Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон арзиши бимаи нақлиёти Узбекистонро кам мекунад


Тоҷикистон қасд дорад нархи бимаи ҳатмии мошинҳои Узбекистон дар ҳудуди Тоҷикистонро чанд баробар коҳиш диҳад. Ширкати "Тоҷиксуғурта" мегӯяд, ин посух ба иқдоми мақомоти Узбекистон аст, ки нархи бимаи ҳатмии мошинҳои Тоҷикистон ҳангоми убур аз Узбекистонро кам карданд.

Ҳоло барои мошинҳое, ки аз Узбекистон ба Тоҷикистон ворид мешаванд, барои як моҳ аз 338 то 845 сомонӣ маблағи суғуртаи ҳатмии якдафъаина супурда мешавад. Дар баробари ин, барои мошинҳои Тоҷикистон, ки ба қаламрави Узбекистон медароянд, низ ҳамин қадар пул дода мешуд.

Аз 53 доллар ба 4,5 доллар

Павел Падерин, як масъули ширкати "Тоҷиксуғурта" гуфт, як моҳ қабл мақомоти Узбекистон бимаи ҳатмии мошинҳои Тоҷикистонро даҳ баробар яъне аз 53 доллар то ба 4,5 доллар кам карданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Падерин, ширкати "Тоҷиксуғурта" низ нархи бимаи ҳатмии мошинҳои Узбекистонро ҳамин миқдор коҳиш дода, дар ин бора ба ҳукумат пешниҳод фиристодааст. Ба гуфати вай, бо содир шудани қарори ҳукумат, нархи бимаи ҳатмии мошинҳои Узбекистон ҳангоми убур аз хоки Тоҷикистон кам мешавад.

Ин мақоми "Тоҷиксуғурта" афзуд, нархи бимаи ҳатмии мошин миёни Тоҷикистону Узбекистон бар асоси паритет ё баробарӣ тайин мешавад.

Тоҷикистон ва Узбекистон бар асоси шартнома мошинҳои шаҳрвандони ҳамдигарро суғурта мекунанд. Барои мисол, агар мошини Тоҷикистон дар ҳудуди Узбекистон ба садама дучор шавад, ширкати суғуртавии Узбекистон маблағи ҷуброни онро пардохт мекунад ва агар мошинҳои Узбекистон дар Тоҷикистон садама бинанд, Тоҷикистон онро ҷуброн мекунад.

Нарх арзон шуду навбат зиёд

Поён бурдани арзиши бимаи ҳатмии мошинҳои Тоҷикистон аз сӯи Узбекистон як моҳ пеш ба вокунишҳои мусбати шаҳрвандони Тоҷикистонро ба бор овард. Бахусус ронандагони мусофиркаш мегӯянд, коҳиши бимаи ҳатмӣ ҳангоми вуруд ба Узбекистон, барояшон сабукии зиёд овардааст.

Муродҷон Ёқубов, як ронанда аз вилояти Суғд, ки ҳафтае се-чор маротиба ба шаҳри Тошканд мусофир мебарад, гуфт, қаблан нархи бима барояш то 60 доллар мерасид, аммо ҳоло барои он ҳамагӣ 6 доллар харҷ мекунад.

Ба гуфтаи Ёқубов, коҳиши бимаи ҳатмӣ ҳангоми вуруд ба Узбекистон теъдоди мошинҳои Тоҷикистонро дар марз хеле зиёд кардааст.

"Ҳозир дар марз навбат зиёд шудааст, то 5-6 соат навбат меистӣ. Пештар қиммат буд, одамон кам мерафтанд, ҳоло ки бепул шуд, ҳама бо мошинҳои худаш рафта истодаанд".-гуфт ин ронандаи тоҷик.

Баъди барқарор шудани равобит ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Узбекистон ва имкони рафтуомадҳои бидуни виза барои шаҳрвандони ду кишвар дар моҳи марти соли гузашта, Тоҷикистон аз моҳи майи порсол барои вуруди нақлиёти Узбекистон ба қаламраваш бима ҷорӣ карда буд. Пеш аз ин Узбекистон низ барои сабукравҳои Тоҷикистон 50 доллари амрикоӣ бимаи нақлиётӣ мқуқаррар намуд.

Баъди пурра боз шудани марзҳои ду кишвар, аз ронандаҳои озими Узбекистон тақозо мешуд, ки пеш аз ворид шудан ба хоки ин кишвар бима бихаранд. Ин пардохти якмоҳа ба ронанда ва мошинаш ҳаққи ҳаракат дар хоки Узбекистонро фароҳам меоварад.

Тоҷикистон танҳо бо Узбекистон чунин муқаррарот дорад ва, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, ин кор дар асоси шартномаи байнидавлатӣ сурат мегирад. Масъулони "Тоҷиксуғурта" мегӯянд, ки аз ҳисоби суғуртаи ҳатмии мошинҳои Узбекистон давоми соли ҷорӣ наздики 3 миллион сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст.

Сокинони ду кишвар бо шиносномаҳои хориҷӣ метавонанд, дар фурсати то 30 рӯз бидуни виза ва бо нақлиёти шахсӣ меҳмони якдигар шаванд.

XS
SM
MD
LG