Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиёзи Эрон ба кишварҳои Осиёи Миёна дар бандари Чобаҳор


Мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ки Эрон ба кишварҳои Осиёи Миёна пешниҳод кардааст, ки метавонанд анборҳои худро ба таври ройгон дар бандари Чобаҳор бисозанд.

Дар ин бора Шералӣ Ганҷалзода, сардори назорати хадамот дар соҳаи нақлиёти вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 17-уми июл зимни нишасти хабарии ин вазоратхона иттилоъ дод. Ба гуфтаи оқои Ганҷалзода, ин пешниҳоди ҷониби Эрон дар нишасти ахири Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ садо додааст.

Бандари Чобаҳор дар ҳудуди вилояти Сиистону Балуҷистон ва дар соҳилҳои Халиҷи Умон ҷойгир аст. ​Ҳангоми ҷорӣ кардани таҳримҳо болои баъзе аз бахшҳои иқтисоди Эрон дар тирамоҳи соли 2018, маъмурияти Доналд Трамп Чобаҳорро аз ин таҳримҳо озод кард. ​

Ба қавли коршиносон, бандари Чобаҳор метавонад роҳи арзони интиқоли бор барои кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон шавад. Ин бандар як бахши муҳими Долони нақлиётии Шимолу ҷануб аст. Тарҳи бунёди он солҳои 2000-ум аз ҷониби Русия, Ҳинд ва Эрон имзо шуд ва ҳоло дар садади анҷомёбист.

XS
SM
MD
LG