Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё гуфт, мехоҳад, моҷарои нафткаш бо Эрон зуд ҳал шавад. ВИДЕО


Баъди тасарруфи як киштии Бритониё дар Гулӯгоҳи Ҳурмуз вазири умури хориҷӣ Ҷеремӣ Ҳант, гуфт, кишвараш барои ҳалли ин моҷаро бо Эрон ба  дипломатия такя мекунад.

Ӯ рӯзи 19-уми июл ба хабарнигорон гуфт: “Мо вокуниши қотеъ нишон медиҳем ва возеҳ гуфтаем, ки агар масъала зуд ҳал нашавад, оқибатҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.” Ӯ афзуд, ки Бритониё мехоҳад, масъала на аз роҳи низомӣ, балки аз роҳи дипломатӣ ҳал шавад. Ҷеремӣ Ҳант яке аз номзадҳо ба мақоми нахуствазири Бритониё аст, аммо рақиби ӯ Борис Ҷонсон, вазири собиқи умури хориҷӣ номзади аслӣ ба ҳисоб меравад. Нахуствазир Тереза Мей, ки аз мақоми раиси Ҳизби Муҳофизакор истеъфо дод, то чанд рӯзи дигар мақоми нахуствазирро тарк мекунад.

Мақомоти Бритониё ва Амрико боздошти нафткаши бритониёӣ аз тарафи нерӯҳои Эронро маҳкум карданд. Киштиро рӯзи 19-уми июл дар Гулӯгоҳи Ҳурмуз, як гузаргоҳи аслии киштиҳои нафткаши ҷаҳон боздошт карданд. Як киштии дигарро, ки ба ширкати бритониёӣ тааллуқ доштааст, маъмурони амниятии Эрон муддати кӯтоҳе боздошта ва сипас иҷоза додаанд, ки ба ҳаракаташ идома бидиҳад.

Телевизиони Эрон нафткаши бритониёиро нишон дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:10 0:00

Нерӯҳои Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфтанд, рӯзи 19-уми июл киштии Стена Имперо барои риоят накардани “меъёрҳои байналмилалии шино дар қаламравҳои байналмилалии обӣ” дастгир шуд. Хабаргузории нимарасмии “Форс” рӯзи 20-уми июл аз қавли як мақоми расмӣ навишт, киштии мазкур қабл аз боздошт ба як қаиқи моҳигирӣ бархӯрдааст.

Аллоҳмурод Афифипур, раиси Созмони Бандарҳо ва Шино дар вилояти Ҳурмузгон гуфтааст: “Киштӣ ба қаиқи моҳигирии эронӣ бархӯрд. Вақте қаиқ аз хатар ҳушдор дод, киштии бритониёӣ онро нодида гирифт. “ Ба гуфтаи Афифипур, нафткаш айни замон дар Бандари Аббоси Эрон нигаҳ дошта мешавад ва тамоми маллоҳон “то замони анҷоми таҳқиқот дар киштӣ мемонанд.”

Соҳиби нафткаши Стена Имперо ва мутассадии истифодаи он Stena Bulk and Northern Marine гуфтаанд, ҳеҷ қонуншикание набуд. Ҳарду ширкат бо нашри як баёния гуфтаанд, ки киштӣ 23 маллоҳ дорад ва натавонистаанд, ки бо онҳо тамос бигиранд. Дар баёния омадааст, ки маллоҳон аксаран ҳиндиву русҳо, аз Латвия ва Филлипин будаанд ва ҳеҷ касе аз онҳо осеб надидаанд. Баъди тассаруфи киштӣ Ҷеремӣ Ҳант гуфт, ки аз амалкардҳои Эрон “фавқуллода нигарон” аст ва аз мақомоти амниятии Бритониё хост, ҷамъ шаванд ва роҳҳои ҳарчӣ зудтар озод кардани ҳарду киштиро баррасӣ кунанд.

Амрико Эронро ба шиддат бахшидани авзоъ муттаҳам кард. Раиси ҷумҳур Доналд Трамп бо Эмануел Макрон раиси ҷумҳури Фаронса дар бораи “хатарҳо” аз тарафи Эрон сӯҳбат карда ва гуфтааст, ки бо мақомоти Бритониё дар масъалаи ҳодисаҳои ахир сӯҳбат ва кор мекунад. Боздошти нафткаши Бритониё ба думболи моҷароҳои дигар ба мисли сарнагун кардани ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрикову Эрон ва иттиҳом задан ба ҳамдигар сурат гирифт.

Рӯзи 4-уми июл нерӯҳои баҳрии Бритониё як нафткаши Эронро дар соҳилҳои ҷанубии Испониё дастгир кард ва гуфт, ки ин нафткаш бар хилофи таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо ба Сурия нафт мебурд. Ҳукумати Гибралтар рӯзи 19-уми июл мӯҳлати боздошти ин нафткашро то 30 рӯзи дигар тамдид кард. Теҳрон рӯзи 12-уми июл аз Бритониё хост, фавран нафткашро раҳо кунад. Баъди ин Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, метавонад дар посух ба амалкарди Бритониё, нафткашҳои ин кишварро дастгир кунад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Аз боҷу андоз озод карданд, оё гӯшт дар Тоҷикистон арзон шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00
XS
SM
MD
LG