Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳиён гуфт, дархости шуморе аз аъзои "Гурӯҳи 24" рад шуд


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дархости "Гурӯҳи 24" барои бозбинии парвандаашон рад карда шуд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 22-юми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ки "шуморе аз аъзои Гурӯҳи 24 аз додгоҳ хостанд, ки қарори қаблии додгоҳ дар бораи экстремистӣ дониста шудани ин гурӯҳ, бекор карда шавад. Аммо мо ташхис кардем, ки ин танҳо дархости чанд нафар аз аъзои "Гурӯҳи 24" будааст ва аъзои дигари он бо пахши баёния, изҳор доштанд, ки аз ҳадафҳои худ даст намекашанд. Ба ин далел, Додгоҳи олӣ қарор кард, ки тасмими қаблӣ бекор карда нашавад".

Ҳамчунин раиси Додгоҳи олӣ ба пурсиши Радиои Озодӣ, ки оё нисбати гурӯҳҳои ва ҳизбҳои дигаре, ки тундраву террористӣ дониста шудаанд, қарори додгоҳ тағйир меёбад ё на, Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, то ба ҳол ин гурӯҳҳо ва ҳизбҳо барои тағйир фаъолияти худ ҳеҷ иқдоме нишон надодаанд. Ба гуфтаи ӯ, гузашта аз ин, миқдори гурӯҳҳо ва ҳизбҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия ба маротиб камтар аст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 17 ҳизбу ҳаракат, равия ва созмон террористиву экстремистӣ эътироф шудаанд, ки дар миёни онҳо "Ал-Қоида", "Толибон", "Ансоруллоҳ", "Салафия", Ҳизби наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" ҳастанд. Ду гуруҳи ахир ин қарорро рад мекунанд.

Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон авоили соли ҷорӣ гуфтанд, ки аризаи чанд узви пешини "Гурӯҳи 24"-ро барои берун кардани он аз феҳрасти созмонҳои ифротӣ дастрас карданд.

"Гурӯҳи 24" моҳи октябри соли 2014 аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва экстремистӣ эълон шуд.

XS
SM
MD
LG