӣ мекунад


Вазирони умури хориҷии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо роҳҳои кам кардан таниш байни Амрикову Эронро ҷустӯҷу доранд. Онҳо ҳамчунин мехоҳанд, Эронро мутақоид кунанд, ки бо вуҷуди тарки созиши атомӣ кардани Амрико ба ин созиш пойбанд бимонад.

Вазирон, ки рӯзи 15-уми июл дар шаҳри Брюссел ҷамъ омаданд, роҳҳои афзоиши тиҷорат бо Эрон ва эмин нигаҳ доштани он асари таҳримоти нафасгиркунандаи Амрикоро баррасӣ мекунанд. Ҷереми Ҳант, вазири умури хориҷии Бритониё гуфт, ҳанӯз фурсат ҳаст, ки созиши атомӣ бо Эронро нигаҳ доранд.

Қабл аз ин нишаст, Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, дар сурати бардоштани таҳримоти иқтисодӣ, Эрон омода аст, бо Амрико гуфтугӯ кунад. Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи 14-уми июл дар як суханронӣ дар телевизион гуфт, Теҳрон омодаи музокира бо ҳукумати Доналд Трамп аст, ба шарте ки онҳо “таҳримоту зӯргуӣ”- ро бас кунанд.

Таниш байни Амрикову Эрон баъд аз он авҷ гирифт, Доналд Трамп Амрикоро аз созиши чандҷонибаи атомӣ бо Эрон хориҷ кард. Бар асоси ин созиши соли 2015, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва баъзе аз таҳримоти иқтисодӣ ба зидди онро бардоштанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Фирори муҳоҷирон, хоб дар ҷангал ва Ҳаҷ бо парчам дар Озодӣ Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00
XS
SM
MD
LG